Нияти нек ва азми қавии Пешвои миллат Такомули бемайлони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба ин омил рабт дорад

№ 31.08.2023

DCIM100MEDIADJI_0148.JPGМоҳи апрели соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бо рафти корҳои сохтмонии иншооти донишгоҳ шинос шуда, ба масъулин дастур доданд, ки то моҳи сентябри соли равон корҳои сохтмонии бинои асосиро ба анҷом расонанд. Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки синфхонаю озмоишгоҳҳои он бояд бо таҷҳизоти муосир таъмин гарданд.

Сатҳу сифат ва раванди корҳоро дар иншооти мазкур аз ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Қурбон Убайдулло Абдулло пурсон шудем. Маълум гардид, ки кор босуръат идома дошта, барои дар муҳлати муайянкардаи Роҳбари мамлакат ба итмом расиданаш тамоми шароит фароҳам аст. Зикр шуд, ки бинои асосӣ мувофиқи тарҳи меъмории муосир аз 4 унсури бо ҳам пайваст иборат буда, қисмати марказии он дорои 9 ошёна, паҳлӯӣ дорои 7 ошёна ва пасманзари он аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаҳои 4, 5 ва 6 — уми бино кафедраҳои умумитаълимии донишгоҳ, аз қабили забонҳо, ҷомеашиносӣ, химия, биология, физика ва информатика, фармакология, беҳдошт ва вогиршиносӣ, пешбинӣ шудааст.

Дар қисмати маъмурӣ бошад, раёсати донишгоҳ, китобхонаи марказӣ, қироатхона, китобхонаи электронӣ, толори калони маҷлисӣ — фарҳангӣ (барои 1090 нафар), осорхонаи марказӣ, Маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ, Маркази омӯзиши симулятсионӣ, Маркази ягонаи тестӣ, Маркази технологияҳои иттилоотӣ, садорати факултетҳо ва ошхона ҷойгир аст.

Бинои мавриди назар дар 1,8 гектар қомат афрохта, масоҳати умумии бино 25 ҳазору 956 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Шумораи синфхонаю толорҳо мутаносибан 80 ва 12 адад буда, 2004 ва 4194 ҷойи нишаст доранд.

Дар баробари ин, бинои таълимии №1, ки аз шаш ошёна иборат аст, дар масоҳати 0,5 гектар қомат афрохт. Ин бино аз 16 синфхона бо 318 ҷойи нишаст ва толори лексионӣ бо 100 ҷойи нишаст иборат аст. Дар бино кафедраҳои тиббӣ — назариявӣ, аз ҷумла анатомияи нормалӣ, физиологияи нормалию патологӣ, анатомияи патологӣ ва тибби судӣ, ки донишҷӯёни курсҳои 1 — 3 таълим мегиранд, ҷойгир мебошад.

- Бо мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои мазкур марҳилаи якуми эъмори иншооти марбут ба донишгоҳ ба итмом хоҳад расид. Дар ин замина, 96 синфхонаи барҳаво бо 2388 ҷойи нишаст, толори фарҳангӣ ва 13 толори маҷлисию лексионӣ бо 2290 ҷойи нишаст бунёд гардид. Таъсиси шаш озмоишгоҳи илмию фаннӣ бо муосиртарин таҷҳизот дар ин биноҳо идомаи мантиқии раванди зикршуда ба ҳисоб меравад, — афзуд Қурбон Убайдулло.

Қобили зикр аст, ки сохтмони маҷмааи «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» дар ду марҳила муқаррар шудааст. Дар марҳилаи якум –хобгоҳ, бинои асосӣ (маъмурӣ), бинои таълимии №1 ва ошхона бунёд гардида, дар марҳилаи дуюм эъмори биноҳои таълимии №2,3, манзили истиқоматӣ барои омӯзгорон, хобгоҳ, озмоишгоҳи марказии илмӣ — тадқиқотӣ, майдони варзишӣ, толори лексионӣ ва клиникаи донишгоҳӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамсуҳбатам ёдовар шуд, ки 31-уми августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ санги асос гузошта, дар муддати кӯтоҳ лоиҳаи бинои маъмурӣ, толорҳои лексионӣ, китобхона, толори калони маҷлисӣ-фарҳангӣ, озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ ва иншооти манзилӣ-маишӣ тарҳрезӣ шуд. Корҳои сохтмонӣ 22- юми апрели соли 2017 дар биноҳои асосӣ, таълимии №1 ва хобгоҳ оғоз шуда, бинобар зуҳури бемории сироятии COVID -19 аз моҳи апрели соли 2020 то моҳи октябри соли 2022 мавқуф гузошта шуд.

