Марги муаллима бо дидани ҷасади шогирд

№60 (3697) 30.05.2017

йѓуМуаллима Татяна Кокорева шогирдаш Петяро дар хун оғушта дарёфта, ҳамон замон ҷон дод. Аз дидани ин манзараи риққатовар дили пурмеҳри муаллима, ки ба шогирдаш бинобар фаъолу зиндадил будан сахт меҳр баста буд, тоб наовард. Устоду шогирдро аҳли деҳ паҳлуи ҳам ба хок супурданд. 

Фоҷиаи мазкур се сол муқаддам, 3 октябр дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Грязнски вилояти Липетск ба вуқӯъ пайваст.

Падарандари майзада писари ӯгайи нуҳсолаи худро барои он корд зад,  ки бо мақсади тайёр намудани вазифаи хонагӣ, бо овози баланд шеър қироат мекард.

Оилаи Семёновҳо аз оилаҳои бебарор ба шумор мерафт. Модари хонадон, аз рӯи гуфти ҳамдеҳагон, «арақро, мисле ки асп об менӯшад, дам мекашид». Нақл мекунанд, ки дар рӯзи фоҷиа ҳам ӯ дар ҳолати мастӣ қарор дошт. Шавҳараш ҳамроҳи ҳамқадаҳи майзадае дар хуҷраи дигар машғули шаробнӯшӣ буданд. Маҳз ҳамон субҳ Петя Семенов, хонандаи синфи чор бо хушҳолӣ вориди ҳуҷраи «улфатҳо» гардида, мужда расонданӣ буд, ки аз фанни адабиёт барои қироати шеър баҳои чор гирифтааст…

Дарвоқеъ, ҳамдеҳагон нақл мекунанд, ки бар хилофи модару падарандари бадмаст ва шароити бади зиндагӣ, Петя бачаи боодоб буду ба хондан шавқу ҳаваси беандозаи зиёд дошт. Баҳои хуби гирифта, писаракро ончунон хушнуд гардонида буд, ки мехост ҳар чӣ бештар шеър аз ёд намуда, модарашро хурсанд намояд. Мутаассифона, барои модар ва ҳамхобаи ӯ нақшаю хурсандиҳои писарбача аҳамият надошт. Фикру зикри онҳо ба нӯшидан банд буду халос. Аз истеъмоли зиёди арақ, ки одати бади бисёр занону мардон дар Россия гардидааст, онҳо табиати инсонии худро гум карданд, гӯем ҳам хато намешавад. Петя бехабар аз оқибати кор, ҳамоно баланд – баланд аз ёд кардани шеърҳои Пушкинро идома медод. Ин кор ба марди асабҳояш хароб нафорид ва ба сари ӯ дод зад, ки бас кунад. Вале Петя бо якравии хоси аксар кӯдакон шеърхониашро давом додан гирифт. Падари ӯгайи 36 – солаи бадҷаҳл ба хашм омад ва кордро бардошта, ба ҳуҷум гузашт. Ба Петя имкон даст дод, ки халос хӯрда, берун гурезад. Эй кош, то охир гурехта метавонист ё  ягон одаме пайдо мешуду пеши роҳи қотилро мегирифт. Падари ӯгайи сархуш корд дар даст ӯро думболагир шуд. Баробари ба писарак расидан, девонавор бо корд ба гарданаш зарбаи ҷонкоҳ зад.

Аҷобати корро бинед, ки модаре, ки синаи раҳмаш меноманд, ба ҷои наҷоти писарчаи дар пеши чашмаш кушташуда, тасмими аз байн бурдани изи ҷинояти  қотили писарчаашро дошт. Ҳатто лаҳзаҳои аввали ҷонканӣ ва ба хун ғарқ шудани писарча шафқати ӯро бедор накард. Бо қотили писар хостанд, ки ҷасади хунолуди ӯро дар хона пинҳон кунанд. Вале чун диданд, ки ин корашон бинобар аз фоҷиа хабардор ва ба ҷои ҳодиса омадани сокинони кӯчаи Набережний беҳуда аст,  модари сангдили сархуш, айёрона ба  назди одамон давида, ба «Ёрии таъҷилӣ» ва милитсия хабар доданро илтиҷо менамуд. Ҳоло он ки дигар ба Петя на духтурон ва на милиса кумак карда наметавонистанд.

Барои муаллима Татяна Василевна Петя баробари фарзанд буд. Ӯ аз аввалинҳо шуда, аз ин хабари мудҳиш огоҳӣ ёфт ва ашкрезон ҷониби хонаи шогирд тохт. Шогирди дар хоку хун оғӯштаашро дида, дили бузурги муаллима тоб наовард ва оҳе кашида, болои ҷасади ӯ ҷон дод. Устоду шогирд паҳлуи ҳам болои замин мехобиданд.

Татяна Василевна се фарзандро тарбия мекард, вале бачаҳои оилаҳои волидайнашон бадахлоқу раҳгумзадаро фаромӯш намекард. Ин зани меҳрубон Петя Семенови беш вақт гуруснаро сер мекард. Муаллима ҳатто аз ҳисоби худ ба Петя сарулибоси мактабӣ ва дигар ашёи барои таҳсил заруриро мехарид.

- Куштори ваҳшиёнаи Петяро муаллима чун марги писари худ қабул кард, — мегӯяд сарвари мактаб Лариса Соколских. — Татяна шахсе буд, ки ҳама чизро ба дил наздик мегирифт. Бинобар ин, дилаш бардошт накарду оламро бо дили пур аз андуҳу нафрат нисбат ба ваҳшиёни одамшакл падруд гуфт.

Дар маросими видоъ бо онҳо дар назди мактаб аз хурд то калони деҳа ҷамъ омаданд. Одаме ёфт намешуд, ки дар азои онҳо ашк нарезад. Модари бадбахти Петя ҳам омад. Ҳамдеҳагон кӯшиш намуданд, ки он рӯз ба ӯ сухани дуруште нагӯянд, агарчӣ тарафаш бо нафрат менигарис­танд. Аммо баъдтар ҳамсояҳо инони сабр аз даст доданд. Хашму нафрати зиёд ба он боис гардид, ки модари Петя то қабристон нарафт ва мушти хоке ба гӯри фарзанд напартофт. Ӯ хоҳ аз ғам бошад, хоҳ аз таъсири арақ, ки дар ҳолати бехудӣ қарор дошт.

Ҳамсояҳо ва хешовандони оила на як бору ду бор таъкид доштанд, ки бачаҳоро аз дасти модари бадахлоқ бигиранд. Бибии Петя чанд маротиба ба сохторҳои қудратӣ ариза дод, ки духтари ӯро аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум созанд. Вале масъулон, чанд дафъа ба модари Петя фурсати ислоҳ шуданро доданд, аммо…

Дарвоқеъ, ин модари бадбахт боз як писарчаи дигари 12-сола бо номи Саша дорад, ки бо модар зиндагӣ мекунад…

Таҳияи Мирзо НУРАЛИЕВ,

«Садои мардум»