15 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат ҳадафи асосӣ аз таъсиси шӯроро баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳими ҷомеа арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз соли 2000-ум дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда, ислоҳоти онҳоро оғоз намуд. Дар ин муддат вобаста ба ислоҳоти соҳаҳои зикршуда як қатор санадҳои дахлдор қабул гардида, аз ҳисоби буҷети давлат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои илм ва маориф тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Қабули «Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 — 2008» қадами аввалин ва ҷиддӣ дар роҳи омӯзиши илмҳои бунёдӣ гардид ва барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ роҳи васеъ кушод.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар асоси қабули барномаву санадҳо ва дар натиҷаи фароҳам овардани шароити зарурӣ дар марказҳои истеҳсоливу таълимӣ ҷавонон ба корҳои илмӣ бештар ҷалб гардида, завқи онҳо ба ихтироъкорӣ тавсеа ёфт.
Дастовардҳои солҳои охири олимони кишварро таҳлил намуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки пешравиҳои то ба ҳол ноилшудаи олимон дар муқоиса бо талаботи замон, алалхусус, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти кишвар, қонеъкунанда нестанд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Бо мақсади ислоҳи вазъ ва тақвият бахшидан ба неруи зеҳнии ҷомеа Ҳукумати мамлакат солҳои 2020 — 2040 — ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуда, инчунин, ҷиҳати амалисозии ин иқдом доир ба гузаронидани озмуни ҳарсолаи «Илм — фурӯғи маърифат» қарор қабул кард.
Ҳадафи асосӣ аз иқдомоти зикршуда ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалб намудани ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба шумор меравад.
Вобаста ба таъсиси Шабакаи телевизионии «Илм ва табиат», ки бо супориши бевоситаи Сарвари давлат ташкил ва ба фаъолият оғоз намуд, Президенти мамлакат бо итминон иброз доштанд, ки он барои тарғиби илму инноватсия, дастовардҳои соҳаи маориф, ташвиқи табиати зебои кишвар ва сарватҳои табиӣ, инчунин, амалӣ гардидани барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020 — 2040» саҳми арзишманд мегузорад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳама ибтикорот на танҳо ба такмили ҷиддии низоми идораи соҳа ва пайвастани илми ватанӣ бо истеҳсолот, балки дар маҷмӯъ, ба рушди минбаъдаи илм, маориф ва инноватсия дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
Баъдан, оид ба дастовардҳои илму инноватсия, пайвандии илму истеҳсолот президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, доктори илмҳои химия, директори Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икром, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ориф Амирзода, ходими илмии Маркази инноватсионӣ оид ба омӯзиши маводи табиии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фаррух Шарофов, сарходими илмии Институти химияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зайниддин Муҳиддинов ва дотсенти кафедраи «Ҳимояи релеӣ ва автоматика»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ Борбад Мирзозода баромад карданд.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар Рӯзи дониш аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуд.
www.president.tj