Муаммоҳои «исломи ноб»

№75-76 (3060-3061) 21.06.2013

Нависандаи франсуз А.Ливерол оид ба сиёсат як нуктаи муҳимро бисёр зарифона баён намудааст: «Сиёсат ба анқои (сфинкси) афсонавӣ монанд аст: вай ҳар киро, ки муаммоҳои онро кушода натавонад, фурӯ мебарад».

Банда бошиддат «исломисозии» сиёсат ва «сиёсисозии» ислом дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии баъзе кишварҳои исломӣ ва дар ростои «баҳори арабӣ» тавсиа ёфтани низоъи «исломи ноб» бо дунявиятро дар низомҳои сиёсии онҳо ва зоҳиран бар хилофи мантиқи либералии худ-дастгирии Ғарб аз чунин андеша ва амалияи усулгаройии динӣ-сиёсиро дар олами муосири исломӣ аз ҷумлаи муаммоҳои алоқаи ислом бо сиёсат ва сабаби «фитнаи абадӣ» ва буҳрони диёнатҳою ҳувиятҳо дар дор-ул-ислом меҳисобам.

Дар ҳаёти сиёсии Ватани азизамон низ чунин андешаҳои ифротӣ, аз ҷумла дар шакли назарияҳои воридотии «исломи ноб» ба гурӯҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, беш аз пеш ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва алалхусус фирқаи «Оғои» Тӯраҷонзода ва шаклҳои гуногуни равияи салафигаройӣ ҳамчун ниҳодҳои заминасози фитнаҳои нави сиёсӣ-мазҳабӣ дар Тоҷикистон ва буҳрони геополитикӣ-диёнатӣ дар Осиёи Марказӣ хос мебошанд.

Ҳатто баъзе «сиёсатмадорони»          навзуҳур, ба монанди «оғозода» Абдуқаюми Қаюмзод, барои худ дари сиёсатро бо калиди «наҳзатиҳо» ва фирқаи «Оғои» Тӯраҷонзода  кушоданӣ шуда, амри даъват ба андешаи як будани ислом бо сиёсатро василаи чеҳрасозии худ қарор додаанд. Масалан, Абдуқаюми Қаюмзод ба ин мақсад андешаи «ислом … ҳамвора ҳамроҳ (?-М.Д.) бо сиёсат будааст»-ро шиор қарор дода, дар ин асос тарғибан ва ташвиқан хулоса баровардааст, ки ҳар «сиёсате, ки дар сояи ислом ҳукумат кардааст…, ба қавли ӯ,  оромиши бештар доштааст». Аввал ин ки сиёсат ҳукумат намекунад, балки ҳукумат сиёсат мекунад. Дуввум ин ки дар ҳукми шумо нисбат ба  оромиши бештари сиёсатҳо «дар сояи ислом» (аз лиҳози сиёсӣ, ин ибора низ номафҳум аст) ҳам таърихан ва ҳам муосиран, ҷойи баҳсҳои зиёд вуҷуд дорад. Ҳадди ақал ба мақсади сабақу ибрат гирифтан варақ задани саҳифаҳои сиёсии таърихи ислом, хосатан таҳлили интиқодии он, кори савоб хоҳад буд, зеро ягон таърих, ҳатто таърихи сиёсии уммати исломӣ, хосатан дар назди илм ва дин, муқаддас нест ва зимнан аз назари худи сиёсат ва дин  низ, он масун ва маҳфуз аз хато намебошад. Бинобар ин, «оғозодаи муҳтарам», амре ки шумо ба он даст задаед, беш аз бозиҳои навбатӣ бо дини ислом чизи дигаре нест. «Оғозода», бо чунин андешаҳои хому содда, мубҳаму норавшан ба арсаи сиёсат ё саҳнаи андешаи сиёсӣ қадам гузоштан хатарнок аст.

