Наврӯз муборак бод!

№39-40 (3519-3540) 19.03.2016

Бархез, ки шоҳ омад,

Бо рӯйи чу моҳ омад,

Наврӯз ба мулки мо,

Бо хайли сипоҳ омад,

Бо ҷоҳу ҷалол омад,

Бо илму камол омад.

Бо нағмаи тор омад,

Сармасту савор омад.

Як пири  сухандоне,

Аз Ҳисори Шумоне,

Шодона бизад фарёд:

Наврӯз муборак бод!

Наврӯз муборак бод!

Водӣ ҳама махмалпӯш,

Дашту даманаш гулпӯш,

Деги суманак дар ҷӯш,

Сармаст ҳама кас аз бӯш,

Як дасти сапед дар рӯш,

Бин накҳати гул хуш-хуш

Сармо зи ҳасад хомӯш,

Зебосанаме, ҷоне,

Бо чеҳраи хандоне,

Аз мулки Бадахшоне,

Шодона бизад фарёд:

Наврӯз муборак бод!

Наврӯз муборак бод!

Кадбонуи хатлонӣ.

Бо чеҳраи хандоне,

Бо куртаи гулдӯзӣ,

Дар маҳфили наврӯзӣ,

Ин дилбари боиффат,

Як хони пур аз неъмат.

Густурда ба Наврӯзгоҳ,

Аз баҳри ризои мо.

Рамзе, ки зи ҳафт шин аст.

Рамзе, ки зи ҳафт син аст,

Мерос барои мо,

Аз мардуми пешин аст.

Гуфтамша маҳи озод,

Наврӯз муборак бод!

Наврӯз муборак бод!

Як дилбари моҳпайкар,

Рӯймоли шоле бар сар,

Атлас куртае дар бар.

Пешобағалаш парпар,

Дар пош кафши булғорай,

Ваҳ , шӯхи ҳунардорай,

Аз Суғд хиромон шуд,

Мастона ба майдон шуд,

Аз санъати он дилбар,

Ҳайрон ҳама шуд яксар.

Гуфтамша, маҳи озод:

Наврӯз муборак бод!

Наврӯз муборак бод!

Ин шоири варзида,

Ҳам марди ҷаҳондида,

Бо шеъру суруд омад,

Аз баҳри дуруд омад.

Як баста китоб овард,

Як кӯза шароб овард.

Аз мулки Зарафшон ӯ,

Ҳампешаи мардон ӯ.

Ӯ мадҳи баҳорон кард,

Шукронаи даврон кард.

Аз шавқ бизад фарёд:

Наврӯз муборак бод!

Наврӯз муборак бод!

Як пири сухандоне,

Аз воҳаи Раштоне,

Аз қулла фароз омад,

Аз роҳи дароз омад.

Наврӯзи хуҷастапай,

Аз мулки Қубоду Кай,

Ҳамроҳаш ба ноз омад,

Бо зулфи дароз омад.

Як духтари хушрӯ буд,

Моҳпайкару хушмӯ буд.

Ҷо дар бари шоҳаш кард,

Таъзими кулоҳаш кард.

Гоҳе, ки дуо мекард,

Рӯ ҷониби мо мекард.

Шодона бизад фарёд:

Наврӯз муборак бод!

 Наврӯз муборак бод!

Бобои Деҳқон ёрон,

Дар марзи замин шодон,

Дасташ ба дуо боло,

Карда талаб аз даргоҳ.

То кишта дучандон бод,

Ҳосилаш фаровон бод.

Шукронаи ин кишвар,

Шукронаи он Сарвар,

Мегуфту дуо мекард,

Зорӣ ба Худо мекард.

Гуфтамша худододӣ,

Дар кишвари озодӣ.

Мастона задам фарёд:

Наврӯз муборак бод!

Наврӯз муборак бод!

Диловари МИРЗО