Навоварии ҷавонон арҷгузорӣ шуд

№62 (3208) 12.06.2014

Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии олимони ҷавон  таҳти унвони «Навовари беҳтарин» баргузор гардид. Ҷоиз ба  зикр аст, ки солҳои қабл озмуни мазкур бо номи «Ихтироъкори беҳтарин»  гузаронида мешуд. Имсол он бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озмуни олимони ҷавон-«Навовари беҳтарин» табдили ном карда, ба низомномаи он тағйирот ворид  шуд.

Дар ифтитоҳи озмун  муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Р. Мирбобоев иштирок намуда, зикр  кард, ки мақсад аз гузаронидани озмун дарёфти истеъдодҳо ва донишҷӯёни фаъол ва тавъам  намудани илм бо истеҳсолот мебошад.

Сипас, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Одинаев иштирокдоронро бо тартиби баргузорӣ, шартҳои озмун ва ҳайати ҳакамон шинос намуд.

Тибқи талаботи низомномаи  озмун ва муқаррароти кумитаи тадорукот он  дар се  самт: илмҳои табиӣ-риёзӣ, техникӣ, технологӣ, информатика; илмҳои табиӣ ва тиббӣ- химия, физика ва биология;  илмҳои ҷомеашиносӣ доир гардид.

Бо мақсади таъмини шаффофият ва воқеъбинона гузаронидани озмун ба сифати эксперт намояндагони  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Дар даври аввал  ҳайати ҳакамон аз дастовардҳо  дидан намуда, ба ҳар яки он  баҳогузорӣ намуданд. Дар даври дуюм маводи ба озмун пешниҳодгардида  мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифтанд.  Дар ин қисмат ҳар як иштирокчӣ лоиҳаи хешро дар назди ҳакамон муаррифӣ ва ба суолҳои онҳо посух  доданд.

Аз рӯйи натиҷаи озмун дар самти илмҳои табиӣ-риёзӣ, техникӣ, технологӣ, информатика  ҷойи аввал ба  Зарина Яминова — аспиранти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон,  ҷойи дуюм ба  Эркин Собиров -  аспиранти соли дуюми Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав  ва ҷойи сеюм ба  Мирқурбон Наимов — донишҷӯи курси сеюми факултети баҳисобгирӣ ва  иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовор дониста шуд.

Дар самти илмҳои табиӣ ва тиббӣ-химия, физика ва биология  ҷойи якумро Саломат Ёдгорова -  аспиранти соли сеюми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, ҷойи дуюмро  Ҷонибек Имомов — донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,  ҷойи сеюмро Шуҳрат Назаров — аспиранти соли сеюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиб шуданд.

Дар самти илмҳои ҷомеашиносӣ мақоми аввалро  Исмоил Раҳмонов-ассистенти кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, мақоми дуюмро  Насиба Шарифова – донишҷӯи  курси чоруми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, мақоми сеюм ба Мирқурбон Наимов — донишҷӯи курси сеюми факултети баҳисобгирӣ ва  иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба даст оварданд.

Р.Мирбобоев ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукотро супорид.

Бо қарори Комиссияи экспертии озмун ба Сиёвуш Каримов –донишҷӯи  курси якуми Донишгоҳи  давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва Хуршед  Худойбердиев — омӯзгори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд туҳфа ва  ба 16 нафар  барои иштироки фаъолона Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуд.

Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»