Бо паст шудани шиддати бемории сироятии COVID -19 17-уми июли соли 2022 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи донишҷӯён мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

- Соли 2018, зимни ба истифода додани ду бинои таълимии донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш доданд, ки дар ҳудуди донишгоҳ, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар муҳлати наздиктарин сохтмони бинои Клиникаи донишгоҳӣ оғоз шавад. Раёсати донишгоҳ якҷо бо Институти лоиҳакашии «САНИОСП» соли 2019 лоиҳаи тарҳи бино ва технологияи клиникаро таҳия намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Ба шарофати таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии мунтазами Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон рушди донишгоҳ муттасил ва даст­овардҳо қобили мулоҳизаанд. Таълим аз рӯи ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Педиатрӣ» ва «Стоматологӣ», ки барномаҳо ва нақшаҳои таълимии он дар асоси стандартҳои давлатӣ таҳия гардидаанд, ба роҳ монда шудааст.

Теъдоди донишҷӯён аз 353 нафари соли 2016 ба 2248 нафар, шумораи омӯзгорону кормандони ДДТХ аз 97 нафари соли 2016 ба 332 нафар расида, тайи се соли охир қабули донишҷӯён тибқи Квотаи президентӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки алъон шумораи онҳо 93 нафар аст.

Ҷолиб он аст, ки муҳассилини донишгоҳ зодагони минтақаҳои гуногуни кишвар буда, ин омил дар тақвияти дӯстӣ низ саҳим аст. Иттилоъ гирифтем, ки аз ҷамъи хатмкунандагон 206 нафар сокини шаҳри Душанбе, 1138 — вилояти Хатлон, 623 — вилояти Суғд, 8 — ВМКБ ва 269 кас зодаи ноҳияҳои тобеи марказ мебошанд.

Дар асоси Қарори Шӯрои олимон моҳи феврали соли 2020 дар сохтори донишгоҳ «Маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ» таъсис дода шуд. Зерниҳоди мазкур раванди таҳсилоти баъдидипломии олии касбӣ (ординатураи клиникӣ ва интернатура) ва таҳсилоти иловагии касбӣ (такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорони донишгоҳ, муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи тиббӣ, табибон ва кормандони миёнаи тиббии муассисаҳои табобатию профилактикӣ)-ро ташкил, назорат ва ҳамоҳанг менамояд. Дар давоми се соли фаъолияти марказ 53 барномаи бозомӯзии касбӣ, 29 барномаи интернатура, 34 барномаи ординатураи клиникӣ, 40 барномаи такмили ихтисос таҳия ва аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми мамлакат тасдиқ шуд.

Фаъолияти илмӣ дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ самти афзалиятнок буда, аз соли 2017-ум 940 таълифоти илмӣ (68 дар маҷаллаҳои илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ), 6 монография, 4 ихтироот, 25 пешниҳоди навоварона, 12 китоби таълимӣ ва зиёда аз 45 дастури методӣ аз ҷониби олимони донишгоҳ ба нашр расидаанд. Илова бар ин, соли 2019 рӯзномаи «Пайки шифо» ва маҷаллаи илмӣ-амалии «Симурғ» (соли 2021 ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ворид шуд) аз чоп баромаданд.

Бино ба гуфти ректори донишгоҳ, фаъолияти муолиҷавӣ ва машваратии кормандони донишгоҳ аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст. Шурӯъ аз моҳи феврали соли 2016-ум 25 омӯзгори донишгоҳ ба ҳайси ҳамкор дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ ва Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ба фаъолият пардохтанд.

Аз моҳи феврали соли 2016 то нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷониби онҳо 60 925 бемор муоинаю муолиҷа шуданд. Аз ин теъдод 4034 нафар ҷарроҳӣ шуда, ба 18 815 кӯдак ва 38 000 шахси гирифтори бемориҳои дарунӣ, занона, гӯшу гулӯ, чашм, травматологӣ, стоматологӣ ва амсоли инҳо кумакҳои тиббӣ ва машваратӣ расонида шуд. Дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара аввалин маротиба гузаронидани 62 намуди ҷарроҳии реконструктивӣ ва барқарорсозӣ дастоварди қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш ба ҳисоб меравад.

Дар ин муддат равобити байналмилалӣ низ густурда шуда, аввалин шартномаи ҳамкорӣ моҳи апрели соли 2017 бо Донишгоҳи тиббии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид. Минбаъд ин раванд тавсеа ёфта, чунин шартномаҳо бо Мактаби байналмилалии тиббии Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Ал-Форобии Қазоқистон, Донишгоҳи байналмилалии қазоқӣ — туркии ба номи Хоҷа Аҳмад Ясавии Қазоқистон, Донишгоҳи тиббии Қарағандаи Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд, Академияи тиббии Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи тиббии Павияи Италия, Донишгоҳи улуми тиббии Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Кабир (ИМА), Донишгоҳи тиббии Софияи Булғористон, Донишгоҳи давлатии тиббии Урал, Донишгоҳи давлатии тиббии Гурҷистон ва Донишкадаи давлатии стоматологии Тошканд имзо шуданд.

- Нияти нек ва азми қавии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон омили асосии рушди кишвар ва рӯзгори пурсаодати тоҷику тоҷикистониён буда, ин тамоюл дар такомули Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ баръалост, — гуфт дар фарҷоми суҳбат профессор Қурбон Убайдулло.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»