Иддаои беасоси Human Rights Watch

№25 (3505) 25.02.2016

Дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон мақолае ба чоп расидааст, ки дар он ду созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз Тоҷикистон талаб кардаанд, то маҳбусони сиёсиро озод намояд. Ҳамчунин, барои озодона фаъолият кардани ҳизби террористии мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва «Гурӯҳи 24» иҷозат диҳад.

Чунин талаб, на танҳо мудохилаи ошкоро ба сиёсати дохилии Тоҷикистон, балки як усули муносибати берӯёна нисбат ба сиёсати имрӯзаи кишвар ба ҳисоб меравад. Чанд моҳ қабл низ созмони Human Rights Watch изҳороте пахш намуда, дар он аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоста буд, ки аз тасмими бастани ҲНИТ даст бикашад. Вале бинобар сабаби даст доштани аъзои ин ҳизби террористӣ ба  тахрибкорӣ ва аз узвият даст кашидани теъдоди зиёди қисмати дигари аъзои он, фаъолияти ҳизби мазкур мамнӯъ ва худи он ҳизби террористӣ эълон шуд. Ҳол он ки Human Rights Watch ва Norwegian Helsinki Committee — ин ду ҷомеаи  ҳуқуқи башар бояд таҳқиқи амиқу холисона намуда, сипас назару андеша ва қарори ниҳоии  худро баён менамуданд. Аммо, дар ҳоле ки тамоми ҷаҳон имрӯз барои пешгирӣ аз ифротгаройи хушунатбор бо таъкид бар аҳамияти таваҷҷуҳ ба далелҳои аслии он   барнома таҳия мекунанд, ҷомеаи ҳуқуқи башар иқдомоти худро барои ривоҷ додани озодии дин ва муҳофизат аз он меафзояд ва тамоюли онҳо бештар ба муҳофизати аҳзоби динии ифротгаро ва зиндониёне, ки бо ҷурми террористӣ маҳбусанд, самт мегирад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар то ҳадде аз озодии дин ғайрикасбӣ таҳқиқот гузаронида, онро ҷонибдорӣ менамоянд, ки ахиран ҳатто худи Аврупо низ қурбонии чунин муҳофизати онҳо гардид. Воқеаҳои ногувори Париж гувоҳи онанд, ки террористон дар паси чунин чеҳраҳо ва ҷомеаҳои башардӯст паноҳгоҳи амн ёфта, дар ҳолати муносиб амалҳои зишти худро анҷом медиҳанд. Дар натиҷаи чунин саҳлангорӣ ҳомиёни ҳуқуқи башар, баръакс ба ҷои ҳимоя, боис ба нобудии башар хоҳанд шуд.

Бидуни ҳеҷ масъулияте, ин ҳомиёни ҳуқуқи башар имрӯз дар баробари рӯирост ба ҳам махлут кардани озодии дин ва экстремизми динӣ, ҳамчунин аз мухолифини кишварҳо, ки ба амалҳои террористӣ машғул буданд, ҳимоят мекунанд. Мусаллам аст, ки дар Тоҷикистон аксари зиндониёне, ки бо ҷурми сиёсӣ маҳбус шудаанд, дар асоси далелҳои кофӣ ва тибқи қонунҳои амалкунанда гунаҳкор дониста шудаанд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башари мазкур иддао доранд, ки гӯё ин гузоришро бар асоси мусоҳибаҳо бо 30 фаъоли сиёсии тоҷик анҷом додаанд, вале номи ҳеҷ кадоме аз онҳо гуфта намешавад. Гумони ғолиб ин аст, ки ин теъдод аз ду-се нафар зиёд нест. Дар ҳамин гузориш, ҳамчунин омадааст, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон танқидкунандагонашро дар хориҷ мерабояд ва онҳо баъдан дар зиндони Тоҷикистон пайдо мешаванд. Боз ҳам исми ягон нафаре дар ин маврид ёд нашудааст. Аз минбари баланд бо далелҳои беасос баромад кардан, далели заифу сохта будани ин гузориш аст.

Бояд мутазаккир шуд, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон на танҳо бо меъёрҳои дохилӣ, балки бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Бинобар ин, иддаои ин ду ҳомии ҳуқуқи башар беасос аст. Намояндагони ҳуқуқи байналмилалӣ танҳо дар он сурат бояд иддао дошта бошанд, ки агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ набошанд.

Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки рисолати ҳомиёни ҳуқуқи башар аз чӣ иборат аст? Аз ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ё дахолат ба сиёсати дохилии ин ё он кишвар?

Ҳар рӯз дар ҷаҳон чӣ қадар ҳуқуқҳои инсон поймол мегардад, хусусан, хушунати занҳо дар бештари кишварҳои ақибмонда рӯ ба афзоиш ниҳодааст, одамони бегуноҳ ба зиндон кашида мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, дар кишварҳои арабӣ инсонҳои бегуноҳ ба қатл мерасанд, вале ин ҳомиён хомӯшанд.  чаро?

Барои чӣ дар Тоҷикистон ҳар иқдоме, ки алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ анҷом меёбад, фавран ин ҳомиёни ҳуқуқи башар ба ҳимояи онҳо садо баланд мекунанд? Барои чӣ террорист ва ифротӣ будани ҲНИТ- ро эътироф кардан намехоҳанд? Шояд ин ҷо низ бо ишораи дасти хоҷагонашон нақш мебозида бошанд? Оё нолаҳои ғарбию шарқии Муҳиддин Кабирӣ — собиқ роҳбари ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ  дили масъулони ҳуқуқи башарро реш кардааст? Чунин суолҳо беинтиҳоянд. Номушаххасӣ дар ин самт бениҳоят зиёд аст, вале як чиз аён аст, ки иддаои ҳомиёни ҳуқуқи башар беасосу сохта ва фармоишист.

Фазлиддини МУРОД