Китобе, ки муҳимият ва махсусиятҳои фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯиро бозгӯйӣ намудааст

№103-104 (3404-3405) 01.08.2015

Китоби-ВазирИстиқлолияти сиёсӣ ва таъмини суботи комил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, алалхусус фаъолияти мақомоти қудратии кишвар ва бевосита дар таъсис ва такомули самти нави илми ҳуқуқ — фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз дар ин замина, мутахассисони соҳибтаҷрибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз субъектҳои асосии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба ҳисоб мераванд, тадқиқот гузаронида, оид ба такмили ин бахш мақолаю рисолаҳо ба табъ расониданд. Бинобар ин, дастовардҳое, ки ҳоло дар самти фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ вуҷуд доранд, ниҳоӣ набуда, заминаи асосӣ барои инкишоф шуда метавонад.

Ба  ин манзур, асарҳои мансуб ба фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ ва аз ҷумла тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» ба чоп расиданд. Аввали соли равон нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» аз ҷониби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳукуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ, генерал — лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба нашр расид.

Муаллиф тавонистааст аҳамият ва моҳияти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии замони навро дар ташаккул ва ривоҷи илми ҳуқуқшиносии тоҷик муайян намояд.

Дар ин замина, муаллиф хусусиятҳои хоси фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯиро аз замони қадим то ба имрӯз таҳқиқ ва дар ин самт усулҳои муосирро бо истифодаи меъёрҳои қонунӣ ва воситаҳои техникии ҳозиразамон нишон додааст.

Раҳимзода Рамазон Ҳамро чун мутахассиси соҳаи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ аввалин шуда, ақидаҳои илмии ин соҳаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намуда, дар таърихи илми ҳуқуқшиносии ватанӣ нахустин нафарест, ки соли 2005 дар Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ташкил ва тактикаи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар системаи кредитӣ — молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя намудааст.

Арзиши дигари илмии китоби «Фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ» он аст, ки Раҳимзода Рамазон Ҳамро тавонистааст, оид ба ҳам овардани назария ба амалия кори бузургеро ба анҷом расонад. Ин навгониро дар ташкили Низомномаи нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» метавон мушоҳида намуд. Бо нишони сарисинагии мазкур барои софдилона ва содиқона хизмат намудан, нишон додани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар кушодани ҷиноятҳои вазнин, ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардидан, инчунин барои ҷорӣ кардани навовариҳои илмию технологӣ дар фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ, сарфароз гардонида мешаванд.  Инчунин ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат, ки субъектони фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ мебошанд, ин нишон дода мешавад.

Нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» аз тарафи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида мешавад.

Муаллиф дар китоби худ ба масъалаи фарҳанги мухтасари истилоҳоти ҳуқуқӣ (оперативӣ — ҷустуҷӯӣ) таваҷҷуҳ намуда, оид ба асосҳои таърихии вожаҳои ҳуқуқӣ низ назари хешро баён кардааст. Муаррифии силсилаи адабиёти ҳуқуқии истифодагардида, ки шумораи онҳо беш аз 170 ададро ташкил медиҳад, ҷолиби диққат аст. Муаллиф роҷеъ ба хусусиятҳои муштараки асарҳое, ки дар ин замина дар Федератсияи Россия интишор шудаанд, низ назари хешро иброз кардааст.

Дар маросими муаррифии қисми сеюми китоби мавриди назар, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, олимон ба он баҳои баланд доданд. Ин китоби дарсӣ ҳамчун дастурамал барои курсантон, донишҷӯён, кормандони соҳа ва омӯзгорон пешниҳод шуда, намунаи ибрат ва дастгирист.

Дар фарҷом бори дигар таъкид намуданием, ки Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар рушди илми ҳуқуқи ватанӣ, таҳия ва таълифоти китобҳои дарсӣ, мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ барои донишҷӯён, олимону мутахассисони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ саҳми арзанда дорад. Ӯ муаллифи зиёда аз 80 асарҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва таълимӣ мебошад. Ба мавсуф дар фаъолияти минбаъдааш  комёбиҳо таманно дорем.

Файзалӣ ШАРИФЗОДА, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ, подполковники милитсия, Файзалӣ ҚОСИМОВ, сардори кафедраи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия