Нигаронӣ аз беэътиноии масъулини нашрияҳо ба муқаррароти қонун

№116 (4699) 27.09.2023

rasmi_man_1-e1609743571545-236x300Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои эҳё ва рушди китобдорӣ тадбирҳои муассир андешида шуданд. Қабули қонун ва даҳҳо барномаҳои соҳавӣ, ки ба пешрафти кори китобхонаҳо ва тарғиби китоб равона карда шудааст, аз таваҷҷуҳи хосаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳими маърифат дарак медиҳад. Бунёд ва мавриди истифода қарор додани бинои нави Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бешубҳа аз дастовардҳои арзишманд маҳсуб меёбад. Ин қасри бошукӯҳ имрӯз ба маркази бузурги илму фарҳанг табдил ёфта, зеби Душанбеи ободу хуррам гардидааст. 4-уми сентябри соли 2007, ҳангоми суханронӣ дар гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили «Рӯзи китоб»-ро эълон карданд, ки ҳар сол дар остонаи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ қайд карда мешавад. Хабарнигори рӯзнома бо директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ», доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ҳамсуҳбат шуд:

- Нақши китобхонаро дар ташаккули ҷомеа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Китобхонаҳо дар ҷомеаи башарӣ ба сифати маркази маърифатафзо ва фарҳангпарвар эътироф шуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон торафт ба ин боргоҳи муқаддас меафзояд.

Дар набардҳои фарҳангӣ Китобхонаи миллӣ ба ҳайси бузургтарин махзани маърифатӣ корҳои муҳимро ба анҷом мерасонад. Нақши Китобхонаи миллӣ ҳамчун китобхонаи бонуфузи мамлакат дар он зоҳир мегардад, ки дорои тарҳи зебо ва имкониятҳои васеъ мебошад. Дар он 25 толори хониш бо 1500 ҷойи нишаст мавҷуд буда, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна, ба беш аз 1500 хонанда хизмат расонида мешавад. Бинобар афзоиши теъдоди хонандагон моро зарур омад, ки толорҳои иловагӣ ташкил кунем. Толорҳои китобхона аз ҷиҳати рӯшноӣ, таъмини мизу курсиҳо, ҳавои муътадил дар фаслҳои гуногуни сол ва реҷаи фаъолият (аз соати 0800 то 2000) ба меъёрҳои байналмилалии соҳаи китобдорӣ ҷавобгӯ мебошад. Оид ба сифати хизматрасонӣ соле ду маротиба назарсанҷӣ гузаронида мешавад. Дар натиҷа собит гардид, ки дар муассиса сатҳи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон хуб ба роҳ монда шудааст.

- Донишҷӯёни замони шӯравӣ барои китобхонӣ навбат мепоиданд ва он то нимашаб аз хонанда пур буд. Имрӯз чӣ?

- Шароит ва имконияти китобхонаи собиқ аз бинои нави китобхона ба куллӣ фарқ дорад. Қаб­лан дар мавриди ташкили толорҳои иловагӣ дар китобхона ишора кардем. Агар китобхона хонанда намедошт, зарурати ташкили толорҳои иловагӣ пеш намеомад. Илова бар ин, дар шароити имрӯза аксарияти муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ китобхонаҳои дорои адабиёти зарурӣ ва технологияи муосири иттилоотӣ мебошанд, ки ин омил низ ба раванди ташрифи хонандагон ба китобхона таъсири муайян мерасонад. Муҳимтар аз ҳама, ҳоло бисёр хонандагон китоб­ро аз сомонаи китобхона дастрас ва истифода менамоянд.

Дар қисми 5-и «Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» омадааст: «Китобхона ҳамчун объекти дорои арзиши махсуси мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдорандаи миллии ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи илмӣ — таҳқиқотӣ, илмӣ — иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои дарёфти иттилоот, истифодаи фондҳои китобхона ва даст­расии озодона ба комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ таъмин менамояд». Аз ин нуктаи назар метавон хулоса намуд, ки аҳли Китобхонаи миллӣ рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро карда истодаанд.

- Барои тарғиби ганҷҳои ин махзани маърифатӣ ва ҷалби хонандагон ба китобхона чӣ тадбир андешида мешавад?

- Дар тарғиби хазинаи боргоҳи мазкур сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ нақши муҳим мебозад. Сатҳу сифати матолиби сомона дар қиёс бо шумораи зиёди сомонаҳои расмии амалкунандаи кишвар беҳтар мебошад. Дар баробари ин, барои ҷалби бештари хонандагон тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Масалан, дар арафаи «Рӯзи китоб» ва ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҳар сол аксияи «Ҳама ба китобхона меравем» дар ҳудуди шаҳри Душанбе доир мегардад. Ин тадбири муҳим дар баробари маъракаи «Дарҳои боз» барои ҷалби бештари хонандагон ба ин махзани илму адаб мусоидат мекунад. Илова бар ин, буклетҳо ва варақаҳои таб­лиғотию ташвиқотӣ ба ҳар як хонанда пешниҳод мегардад. Барои ҳар чӣ бештар ҷалб гардидани хонандагон ба китобхона шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии муассиса тадбирҳои мушаххас андешида, барномаю лоиҳаҳои навро таҳия кардааст. Дар доираи мубодилаи байналмилалии китоб бо китобхонаҳои гуногуни мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо китобхонаҳои 28 давлати ҷаҳон, ҳамкорӣ ва мубодилаи китобӣ дорем. Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва 20 китобхонаи хориҷӣ Ёддошти тафоҳум амал мекунад.

- Норасоии мутахассисон аз мушкилоти рӯз аст…

- Дар Китобхонаи миллӣ мутахассисони соҳаи китобдорӣ 123 нафарро ташкил медиҳанд. Эътироф менамоем, ки ин шумора нисбат ба кормандони ғайриихтисос кам аст. Айни замон шуъбаи таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории китобхона барои баланд бардош­тани савияи донишҳои касбии кормандони китобхона ва дигар китобхонаҳои мамлакат пайваста курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзиро ташкил карда истодааст.

- Дар бораи ганҷинаҳои пурарзиши ниёгон, яъне китобҳои қадимае, ки дар китобхона маҳфузанд, маълумот медодед.

- Шароиту имконият ва иқтидори Китобхонаи миллӣ барои ҳифзу нигоҳдории ҳама навъи манбаъ, махсусан дастхат ва дигар маводи чопӣ созгор мебошад. Ҳанӯз аз ибтидои таъсис кормандони китобхона ба масоили гирдоварӣ, таҳқиқ, тарғиб ва ҳифзи нусхаҳои хаттӣ ҳамчун ганҷинаи нотак­рори фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардаанд. Интиқоли аввалин маҷмӯи дастхатҳои нодир моҳи майи соли 1933 аз тарафи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии назди Комиссариати маорифи халқии Тоҷикис­тон ба Китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ сабаб гардид, ки баъд аз як сол аниқтараш, соли 1934, дар асоси ин нусхаҳо дар сохтори китобхона шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ба фаъолият оғоз кунад. Ҳадафи асосии он, қабл аз ҳама, ҷамъоварӣ, коркард, таҳқиқ, ҳифз ва нигоҳдории нусхаҳои нодири хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ буд. Дар шуъба айни ҳол 2682 нусхаи хаттӣ мавҷуд аст. Дар маҷмӯъ, 457 дастнависро китобҳои таърихӣ ва адабии назмию насрӣ ташкил медиҳанд. Оид ба қисми зиёди китобҳо, маҷмӯаҳо ва асноди таърихӣ, ки дар шуъба нигоҳдорӣ мешаванд, чашми таҳқиқу пажӯҳиш сурат нагирифтаст.

Айни замон дар фонди шуъба дар радифи китобҳои чопи сангӣ ва муосир асарҳое, ки дар асрҳои ХIII-ХIХ китобат шудаанд, маҳфузанд. Аз ин қабил метавон «Таърихи Табарӣ ё таърих-ур-русул вал мулук»-и Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, «Девон»-и Амир Хус­рави Деҳлавӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Тӯҳфат-ул-аҳрор» ва «Фавоиди зиёия»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Кимиёи саодат»-и Муҳаммад Ғазолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Чаҳор унсур»-и Абдулқодири Бедил, «Захират-ул-мулк»-и Шаҳобиддини Ҳамадонӣ, «Авроди фатҳия ва ганҷ-ул-ошиқин»-и Амир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар осори қаламии нобиғагони Шарқро ном бурд. Ин нусхаҳои хаттӣ ба унвони муқаддастарин арзишҳо ва мероси нотакрори ниёгон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми махсуси ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодабарӣ дар шуъбаи мазкур маҳфузанд.

