Қарор ва иҷрои он

Истироҳат оё ба талабот мувофиқ буд?

№126 (3111) 08.10.2013

Дар вилояти Суғд бобати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012 № 754 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2013» тадбирҳои муайян амалӣ гардид.

Бобати иҷрои қарори мазкур қарори дахлдори раиси вилояти Суғд   ба тасвиб расида, тибқи он ситоди вилоятии «Тобистон — 2013» таъсис ёфт.

Бино ба иттилои сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов, оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон нақша — чорабинии муштараки Федератсияи  иттифоқҳои касабаи вилоят, Раёсати маорифи вилоят, Маркази давлатии назорати санитарӣ – эпидемиологии вилоят, Раёсати хадамоти оташнишонии вилоят омода ва  амалӣ гардид.

Дар ин мавсим барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони ятиму бепарастор, қобилияти фавқулоддадошта  ва аз оилаҳои камбизоат аҳамияти хоса дода шуд.

Соли ҷорӣ  бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази солимгардонии кӯдакон ва наврасони «Шоҳин» ифтитоҳ ёфт, ки дар басти аввал 300 нафар кӯдакон ва наврасони ятим, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, Академияи хурди илмҳо ва ғолибони  озмунҳо аз тамоми ҷумҳурӣ ройгон истироҳат намуданд.

Инчунин дар Истироҳатгоҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавонони  ба номи 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, 120 нафар кӯдакону  наврасони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят (76800 сомонӣ) ройгон ба истироҳат ҷалб шуданд.

Соли ҷорӣ фаъолияти лагерҳои беруназшаҳрии Истироҳатгоҳи  кӯдакону наврасон ва ҷавонони ба номи 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, «Шоҳин»-и  шаҳри Қайроққум, «Сомониён»-и  Раёсати маорифи вилоят, «Суғд» -и Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи илм ва маориф, «Вохӯрӣ» — и  шуъбаи  маорифи  ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров, «Офтобак»-и  Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Химзавод»-и шаҳри Исфара, «Уқобак»-и  шуъбаи  маорифи  шаҳри Истиқлол назаррас буд.

Байни истироҳаткунандагон спартакиада аз рӯйи намудҳои варзиши футбол, волейбол, тенниси рӯйи миз, дастхобонӣ, шашка, шоҳмот, давидан ба масофаи 100 метр ва шиноварӣ баргузор гардида, ба ғолибони мусобиқаҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ 635 нафар кӯдакони ятим, қобилиятнок ва 405 нафар кӯдакони душвортарбия ройгон фаро гирифта шуда, бо онҳо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ  кор бурда шуд.

Дар вилояти Суғд соли ҷорӣ 19 лагери беруназшаҳрӣ, 628 лагери рӯзонаи мактабӣ ва майдончаҳои солимгардонӣ, ду лагери меҳнату истироҳатӣ, 49 лагери варзишӣ – беҳдоштӣ, 366 лагери фароғатӣ — таълимӣ барои хонандагони синфҳои 9-10 фаъолият бурда, дар онҳо 109080 нафар кӯдакону наврасон истироҳати бофароғат намуданд.

Мухтори Абдулло, «Садои мардум»