Луқма

Муносибати дуюмдараҷа ба фарҳанги имло натиҷаи нек нахоҳад овард

№40 (3834) 31.03.2018

Ҳолати кунунии иҷрои муқаррароти ба қонунгузории забон рабтдошта аз он шаҳодат медиҳад, ки иддае аз талаботу нав­гонии  ин бахш огоҳ нес­танду боқимонда ба он муносибати дуюмдараҷа доранд. Назари сатҳӣ  ба услуби навишт ва мазмуну моҳияти  матолиби воситаҳои ахбори омма, мукотибаи вазорату идораҳо,  маърӯзаи  баъзе аз масъулин  кифоя аст, ки ба дурус­тии ин гуфта муътақид гардем. 

Ҳарчанд «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» дар асоси меъёрҳои илмӣ ва таърихӣ таҳия гардида, ташдиди бархе аз ҳамсадоҳо дар вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ, ки бо таъсири забонҳои бегона сурат гирифтааст, ислоҳ шудааст, аммо услуби  нигориши  аксарият ҳамоно бетағйир аст. Барои мисол, то кунун ба ҷои сода – содда, муҳлат — мӯҳлат, дувум –дуввум, паша – пашша, туҳфа – тӯҳфа, кумак – кӯмак, муҳтаво – мӯҳтаво,  таваҷҷуҳ – таваҷҷӯҳ,  муҳтарам – мӯҳтарам, суҳбат – сӯҳбат, саҳомӣ – саҳҳомӣ, одӣ – оддӣ  менависанд.  Ин кори аз назари баъзеҳо ҷузъӣ боис мешавад, ки ҳатто ба  нафароне, ки саводи комил доранд, муҳри «бесавод» зада шавад. Зиёданд ҳолатҳое, ки масъулин аз таҳрирталаб будани услуби ҳуҷҷатнигории зердастон шикоят доранду зердастон аз сатҳи пасти саводи имлоии онҳо.

Бегуфтугӯ,  дар ин самт кормандони воситаҳои ахбори  омма, зиёиён ва омӯзгорон саҳми бориз гузошта метавонанд. Хоса дар шароити кунунӣ, ки навиштани эссе барои довталабони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҳатмӣ шуд.

Коршиносон ба он назаранд, ки ҳатмӣ шудани иншои эссе дар имтиҳонҳои дохилшавӣ иқдоми хуб аст, чун ин таҷриба дар донишгоҳҳои дигари байналмилалӣ  роиҷ буда, қобилияти фикрронии ҷавононро рушд ва сатҳи дониши онҳоро нишон медиҳад. Вале нигаронӣ аз он аст, ки бинобар дуюмдараҷа будани муносибат ба қоидаҳои имло (ин ҳақиқатест, ки онро наметавон инкор кард) «бесавод» эътироф шудани қисмати зиёди довталабон ногузир  хоҳад буд. Ин масъалаест, ки сари он ҷиддӣ андеша бояд кард, то пайомадаш ҳамдигарнофаҳмӣ ва баҳсу мунозира набошад.

Ёдовар мешавем, ки таҳия ва нашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»  аз ҷумлаи дастовардҳои замони соҳиб­истиқлолии мамлакат маҳсуб шуда, беш аз 65 ҳазор вожа ва истилоҳро фаро гирифтааст. Он дар асоси қоидаҳои нави имлои забони  тоҷикӣ таҳия шуда,  вожаю истилоҳотеро, ки дар воситаҳои ахбори омма ва раванди коргузории ташкилоту идораҳо, новобаста аз шакли моликият истифода мешаванд, дар бар гирифтааст.

Забоншиносон низ эътироф кардаанд, ки имлои забони тоҷикӣ, ки  аз соли 1998 мавриди истифода буд,  камбудии зиёд дошт. Аз ин хотир, зарурати таҳияи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд.  То ҷое иттилоъ дорам, ба таҳияи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 оғоз карда, ба ин кор 16 донишманди шинохтаи забоншинос  ҷалб шуданд. Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки фарҳанги имло аслан бар асоси «Фарҳанги тоҷикӣ-русӣ» чоп шудааст. Истилоҳҳои  он мавриди истифодаи умум қарор доранду   бештар дар қонунгузорӣ, умури идорӣ,  фаъолиятҳои сиёсиву иқтисодӣ  ба кор мераванд. Яъне, ин фарҳанг фарогири вожаҳои маъмулӣ ва вожаҳои мавриди истифода дар забони давлатӣ аст.

Маълум аст, ки забони миллиро истифодаи бемавқеи вожаҳои  бегона, унсурҳои лаҳҷавӣ ба забони кӯчаву бозор табдил  хоҳад дод. Бо дарназардошти ин, таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаи мазкур доимӣ ва хоса аст.   Ҷоиз ба зикр аст, ки фарҳанги зикршуда дар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 4 октябри соли 2011 таҳти №458 тасдиқ шуд. Дар банди 3-юми қарор омадааст, ки: «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, нашри дастурҳои таълимӣ, асарҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва ҳамчунин асноди меъёриро бо дарназардошти Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ монад».

Забоншиносон ба он назаранд, ки воситаҳои ахбори омма (ба истиснои нашрияҳои расмӣ) ба риояи талаботи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» муносибати сатҳӣ доранд. Эътироф бояд кард, ки аксар маврид ҳафтаномаву маҷаллаҳоро ду ё се нафар омодаи чоп менамоянд. Табиист, ки дар ин ҳолат ба таври бояду шояд риоя гардидани талаботи фарҳанги зикршуда зери суол мемонад.

Пас зарур аст, ки  омӯзиши фарҳангро дар сархати авлавият қарор диҳем, то ба қатори «бесаводон» шомил нагардем. Аз он ки дар матлаб ҳатмӣ гардидани навиштани эссе масъалаи меҳварӣ ҳасту назарҳо доир ба он мухталиф, мутмаинем, ки масъулини Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фикру ақида баён мекунанд.

Далер Мерганов,

«Садои мардум»