Ҳоло зимнан таъкид мекунам, ки усулан маҳз андешаи як  набудани ислом бо сиёсат (бахусус муосиран),  ҳатто дар доираи асли дунявият, зарурати ҳаётӣ дорад. Зиёда аз он, ба назари банда, агар ислом ҷавҳаран дурусттар хонда шавад, андешаи дунявият дар доираи раҳмат-ул-оммаи Худованд маншаи динӣ – исломӣ пайдо намуда, зимнан машруъиятро низ доро мегардад, зеро андешаи дунявият бо ҷавҳари одамият як мебошад. Аз ин ҷиҳат, онро ба ботин ва моҳияти дин, алалхусус дини мубини ислом набояд бегона шуморид. Моҳиятан асли ҷудоии дин аз сиёсатро (бо мафҳумҳои ҳақиқии калимаҳо) бояд натиҷаи рушди фарҳангӣ ва сиёсии ҳаёти башарӣ донист. Аз ин рӯ, асли дунявият дар ҷомеа барои ҳифзи манофеи умумии одамон   решаҳои амиқ дорад. Барои баёни равшантари масъала як мисоли ҳаётӣ оварданиам. Масалан, ду табибро мегирем: яке диндор ва дигар бедин (ё кофир). Агар, фаразан, табиби кофир аз назари касбӣ, савод, тахассус лаёқатмандии бештар дошта бошад. Савол: Бемор барои илоҷи дард ва ҳифзи ҳаёти худ ба кадоме аз ин табибҳо муроҷиат мекунад? Ҳар кас холисан лиллоҳ ҷавоб гӯяд. Албатта, диндор ҳам метавонад табиби хубтар бошад. Аммо гап дар сари асл (принсип) аст. Иловатан, ҳодисаи бо амри Паёмбар (с) муроҷиат кардани саҳобии машҳур Саъд бинни Аби Ваққос барои муолиҷа гирифтан ба табиби кофир Ал-Ҳорис бинни Каладати ас-Сақафӣ ва табобат ёфтан бо дасти ӯ қобили тазаккур ва намунаи эҳтиром ва бузургдошти исолати умумиинсонии фарҳанги дунявият аст.

Дар ин робита ҳадиси Паёмбари Худо (с)  дар ривояти Абдулло ибн Масъуд, ки мазмунан чунин омадааст, низ мефармояд: « Дар вақти сафар бо Паёмбари худо (с) аз назди дарахте гузаштем. Дар ин миён Паёмбар (с) барои коре канор рафтанд. Ин ҳангом болои дарахт дар лона паррандаи «ал-ҳумар» бо ду чӯҷааш нишаста буд. Мо он ду чӯҷаи паррандаро гирифтем. Аз ин кори мо парранда ҳаросон ба парвоз даромад ва барои имдод хостан садо баланд мекард. Лаҳзае Паёмбар (с) баргаштанд ва ин ҳодисаро дида, бо ҳайрат пурсиданд, кӣ бар сари ин парранда фоҷеа оварда бошад? Ӯро (с) мо аз асли воқеа воқиф сохтем. Паёмбар (с) амр карданд, ки чӯҷаҳоро ба модарашон баргардонем. Вақте ки чӯҷаҳоро ба модарашон баргардондем, Паёмбар (с) ором шуданд ва гуфтанд: ба Худо савганд ва боз ҳам савганд, Парвардигор ба халқи худ аз ин парранда нисбат ба чӯҷаҳояш бораҳмтару меҳрубонтар аст». (Кит. Ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, ҷ.6.,с.189 ва ривоятҳои дигар тибқи сарчашмаҳо).

Ин ҳадиси муборак таваҷҷуҳро ба он ҷалб менамояд, ки одамон, аз назари раҳмат-ул-оммаи (умумии) Худо, чун офаридаи ӯ, хосатан аз лиҳози сиёсӣ, ҳама баробаранд. Тибқи Қуръони Карим, Худованд мефармояд, ки «раҳматам ҳама чизро фарогир аст» (7:15): яъне аз ҷумла кофиру муъминро ба мисли нури офтоб як хел дар бар мегирад. Аз назари Қуръони Карим, раҳмат-ул-л-оммаи Худованд то рӯзи қиёмат бо дари боз боқӣ мебошад (40:7,6:12)

Ба ибораи дигар, Парвардигори Раҳмон дар ин дунё ба ҳеҷ ваҷҳ байни бандагони худ, ҳатто кофиру муъмин, аз лиҳози офариниш (64:12), ҳаёту мамот бахшидан(40:68), ризқу рӯзӣ (42:19; 2:212), қудрати салтанат (3:26;6:123), ҳидоят кардан (20:50) ва ҳикмату фазл бахшидан (3:173) фарқ намегузорад. Чаро? Пеш аз ҳама барои Худованди офаридгору рӯзибахшанда бақову нумуи ҷомеаи инсонӣ арзиши олӣ мебошад ва дар ин маврид раҳмат-ул-оммаи Субҳонаҳу таъоло аз куфру имон болотар аст. Тавре мебинем, Худованд масъалаи имонро ба хилқат, офарида шудан, ризқу рӯзӣ ёфтан, касб намудан, соҳиби қудрату салтанат шудан марбут насохтааст. Ва аз лиҳози бандагӣ, ҳама дар назди Ӯ баробаранд(19:93) ва ҳақ доранд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти дунё баробар ширкат намоянд. Масалан, ширкат дар иқтисод ё сиёсат ба асли диндорӣ ё мансубияти динӣ тобеъ нест. Парвардигор ҳатто кофиронро ба андозаи саъю кӯшиш ҷиҳати касби қудрату салтанат бенасиб нагардонидааст (6:129). Дар гузашта ва имрӯз ҷараёни рушди сиёсат, иқтисод, илму фарҳанг дар, ба истилоҳи исломӣ, дор-ул-куфр далели исботи раҳмати васеи Худованд аст. Ҳатто имрӯзҳо мо шоҳидем, ки Ғарб барои худ давлатдории хубро ба роҳ мондааст ва аз ин ҷиҳат бар дигарон бартарӣ дошта, дар баъзе мавридҳо ҳатто барои мусулмонон намуна ҳам қарор гирифтааст.

Илова бар ин, Қуръони Карим  ҳақиқат ва волоияти шараф ва каромати инсонро аз ҳама олӣ мешуморад: «Ба ростӣ, мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем» (17:70). Аз ин нуқтаи назар, дар байни уламо ва фуқаҳои исломӣ низ баҳс нест. Муколамаи дин ва давлат дар мавриди дунявият метавонад аз раҳмат-ул-оммаи Худованд, хосатан аз шараф ва каромати худододи инсон, оғоз гардад ва барои ҳар ду ҷониб майдони ҳамкорӣ муайян карда шавад. Ҳадиси мубораки фавқуззикр низ ба баробарии сиёсии одамон, сарфи назар аз мансубияти динӣ, далолат мекунад.

Шарҳи масъала, аз дидгоҳи банда, чунин аст. Аз рӯйи мабдаъ, дар сиёсат, тавре ки зикр намудем, «карим»(гиромиқадр) будани инсон, шарафу эътибори умумии (яъне сиёсии) он, масъалаи усулист ва тавре ки буд, ҳамон тавр боқӣ хоҳад монд ва набояд боиси эҷоди ягон хел мушкилиҳо гардад.

Дар дин, ба мафҳуми махсуси калима, масъалаи мазкур ба самти ахлоқӣ инкишоф ёфта, хусусияти ҷудогонаро пайдо мекунад. Усулан дин ба ин масъала аз бӯъди андешаи охират нигоҳ мекунад ва аз ин ҷиҳат муносибати одамон дар робита бо дин ва диндорӣ характери хусусӣ мегирад. Аз ин манзур, дар дин роҷеъ ба масъалаи инсон андешаи хоси «акрамукум» пайдо мешавад ва он бо андешаи «атқокум» пайванд мехӯрад. Дар ин замина роҳҳои дину сиёсат аз ҳамдигар ҷавҳаран ҷудо шуда, мақсадҳои ниҳойии ҳар ду низ тағйир меёбанд. Дар дин, масалан, арзиш ва мақсади ниҳойӣ ҳаёти охират дониста мешавад. Вазифаҳои дин ба шаън-ул-хос марбут мегардад ва диндории одамон ба фазлу раҳмати хоси Парвардигор тобеъ мегардад. Хуллас, диёнату диндорӣ дар назди Худованди карим низ, бинобар ғанӣ бизотиҳи будани Ӯ, амри хусусӣ аст.

Кор ва вазифаҳои асосии сиёсат дар доираи шаън-ул-ъом боқӣ мемонад. Ҳузури диёнат ва диндорӣ, аз назари сиёсат, усулан амри хусусӣ гашта, алоқаи он бо сиёсат ба мисли алоқаи ахлоқ бо сиёсат мешавад. Ҳузури диндорӣ ё иштироки диндорон дар давлат низ танҳо ахлоқан ва маънаван дар шакли ҳузури диндории хусусӣ сурат гирифта, диндорӣ ё мансубияти динӣ, хосатан аз лиҳози сохторӣ, бинобар зарурати риояи баробарии умумиинсонӣ, иштироки ҳамагонӣ дар ҳаёти якҷоя (яъне сиёсат) ҳамчун асл ва меъёри ягона дар доираи  давлатдорӣ ва асли шаҳрвандӣ ба амри сирф хусусӣ табдил меёбад.

Аз ин рӯ, муносибати мутақобили дини мубини ислом  бо сиёсат низ, сарфи назар аз хусусиятҳои таърихии он, дар масири ҳаёти сиёсии уммати исломӣ аз ин қоидаи умумӣ берун набаромадааст. Бинобар ин, ҷиҳати сабақ гирифтан тааммули мусулмонон дар робитаи андешаи «исломи ноб» бо гузаштаи сиёсии уммати исломӣ, аз ҷумла бо оқибатҳои ҳодисаи ибратомӯзи «Сақифа» баъд аз вафоти Паёмбари ислом (с), хосатан, тибқи сарчашмаҳои таърихии Аҳли суннат ва ҷамоат, низоъҳои саҳобагон (р) барои хилофат (ҳокимият) ва сарманшаи тафриқаҳои сиёсӣ-мазҳабӣ дар гузашта ва геополитикӣ – идеологӣ қарор гирифтани онҳо дар замони муосир аз фоида холӣ нахоҳад буд. Худои таъоло дар ин бобат дар Қуръони Маҷид тамоми мусулмононро ҳушдор додааст: «Аз мушрикон мабошед (31), аз касоне,ки дини худро пора-пора кардаанд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар ҳизбе, бад-он чи пеши онҳост, дилхуш шуданд» (30:32). Ба ибораи дигар, андешаи худро дар дин ва диндории худро ҳаққу пок ҳисобидан ва дар ин асос таҳаззуб (ҳизбгаройӣ) ва таассуб варзидан, дигаронро бар ботил қарор додан, диндории онҳоро ноҳақу нопок ҳисобидан ва бо онҳо мунобазат (ситезаҷӯйӣ) намудан, мубориза бурдан айни ширк мебошад. Чунин ширк самараи бевоситаи пайванд гаштани дин бо сиёсат аст.

 

«Исломи ноб» ҳамчун фирқаи ноҷия

Як масали бисёр хуби арабӣ ҳаст, ки иқтибоси он, ба назари банда, барои равшан сохтани матлаби ин мақола аз фоида холӣ нест. Арабҳо мегӯянд: «ал-мустаҷиру мин-ар-рамзо би-н-нор», яъне монанд шудан ба «касе, ки аз гармо ба оташ паноҳ мебарад». Ман чӣ гуфтаниям? Гап дар сари он аст, ки як қисми давлатҳо, хосатан давлатҳои пешрафтаи Ғарб, аз лиҳози талаботи наҳзати иқтисодии худ, бар ҳар ваҷҳе набошад, барои халқҳои  мусулмон асрҳо боз хатари бузург шудаанд. Онҳо барои мақсадҳои истеъмории худ кишварҳои исломиро, агар маҷозан гӯем, дар гармои шадиди тоқатфарсои истеъморӣ қарор додаанд. Мутаассифона, мардуми мусулмон, пешвоён ва умуман муддаъиёни исломи сиёсӣ, ба чунин «гармо» вокуниши муносиб нишон надода истодаанд. Баръакс, бо иғво ва дастгирии молиявӣ ва сиёсии худи давлатҳои истеъморӣ маҳз ҳамон андешаи «исломи ноб» ҳамчун фитнаи таърихии уммати исломӣ аз нав эҳё гардонида, он дар шакли низоъҳои фирқавӣ-этникӣ ва ҳизбӣ-диёнатӣ ва такфири ҳамдигарии ҳизбу ҳаракатҳо ва давлатҳои исломӣ ба аслиҳаи қатли оми мусулмонон табдил дода шудааст. Андешаи «исломи ноб» ҳамон оташи динсӯзу хонумонсӯзест, ки давлатҳои истеъморӣ бо кӯмаки дастандаркорони исломгаройи худ дар дор-ул-ислом афрӯхта истодаанд. Бинобар ин, гурези мардуми мусулмон аз чунин гармо, яъне «билистилоҳ» аз гармои истеъморӣ ва рӯ овардан ба «исломи ноби такфирӣ»  маънои рӯ овардан ба оташи ҷанги дохилӣ, яъне паноҳ бурдан ба оташро дорад.

Ин масал барои мардуми шарифи Тоҷикистон низ бе ҳикмат нест, зеро дар ибтидои даврони истиқлолият рӯй гардонидани баъзе гурӯҳҳои аҳолӣ дар кишвар аз «гармои коммунистӣ» ва рӯй овардани онҳо ба оташи «исломи ноби  наҳзатӣ» ҳақиқат доштани ҳамин масалро  яқинан тасдиқ менамояд.

Дар замони Паёмбари ислом (с) андешаи «исломи ноб» («ноб» ба маънои пок) ҳамчун масъалаи дохилиисломӣ, масъалаи динию диндории уммати муҳаммадӣ (с) вуҷуд надошт. Парвардигор дар Қуръони Карим барои ифодаи сирф моҳияти тавҳидии дини худ  ибораҳои «дини ҳақ», «дини қайим» «дини холис»-ро зикр карда, онҳоро барои муқоиса бо динҳои яҳудият, масеҳият ва ғайра ҳамчун динҳои таҳрифшуда зикр кардааст. Дар чунин сурат низ ислом, сарфи назар аз андешаи ноби динии худ, муносибати  худро нисбат ба дигар диёнатҳо ва  пайравони онҳо бар асли таҳаммулпазирӣ фарз донистааст ва масъалаи ҳалли ихтилофотро фи мобайни онҳо дар  рӯзи қиёмат ба Худо ҳавола кардааст (2:113; 10:93 ва ғ.)

Аммо баъд аз Паёмбар (с) ин андеша, тавре гуфтем, ба иллати ихтилофоти сиёсии мусулмонон, тадриҷан ҷанбаи дохилӣ-исломӣ гирифта, хусусияти нав пайдо намуд ва ба масъалаи низоъангези фирқаву мазҳабҳои исломӣ табдил ёфт. Дар ин ҷо суол пайдо мешавад: оё дин тасаннун ва ташаюъро эҷод кардааст ва ё сиёсат? Ба назари банда, сиёсат! Ва маҳз бо сабабҳои сиёсӣ андешаи «исломи ноб» шиори мазҳабӣ-идеологӣ гашт. Акнун ин масъала бо асосҳои ташриъии фирқавӣ ва мазҳабии худ нисбат ба худи мусулмонҳо татбиқ карда мешуд. Пайравони фирқаву мазҳабҳои бо ҳам мухолифи исломӣ ҳар кадом хусусиятҳои имондории худро сиёсисозӣ намуда, онро меъёри ҳақиқати дин қарор медиҳанд ва бо шиори «исломи ноб» исломи тарафи муқобилро таҳрифшуда, ботил ва муданнас (нопок ) мешуморанд.

Қобили тазаккур аст, ки ислом бизотиҳи на сиёсат, балки маҳз дин аст. Парвардигор ба воситаи Паёмбари худ (с) ба бандагонаш исломро ба сифати дини ҳақ нозил ва муаррифӣ  кардааст (9:33).

Худованди Алиму Ҳаким ба ҳар чиз доност ва иннаҳу ка-л-Аълам (ҳамчун Донотар) исломро танҳо дин хондааст ва онро инкоран нисбат ба  дигар динҳои моқабл (пешин) барои бандагонаш интихоб намудааст (Қуръони Карим, 5:3). Баръакс, Худованд дигар динҳоро, пеш аз ҳама, ба иллати ихтилофоти фирқавӣ ва ҷангҳои дохилии онҳо (2:235), сиёсисозии ниҳодҳои динӣ, алалхусус теократизатсияи каҳанут (рӯҳонияти динӣ-9:31) ва инчунин илоҳисозӣ ва тақдиси истибдоди сиёсӣ (28:38;26:29) бидъатзадаву таҳрифшуда эълон намуд. Зиёда аз он, муъминон аз ҷониби Парвардигор ҳушдор дода шудаанд, ки ҳар гоҳ пас аз баъсати расули барҳаққи Ӯ Муҳаммад (с) ягон ойини худсохта (тарзи пайравӣ)-ро ҳамчун дин пазиро шаванд, чунин кори онҳо мавриди писанди Худо нахоҳад шуд (3:85). Хуллас, ислом дини мансуб ба ризоияти Худост ва ҳофизи ҷавҳари тавҳидӣ – ваҳёнии он низ маҳз худи Ӯст. Аз ин нуқтаи назар, ислом маҷмуи аҳкоми илоҳист, ки тибқи талаботи онҳо, умури марбут ба эътиқод, ибодат, ахлоқ,  муомалот ва уқубот дар ҳаёти дунявии муъминон аз мавқеи имон ва бандагӣ ба Худо (на сиёсат ва на давлат) ба танзим дароварда мешаванд.

Дар ин асос ман исломро як чиз ва амал кардан ё пайравӣ кардан ба муқаррароти онро чизи дигар меҳисобам. Чизи (амри) дуввум  мансуб ба Худо нест, он ба бандагон  дахл дорад. Амри якум дин аст ва амри дуввум тадайюн (диндорӣ). Ё худ, якум ислом аст ва дуввум – мусулмонӣ. Бояд байни онҳо фарқгузорӣ кард. Якум ҳамеша пок аст. Аммо дар дуввум метавонад риёву нифоқ ҷой дошта бошад. Беҳуда шоир нагуфтааст:

Ислом ба зоти худ надорад

айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст аз мусулмонии

мост.

Исмат ва қудсият ба дин хос аст, аммо ба диндорӣ ва ба  мусулмонӣ не. Дар диндорӣ даъвои покӣ кардан низ хато аст. Ин ҳукми қотеи Худованд аст. Парвардигор дар ояти 32 аз сураи Наҷм мефармояд: «Худованд бар шумо донотар аст, аз он гоҳ ки шуморо аз замин падид овард ва аз он гоҳ ки шумо дар шикамҳои модаронатон ҳамчун ҷанин будед; пас худатонро пок нашуморед, ки Ӯ бар поку тақводортар донотар аст» (53:32). Зиёда аз ин, поксозӣ ё покшавии банда низ на ба худи ӯ, балки ба Худо, раҳмат-ул-хоси Парвардигор, вобаста аст. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: «Агар фазли Худо ва раҳматаш набошад, ҳеҷ кас аз шумо пок намешавад. Ӯ  шунавои доност» (24:21). Парвардигор дар Қуръони Карим оид ба беэътибор сохтани чунин даъвоҳои ботил боз таъкид менамояд:  «Оё назар намекунӣ ба сӯи касоне, ки худашонро покёфта мешуморанд. Балки Худо ҳар касро бихоҳад, пок мегардонад ва онҳо ба қадри нахи рӯи ҳастаи хурмо ситам намебинанд» (4:49)

Бубинед раҳмати васеи Худовандро! Худованд чунин даъвоҳои бандаҳояшро ботил ҳисобад ҳам, аммо боз ваъда медиҳад, ки ӯ як зарра имону амали неки онҳоро (3:195) нодида намегирад, беарзиш намеҳисобад. Балки Ӯ ҳамаи онҳоро ба андозаи муносиб маъҷур месозад (подош медиҳад)» (3:171). Дар ин маврид Худованд дар Қуръон сареҳан мефармояд: «Ва Худо ҳаргиз имони шуморо зоеъ (гумшуда, табоҳ) намегардонад. Чаро ки Худо нисбат ба мардум дилсӯзу меҳрубон аст» (2:143).

