Нишоне аз истиқлолият ва ҳастии миллат

№159 (3460) 24.11.2015

DSC_0211Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» омадааст, ки эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари  асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикон дар парчамдорӣ таърихи куҳан доранд ва ин худ далели маърифати баланд аст. Бостоншиносон истифодаи онро ҳанӯз то милод таъкид ва собит намудаанд, дар замони Куруши кабир халқи тоҷик, ки соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар  гашта буд, аввалин шуда, дирафш — парчамро ба миён овард. Имрӯз ҳеҷ давлатеро бе парчам тасаввур наметавон кард.

Аз аҳди бостон парчам ифодагари мавқеи сарлашкар ва нерубахшу ҳидоятгари он ба пирӯзӣ дониста мешуд. Забти парчами як лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирӯзӣ бар онро дошт. Парчами лашкар таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорат ва ҳимоя мешуд, ки ин анъана то ба имрӯз боқист. Бино ба достони «Заҳҳок ва Коваи оҳангар»- и «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ, Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳок, ки дар радифи ҷавонони зиёди кишвар 17 писари ӯро низ туъмаи моронаш карда буд, ба дод омада, ба рағми ин шоҳи хунхор шӯрида, пешбанди чармии худро ба сари найза кашида, халқро ба шӯриш даъват карда, ба пирӯзӣ расидааст.

Тибқи Энсиклопедияи советии тоҷик, парчам рамзи синф, миллат, ягонагии ҳарбӣ, ҳизбӣ, динӣ ва ҷамъиятии ташкилотҳои гуногун мебошад. Дар асри V то милод ба вожаи сермаънову тоҷикиасли дирафш куҳантарин муродиф парчам буд. Пас аз инқилоби октябр ба силсилаи муродифҳои парчам вожаи туркии байрақ ворид гашт. Дирафш ва парчам вожаҳои ноби тоҷикӣ буда, аз вожаҳои байрақ, алам, ливо ва роят бо ин бартарӣ доранд.

Баробари ба истиқлолият расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи масоилҳои дигар, зарурияти таҳияву таъини рамзҳои давлатӣ пеш омад. Дар асоси муқаррароти моддаи 3-юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шудааст. 12 майи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо намуд, ки аз ду боб иборат аст. Санаи 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб ва ҷойи афрохтани Парчами давлатӣ муайян карда шудааст.

Соли  2009 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва он бо тартиби ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад. Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист.

Дар назди Парчами давлатӣ аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то сарбози одӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Дар ҳама  ҳамоишҳои расмӣ, пирӯзиҳои варзишгарон зери садои Суруди Миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта мешавад. Дар ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинои идораву созмон, ташкилотҳои гуногуни мамлакатро оро медиҳад ва меҳру муҳаббати халқро ба ин муқаддасот ифода мекунад.

Ба ифтихори 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маҷмааи  давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баландтарин парчам афрохта шуд. Қомат афрохтани Парчами давлатӣ, ки баландтарин дар ҷаҳон аст (165 метр) ба пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ҳусну зебоӣ бахшид. Ҳоло ин майдон бо гулгаштҳои ҷолибу ҳарранга ба макони сайругашт, истироҳату фароғати мардум табдил ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 зикр намуд, ки «эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».

Бигузор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар сари миллати тоҷик ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ намояд.

Қаҳрамон АБДУЛВОҲИДЗОДА, мудири бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон