Муҳофизи манфиатҳои миллӣ

№45 (3839) 12.04.2018

Чанде пеш нашриёти «Ирфон» китоби сиёсатшинос, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафар Сайфулло Саъдуллозода — «Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма»-ро ба табъ расонд. Дар он мусоҳибаҳои телефонӣ ва матбуотию телевизионии олими варзида бо рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ дар солҳои 2003-2011 гирд оварда шудаанд.

Ба он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, доктори илмҳои таърих Худобердӣ Холиқназар пешгуфтор навиштааст.

Сафар Сайфулло аз соҳибназарони мактаби назариявии миллатсозӣ ва давлатсозии кишвар буда, даҳҳо ҷавони лаёқатманд таҳти роҳбариаш дар мавзӯъҳои ҳимояи манфиатҳои миллӣ, мубориза бо экстремизм, тундгароӣ ва ғайра  рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд.

Китоб аз панҷ қисмат иборат буда, дар он оид ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ, самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ, миллатсозӣ, озодии виҷдон, сатҳи фасод низ андешаҳои асос­нок иброз гардидаанд.

Маҷмӯа барои сиёсатшиносону таҳлилгарон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Манучеҳр  РАСУЛОВ,

коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон