Хайру эҳсон аз амалҳои шоёни инсонист

№134(3435) 09.10.2015

Чанде пеш дар истироҳатгоҳи солимгардонии «20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, барои наврасони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт, инчунин ҳамсолони суғдии онҳо барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод шуд. Дар ин чорабинӣ муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ иштирок намуд.

 

Назира Ғаффорӣ дар ҳузури наврасони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт, ки пас аз хароб гаштани манзилҳои зисташон барои истироҳату таҳсил ба вилояти Суғд оварда шуда буданд, изҳор дошт, ки бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои истироҳату фароғати ин гурӯҳи наврасон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Вай афзуд, ки сокинони вилояти Суғд чун дигар минтақаҳои Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини вуқӯи офати табиӣ дар навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт худро ғамшарики онҳо мешуморанд ва баҳри кумак ба зарардидагони ин ҳодиса бо иҷрои амалҳои хайр иқдом мекунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 100 нафар навраси навоҳии бар асари офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд ҷалб намуд.

Назира Ғаффорӣ гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд наврасонро бо сару либос ва лавозимоти мактабӣ таъмин намуда, барояшон тамоми шароитро барои таҳсилу истироҳат муҳайё месозад.

Аз ҷониби Шӯрои уламои дини вилоят ба наврасони бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи ВМКБ ва минтақаи Рашт ба маблағи 54 ҳазор сомонӣ сару либос тақдим шуд. Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода — раиси Шӯрои уламои дини вилоят зимни суҳбат дар ин маҳфили фарҳангӣ таъкид намуд, ки хайру эҳсон ва дастгирии дармондагон аз амалҳои шоёни инсонист, ки дар меҳвари таълимоти дини мубини ислом қарор дорад. Аз ин ҷост, ки бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида кумакҳои зарурӣ расонида шуда истодааст ва ин оилаҳо пайваста таҳти ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ҳамзамон аз ҷониби ходимони дини вилоят дар ин шом барои наврасон дастурхон ороста шуд.

Сипас, аз ҷониби санъаткорон барои истироҳати хуши онҳо барномаи консертӣ манзур гардид. Наврасону ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт дар баробари ҳамсолонашон аз вилояти Суғд ба рақс баромада, дар фазои дӯстӣ ин шоми истироҳатии худро ба як лаҳзаи нотакрори фаромӯшношуданӣ табдил доданд.

Пас аз анҷоми маҳфили фарҳангӣ бо чанд тан аз устодон ва хонандагони ВМКБ ва ноҳияи Рашт суҳбат намуда, аз шароити истироҳаташон пурсон шудем.

Абдухалил Хоҷаев – муаллими муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, ноҳияи Рашт:Истиқбол ва пазироии хуби масъулони ин истироҳатгоҳ ва Раёсати маорифи вилояти Суғд моро рӯҳбаланду хушҳол намуд. Айни замон мо чор нафар омӯзгорон ва 51 нафар шогирдон дар истироҳатгоҳи солимгардонии «20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истироҳат карда истодаем. Тамоми шароит барои истироҳату таълим дар ин ҷо муҳайёст. Сипоси омӯзгорону шогирдонро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки маҳз бо дастур ва ибтикори ғамхоронаашон барои мо чунин шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Сорбон Амирбеков — хонандаи синфи даҳуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29, ноҳияи Рашт, сокини деҳаи Ҳалқарф: — Дар рӯзи нахустини ба ин истироҳатгоҳи солимгардонӣ расидан моро ҳамсолонамон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд, ки барои мо бисёр писанд ва муассир буд. Дар ин макони зебо барои мо чор вақт хӯроки гарм медиҳанд ва ҳамарӯза маҳфилҳои фарҳангиву адабӣ барпо менамоянд. Мо хушбахт ва хушҳолем, ки дар як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони азиз бо муҳаббат ва ғамхории самимии бародарона фаро гирифта шудаем.

Гулбарг Имматбандаева — муаллимаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23, ноҳияи Шуғнони ВМКБ: — Ман, қабл аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки аз оғози ҳодисаҳои табиӣ дар канори мардум буданд, изҳори сипос намоям. Инчунин арзи миннатдории худро ба масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мерасонам, ки барои мо чунин шароити хубро фароҳам сохта, барои боз ҳам хубтару беҳтар гузаштани истироҳату зиндагиамон саъю талош меварзанд. Ман дар чеҳраи шогирдонам, ки баъди рух додани офати табиӣ дар Шуғнон гирифтаву навмед менамуданд, дигарбора табассуми самимиву нури умедро ба фардои дурахшон мебинам ва фикр мекунам, ки хушбахтии устод ҳамин чеҳраҳои хандони шогирдон аст.

Қурбонбегим Чоршанбиева — хонандаи синфи даҳуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23, ноҳияи Шуғнон: — Ман хушбахтам, ки бо дӯстонам аз манотиқи гуногуни кишвар дар истироҳатгоҳи солимгардонии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истироҳат ва таҳсил менамоям. Дӯстони зиёде дар ин ҷо пайдо намудам ва ният дорам, ки баъдан онҳоро ба Шуғнон даъват намоям. Мехоҳам онҳо манзараҳои зебои кӯҳистони моро бубинанд ва бо урфу одат ва суннатҳои мардумии Бадахшон аз наздик шинос шаванд. Мо — наврасон хушбахтем, ки дар чунин як диёри биҳиштосое зиндагӣ мекунем ва мардумони хуби меҳмоннавозу меҳрубон дорем.

Қобили зикр аст, ки баробари истироҳату таълим барои наврасону ҷавонони ВМКБ ва ноҳияи Рашт барномаҳои саёҳатӣ низ ташкил карда шудааст. Онҳо  макону мавзеъҳои таърихии вилояти Суғд, ба монанди Қасри Арбоб, Осорхонаи вилоятӣ, Боғи Хоҷа Камолро тамошо намуда, таассуроти хубе бардоштаанд.

 Абдувосит САЛИМЗОДА,

«Садои мардум»