Мавсими нави театрӣ оғоз ёфт

№126 (3427) 21.09.2015

Инак, дар ҷумҳурӣ мавсими нави театрӣ оғоз ёфт. Яке аз аввалинҳо шуда, Муассисаи давлатии «Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак» 10 сентябри соли ҷорӣ мавсими имсолаи худро бо намоишномаи «Гном Бом» (асари В. Шедрин таҳияи И. Сафаров, оҳангсоз А. Мӯсо) оғоз намуд.

Дар кушодашавии мавсими театрӣ тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо, наврасон, хонандагони синфҳои ибтидоии  пойтахт ва волидайн иштирок намуда, намоишномаро тамошо карданд.

Ба тамошобинони  хурдсол махсусан бозии Бом-гноми хурдсол – Г.Сайдалиева, Гном мӯйсафед — Ҳ. Салимов, ку-ку – М. Шарипов, Харгӯш – С. Ашӯров, Гург – И. Бухориев, Алошақшақа – Г. Одинаева, Санҷоб – З. Муродова ва Санҷоби азимҷусса  — Д. Шеров хеле писанд омад.

Мақсад аз таҳияи намоишнома аз он иборат аст, ки дӯстони хурдсоли мо побанду фирефтаи орзуву ҳавасҳои  беасос нагашта, барои ба мақсад расидан, ба ақл ва заковату дониши худ такя намоянд.

Бояд қайд кард, ки мавсими нави Театри лӯхтак ба 30 — солагии он мувофиқ омад. Ҳайати эҷодии театр ният доранд, ки барои тамошобинони калонсол намоишномаи «Кист гунаҳкор?»-ро дар таҳияи И. Сафаров пешкаш гардонанд.

Бо истифода аз фурсат 30 –солагии Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтакро ба ҳайати эҷодии он муборакбод гуфта, ба эшон комёбиҳои нави эҷодӣ орзу мекунем.

 Т. Фаррухпай,

 «Садои мардум»