- Китобхонаи миллӣ ба дигар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ёрии методӣ ва дигар кумакҳо мерасонад?

- Бале, тибқи оиннома ин яке аз самтҳои дигари фаъолияти китобхона ба ҳисоб меравад. Дар китобхона маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ ва шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ амал мекунанд, ки навтарин дастовардҳои соҳавиро меомӯзанд, коркард мекунанд, дар шакли китобу дастурҳо нашр месозанд ва ба китобхонаҳои вилоятию шаҳрӣ, ноҳиявию ҷамоатӣ ҳамчун кумаки методӣ пешкаш менамоянд. Ду соли охир ҳайати мутахассисони китобхона ба шаҳру навоҳии мамлакат сафарҳои хизматӣ анҷом дода, ба кормандони китобхонаҳои минтақавӣ машваратҳои методӣ, дастурҳои илмӣ-методӣ, библиографӣ доир ба санаҳои муҳими расмию миллӣ, китобномаҳои шарҳиҳолии адибон ва дигар маводи зарурии тахассуси китобдорӣ расониданд. Китобхона ҳамзамон барои такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои оммавии мамлакат такмили ихтисоси соҳаи китобдориро ба таври ройгон роҳандозӣ намуда, дар машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос муҳимтарин масъалаҳои соҳаи китобдорӣ ва навтарин дастовардҳои соҳаи китобдории кишвар ва ҷаҳонро меомӯзонад.

- Имрӯз ин махзани бузург аз кадом ҳисоб пурра мегардад ва оё тартиби ворид шудани нусхаҳои ҳатмӣ риоя мешавад?

- Дар сохтори Китобхонаи миллӣ шуъбаи мукаммалгардонии фонд фаъолият дорад, ки мақсад ва ҳадафи асосии он такмили фонди асосӣ ва фондҳои ёрирасони китобхона буда, мувофиқи соҳа пуркунии ҷории фонди адабиёти ватаниро бо истифодаи сарчашмаҳои гуногун (нусхаи ҳатмии ройгон, обуна ба маҷаллаю рӯзномаҳои ватанию хориҷӣ, хариди ҳуҷҷатҳо, туҳфа аз шахсони алоҳида, сафорату ташкилотҳои соҳавӣ) амалӣ мегардонад. Яке аз манбаъҳои асосии пуррагардонии фонди китобхона ин қабули ҳуҷҷатҳои ройгон ва ё боргирии нусхаи ҳатмии адабиёт мебошад. Дар заминаи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳои ба китобхона воридгардида коркарди биб­лиографӣ ва таҳияи омори матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз ­нашрия ва шахсони алоҳида, дар умум, 3620 нусха адабиёт ва дигар маводи чопӣ ба муассиса ворид шудааст.

Гирдоварӣ ва бақайдгирии нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» (№792, 26-уми декабри соли 2011) ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» (№453, 31-уми августи соли 2012) амалӣ мегардад. Мутаассифона, баъзе аз нашрия­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи қонуни мазкурро риоя намекунанд. Ин танҳо мушкилоти Китобхонаи миллӣ набуда, ба тамоми муассисаҳои гирандаи нусхаҳои ҳатмӣ дахл дорад.

Кормандони соҳаи матбуот, бахусус, роҳбарони нашриёту матбааҳоро зарур аст, нусхаҳои ҳатмии китобҳоро ба Китобхонаи миллӣ супоранд, ҳамеша дар робитаю ҳамкории пайваста бошанд ва ин робитаю ҳамкориҳо бо пешравии кори муассиса, аз ҷумла ғанӣ гардидани фонди Китобхонаи миллӣ ва фаъолияти босамари бойгонии матбуоти даврии он, мусоидат хоҳад кард.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»