Ҳамин тариқ, андешаи «исломи ноб», аз ин ҷиҳат, мутлақо амри номашрӯъ норавову нописанд буда, ба принсипҳои тавҳиди амалии ҷомеаи исломӣ бегона ва ба амнияти маънавӣ ва сиёсии давлатҳо ва миллатҳои  мусулмон хатарнок мебошад. Зеро дар ҳарими дини мубини ислом будану танҳо худро пок дидан ва дигаронро нопок ва зиёда аз он – даъвои дигаронро поксозӣ намудан ин бевосита таҷовуз ба ҳарими зоти ақдаси Аллоҳ аст. Чунин даъвоҳо ифрот (дар худ диндориро зиёд дидан) ва тафрит (дар дигарон диндориро кам дидан ё  умуман надидан) дар дин дониста мешавад ва тибқи Қуръони Карим (30:32), ҳукми «бимоладайҳим»-ро мегирад, ки аз куфр бадтар ва бо ширк баробар аст.

Мутаассифона, таҷрибаи талхи тафриқаи диндорӣ дар асоси андешаи «исломи ноб» ва сиёсисозии ин андеша дар Тоҷикистони азиз, кӯшишҳои такрори он дар фаъолияти ошкоро ва пинҳонии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ дар байни мусулмонони кишвар, мушоҳида шуда истодаанд, ки онҳо, ҳам аз лиҳози шаръ ва ҳам аз мавқеи қонунгузории миллӣ, бисёр хатарнок  мебошанд.

Аммо барои раҳойӣ аз чунин андешаҳо ва амалияи тафриқаандозӣ барои тоҷикон бедории миллӣ ва динӣ зарурати ҳаётиро касб мекунад. Бедории динӣ, аниқтараш бедории исломӣ, бояд ҳадди ақал баробар бо  бедорӣ ва наҳзати миллӣ сурат гирад ва ба ягон ваҷҳ ба сулҳу субот ва ваҳдати миллию динӣ дар кишвар таҳдид нанамояд, зеро фитнаҳои ҳизбию фирқавии нав дар асос ва либоси ҳар гуна андешаҳои сиёсатзадаи ботил ояндаи  миллати тоҷикро бадфарҷом ва давлатҳои рақиби қасамхӯрдаи онро дастболо месозанд.

Бинобар ин, қатъан таъкид менамоям, ки бояд Миллат, Давлату давлатдории тоҷикон аз ҳар гуна ихтилофоту таассуботи динӣ, ҳизбӣ-мазҳабӣ ва аз ҳар навъ бозиҳои муршидон ва муддаъиёни фитнаангези исломи сиёсӣ, алалхусус аз даъвоҳои «исломи ноб»-хоҳии «сиёсатмадорони навзуҳур» воло ва бузургтар дониста шаванд.

Ҳамчунин гуфтаниам, ки барои банда масъалаи ҷудоии дин аз сиёсат ва давлат, пеш аз ҳама, як баҳси илмӣ аст. Асли дунявиятро ҳамчун асоси давлатдории миллӣ мардуми шарифи Тоҷикистон интихоб кардааст. Ва аз ин ҷиҳат, он усулан ҷойи баҳс надорад. Албатта, мову шумо ҳамагӣ бояд донем, ки дин исмату қудсият дорад, яъне муқаддас аст. Қудсияти онро бояд ҷиддан ҳифз намуд ва риоя кард. Аммо сиёсат, хосатан давлат, ягон хел қудсияти динӣ надорад. Сиёсат мазҳари раҳмат-ул-оммаи (васеи) Худованд, саҳнаи ҳузури ҳамагонӣ, чӣ кофир ва чӣ муъмин, майдони кору бори муштараки тамоми одамон, сарфи назар аз мансубияти динии онҳо мебошад. Аз  ин лиҳоз, роҳи сиёсат, аз ҷумла бо назардошти ихтилофоти диёнатӣ, барои ҳама кушодааст, зеро дар ин ҷо тақдири дунявии инсон (кофиру муъминон) ҳал мешавад. Сиёсат ба биҳишт ё дӯзах намебарад. Ба биҳишт роҳ кушодан вазифаи дин аст. Аммо агар дин бо сиёсат як шавад, он гоҳ дари раҳмат-ул-оммаи Худованд ва зимнан арсаи сиёсат барои бисёри бандагони Худо баста эълон мешавад. Пайванд хӯрдани сиёсат бо дин, дар навбати худ, дари риёву нифоқ ва куфрро ба дин мекушояд. Бинобар ин, дин дар ҷойи худ ва сиёсат дар ҷойи худ. Ҳар ду бояд аз якдигар ҷудо бошанд ва мустақилона бо якдигар ҳамкорӣ намоянд. Ба назари банда, ҳар қадар дин аз сиёсат дур бошад, ҳамон қадар хулуси динӣ, муҳаббат ба Худову Паёмбар (с) зиёд мешавад.

