Комёбиҳо рӯ ба афзоишанд,-

№118 (3419) 04.09.2015

Сайдамирбо қаноатмандӣ изҳор медорад мудири бахши Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Эмомалӣ САЙДАМИРОВ

- Хоҳишмандам суҳбатамонро аз шарҳи муфассали муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии минтақа оғоз намоем.

- Айни ҳол дар ҳудуди минтақа 398 муассисаи таҳсилоти миёна, 86 муассисаи таҳсилоти асосӣ,  62 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, ҳафт литсей, 11 гимназия, 12 интернат, 28 кӯдакистон, нуҳ муассисаи таҳсилоти иловагӣ, ки дар маҷмӯъ 613 ададро ташкил мекунад, фаъолият менамоянд. Шумораи умумии омӯзгорон 14124 нафарро ташкил мекунад, ки аз ин ҳисоб 5870 нафари онҳо бонувонанд. Дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ 240392 нафар хонандагону тарбиятгирандагон ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд.

- Вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои намуди нав чӣ гуна мебошад?

- Дар боби мактабҳои намуди нав, яъне литсею гимназияҳо, гуфтаниҳои нек хеле бисёранд, зеро аксари дастовардҳои имрӯзаи муассисаҳои таълимии минтақаи мо, пеш аз ҳама, марбути ҳамин мактабҳоанд. Масалан, аз 26 медали тиллою нуқра ва биринҷие, ки хонандагони мо дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиб шуданд, 14 ададаш ё худ  60 фоизи он ба хонандагони литсею гимназияҳо тааллуқ доранд. Аз ҳашт медали тиллои олимпиадаи мазкур, ки намояндагони минтақаи мо ба он сазовор гаштанд, шаш адади он натиҷаи донишазхудкунии ҳамин хонандагонанд, ҳол он ки шумораи хонандагони ин  намуди мактабҳо ҳамагӣ 1-1,5 фоизи шумораи умумии хонандагони минтақаро ташкил мекунад.

 - Ин миқдор медалҳоро хонандагони кадом ноҳияҳои минтақа соҳиб гардиданд?

- Озмуну олимпиадаҳо дар навбати аввал шабеҳ ба оинаест, ки донишу малакаи  хонандагони ин ё он шаҳру ноҳия дар онҳо аккосӣ мегардад. Агар ин маъниро ба таври дигар, яъне сода карда гӯем, озмуну олимпиадаҳо ин нишон ва  ифодагари бебаҳси ранҷу заҳмати маорифчиёни ҳамон шаҳру ноҳияҳоеанд, ки шогирдонашон дар сабқати дониш ғолибу дастболо мешаванд. Медалҳоро хонандагони шаҳру ноҳияҳои зерин соҳиб шуданд: ноҳияи Данғара-11 адад, шаҳри Кӯлоб — панҷ, Ховалинг — се, Фархор — се, Муъминобод — ду, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — як ва Шӯрообод — як адад.  Яъне, хонандагони ноҳияи Данғараву шаҳри Кӯлоб нишондиҳандаҳои беҳтаринро соҳиб шудаанд. Аз ҳамон ҳашт медали тилло чор адади он ба хонандагони ноҳияи Данғара, ду адад ба хонандагони шаҳри Кӯлоб ва як ададӣ ба  хонандагони ноҳияҳои Ховалингу Фархор тааллуқ доранд.

- Чаро дар ин комёбӣ саҳми хонандагони ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик ва Балҷувон ба назар намерасад?

- Иштироки хонандагони ин ё он шаҳру ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, пеш аз ҳама, бозгӯйи сатҳи фаъолияти маорифчиёни ҳамон шаҳру ноҳияҳо маҳсуб меёбад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилоят ва роҳбарони ноҳияҳои ишоракардаатон вобаста ба дастовардҳои хонандагон дар озмуну олипиадаҳои ҷумҳуриявӣ натиҷагирӣ намуда, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Восеву Темурмаликро аз вазифа сабукдӯш намуданд.

Вазъи  рушди маориф ва  сифати дониш дар ҳама ҳолат, қабл аз ҳама ба фаъолияти  босамари кормандони соҳа ва муносибати дурусти  масъулони шаҳру ноҳияҳо вобаста аст. Қабл аз шурӯъи соли хониш дар шаҳру ноҳияҳо машварати августии омӯзгорон баргузор шуд ва ҳолати зикркардаи шумо мавриди гуфтугӯи ҷиддии омӯзгорону роҳбарони мактабҳо, мудирони нави шуъбаҳою масъулони ноҳияҳои номбурда қарор гирифт.

