Литсей — интернатҳои тоҷикию туркӣ ба «Литсейҳо барои хонандагони болаёқат» табдил дода шуданд

№106 (3407) 08.08.2015

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор қабул кард, ки   литсей-интернатҳои  муштараки тоҷикию туркӣ  ба муассисаҳои давлатии  таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» табдил дода шаванд.

Дар ин  асос муассисаҳои таълимии «Литсей -интернати  муштараки тоҷикию туркии ба номи Ҳоҷи Камоли шаҳри Душанбе», «Литсей -интернати  муштараки тоҷикӣ -туркии иқтисодии Душанбе», литсей -интернатҳои  муштараки тоҷикию туркии  шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб ва ба номи Ҷалолиддин Румии шаҳри Қӯрғонтеппа бо нигоҳ доштани иншооти  мавҷуда, воҳидҳои  кории амалкунанда ва бо тартиби худмаблағгузорӣ мутаносибан ба муассисаҳои давлатии  таълимии (МДТ) «Литсей барои хонандагони  болаёқат» дар шаҳри Душанбе, «Литсей барои хонандагони  болаёқат бо равияи  иқтисодӣ» дар шаҳри Душанбе, «Литсей барои хонандагони  болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд, «Литсей барои хонандагони  болаёқат» дар шаҳри Турсунзода, «Литсей барои хонандагони  болаёқат» дар шаҳри  Қӯрғонтеппа, «Литсей барои хонандагони  болаёқат»  дар шаҳри Кӯлоб табдил дода мешаванд.

Дар асоси банди дуюми Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ тартиби муқарраргардидаи масъалаҳои ташкилию  ҳуқуқии муассисаҳои дар боло зикршударо ҳал намояд.

Инчунин Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани биною иншоот  ва дигар амволи муассисаҳои  зикршударо таъмин месозанд.

Тибқи банди охирини қарори мазкур Қарори Шӯрои Вазирони  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 1994 аз эътибор соқит дониста мешавад.

АМИТ «Ховар»