Таҳлили андешаи «исломи ноб» ва ҳадиси мазкури Паёмбари гиромӣ (с) боз фоҷеаи халқи тоҷикро, ҷудо гардонидани диндорон аз дин, фарзандони миллатро аз Ватан, аз ёру дӯстон, аз хоҳару бародарон, хонаву диёр ба ёд меорад. Мо, алҳамдулиллоҳ, ҳамагӣ имон дорем. Аммо, пеш аз ҳама, ба иллати он ки баъзеҳои мо, алалхусус бародарони наҳзатӣ, дар имондорӣ даъвоҳои сиёсӣ ҷой кунонданд ва дар ин асос худро афзалтару поктар ҳисобида, бар хилофи машиати Худованд чунин даъвоҳоро меъёр ва ченаки имондории ҳақиқӣ нишон дода, диндории суннатии мардуми мусулмони кишварро ботил шуморида, тоҷиконро ба фитнаи такфир кашиданд ва дар ҳамкорӣ бо бегонагон бар сари Дин, Модар ва Ватани миллати тоҷик фоҷеа оварданд. Аммо, тибқи Каломи Худо, «Худованд бар инсонҳо соҳибфазл аст ва барои қувваҳои бадхоҳ фурсат намедиҳад» (Қуръони Карим,2:251). Ва «фазли кори хайр кардан ҳама дар ихтиёри Худост ва Ӯ, субҳонаҳу таъоло, ба ҳар кас  бихоҳад онро насиб мекунонад» (Қуръони Карим,3:73).

Бинобар ин, маҳз бо ҳидоят аз ғояи қуръонии «раҳмати Худо бар ҳар чиз фарогир аст» аз ҷониби Сарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон озодии диндориро барқарор намудан, фарзандонро ба назди модарон, ба Ватан баргардонидан, хоҳарону бародаронро бо ҳам якҷоя сохтан, халқпораҳоро дар Миллат пайванд сохтан, наҳзати миллиро поягузорӣ намудан, шаҳодати ҷоннисорӣ дар роҳи халқу Ватан нишон додан фазилати бузургворию имондории ҳақиқӣ аст. Аз ин рӯ, сулҳи тоҷикон ва наҳзати миллат фазлест, ки Худованд бо хости худ онро ба ин миллат ва пешвои он насиб гардонидааст ва мусулмонони кишварро ҳамеша ба маврид хоҳад буд, ки дасти дуо баланд намуда, аз Худованд бо фармудаи Қуръони Карим талаб кунанд: «Раббано, отино мин ладуника раҳмата ва ҳайӣ лано мин амрино рашадо» («Парвардигори мо! Аз ҷониби худ ба мо раҳмате бибахш ва кори Моро барои мо ба сомон бирасон» — 18:10). Ва инчунин, дуо кунем, ки Парвардигоро, мо-т-тавфиқу илло бика, ба Сардори давлат ва Сарвари миллати тоҷик тавфиқи ислоҳи комили умури мусулмонони кишварро ато бифармо ва саъю кӯшишҳои ӯро дар роҳи наҳзат ва сарбаландии миллат ҷомаи амал бипӯшон!

Муродулло Давлатов, номзади илмҳои фалсафа

(АМИТ «Ховар», 18 июни соли 2013)