Зимни машварати августии омӯзгорони минтақа фаъолияти гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара ва литсейи рақами 1-уми шаҳри Кӯлоб, ки сарвариашонро омӯзгорони варзида Холназар Ҳукуматов ва Қурбоналӣ Сайдалиев ба уҳда доранд, ҳамчун барҷастатарин нишони намуна эътироф шуданд. Аксар мо ин роҳбаронро дар озмуну олимпиадаҳо ҳамеша паҳлуи шогирдону омӯзгорони хеш, дар ҳоли ташвиш мебинем. Арз кардан бамаврид аст, ки қисмати зиёди дастовардҳои хонандагони ноҳияҳои мазкур низ маҳз ба  фаъолияти ибратомӯзи ҳамин ду муассиса марбут аст.

- Хуб мебуд, агар аз омӯзгороне ёдрас мешудед, ки имрӯз дар миёни шогирдон ва сокинони маҳалли худ соҳиби иззату обрӯй гардидаанд.

- Боиси ифтихору қадршиносист, ки аз миёни омӯзгорони минтақа мо дар навбати аввал номи З.Убайдуллоев аз ноҳияи Данғара, И.Иззатуллоев аз шаҳри Кӯлоб, Ҷ.Бобоев аз ноҳияи Муъминобод, В. Тешаев аз ноҳияи Ховалинг ва С. Бобоев аз ноҳияи Шӯроободро бо хушнудию эҳтиром вирди забон меорем. Маҳз нақши ҳамин гуна омӯзгорон буд, ки мо ба дастовардҳои зиёд шарафёб гардидем. Дар маҷмӯъ, таҷрибаи пешқадами 18 нафар омӯзгоронамон дар сатҳи вилояту ҷумҳурӣ мавриди омӯзишу пайравӣ қарор дорад.

- Фаъолияти омӯзгорони ҷавон дар кадом вазъ аст?

- Мактабҳои минтақа дар соли хониши сипарӣ ниёз ба 216 нафар кадрҳои омӯзгорӣ доштанд. Дар ин давра аз 652 нафар мутахассисони ҷавон, ки бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои мо фиристода шуданд, 527 нафарашон ба ҷойҳои кори таъиншуда ҳозир гардиданд. Тӯли як соли охир 821 нафар омӯзгорони ҷавон аз имтиёзҳои худ, ба амсоли  гирифтани қарзҳои имтиёзнок,  замини наздиҳавлигӣ бархӯрдор шуданд. Далели мазкур хеле фараҳовар аст ва ин раванд минбаъд низ идома меёбад. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки шумораи омӯзгорони ҷавон дар ҳоли афзоиш мебошад.

- Оё дар минтақа мактабҳои садамавӣ боқӣ мондаанд?

- Хушбахтона, солҳои охир тавассути дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, як қабил ташкилотҳои байналмилалӣ ва соҳибкорони маорифпарвар шумораи муассисаҳои куҳнаву фарсуда ва ё худ садамавӣ хеле коҳиш ёфт. Аслан ин гуна мактабҳо бештар ба ноҳияҳои қисмати кӯҳистони минтақа тааллуқ доранд. Масалан, аз 28 адади ин гуна муассиса 20 адади онҳо ба ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон ва Муъминободу Шӯрообод мансубанд. Маорифчиёни баъзе ноҳияҳо ба хотири аз даст надодани вақт азм кардаанд, ки  ин мушкилотро бо кумаки сарварони ноҳияҳои худ бартараф намоянд. Соли 2014 машварати августии муаллимони ноҳияи Восеъ бо ташаббуси раиси он Мӯсо Ғафурзода дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии садамавии рақами 42-юми деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов баргузор гардид. Иштирокчиёни машварат ба хулоса омаданд, ки мушкилоти мактаби мазкурро бо қувваи худ бартараф намоянд ва ҳамин тавр ҳам шуд.

- Хонандагон таътили тобистонаро чӣ тавр гузарониданд?

- Дар давоми таътил дар истироҳатгоҳҳои дохили мактабию берунии он дар ду баст 67094 нафар хонандагон ба фароғат фаро гирифта шуданд, ки 2944 нафари онҳо илова ба нақшаи пешбинишудаи мо мебошад. Дар ин давра фаъолияти истироҳатгоҳҳои «Истиқлол» ва «Шарора»-и ноҳияи Муъминобод хеле фаъол ва ибратбахш буд.

Мусоҳиб Т. ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»