Кӯмаки хайрия ба зарардидагон

№1 (3147) 01.01.2014

Дар арафаи ҷашни Соли нав бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мактаби таҳсилоти ибтидоии № 80, воқеъ дар деҳаи Арбобдараи шаҳри Ваҳдат, ки аз зилзилаи чанде пеш рухдода зарар дида буд, чорабинии хотирмон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ба ҳамаи кормандону омӯзгорони ин мактаб (онҳо 24 нафаранд)  як халтагӣ орд, инчунин ба 156 нафар хонандагон,  ки дар синфҳои ибтидоӣ таҳсил мекунанд, туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Сипас, ҳаваскорони санъати дастаи ҳунарии «Нури Роғун» — и донишгоҳ базми шеъру суруд ташкил карданд. Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва ширкати фаъолонаи намояндагии омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гузашт.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»