Мусоҳибаи мо

Нуралӣ Шоев: донишҷӯён неруи ояндабахши зеҳнии кишваранд

№4 (3305) 07.01.2015

Шоев Н.Н. 2013Яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки мақоми шоиста дорад, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад. Ин донишгоҳ давоми фаъолияти зиёда аз бистсолааш дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи техникаву технология саҳмгузор аст. Роҷеъ ба фаъолияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ректори он, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нуралӣ Шоев суҳбат доштем.

-Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз зумраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбие мебошад, ки мақоми махсус дорад. Барои ноил шудан ба муваффақиятҳо дар донишгоҳ чӣ корҳо амалӣ  шудаанд?

-Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 20 сентябри соли 1990 ҳамчун Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон таъсис ёфта, баъдан ба Донишкадаи саноати сабук ва хӯрокаи Тоҷикистон ва андак  пас ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдил ёфт.

Вазифаи асосии мо — устодони донишгоҳ тайёр кардани мутахассисони варзидае мебошад, ки онҳо тавонанд истиқлолияти иқтисодӣ, бехатарии иттилоот ва коммуникатсиониро таъмин намоянд. Мо кӯшиш дорем, ки дар таъмин намудани амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузорем. Таҳти сарварии Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама манотиқи Ватан  корхонаҳо сохта шуда истодаанд. Дар доираи он ки симои минтақаҳо дигаргун мешаванд ва иқтидори саноатии кишвар пеш меравад, мо бояд чунин мутахассисонеро тарбия намоем, ки онҳо дар ҳама раванд саҳмгузор бошанд. Бояд имконияти ҳар як минтақаи кишвар дуруст истифода шавад. Мо бояд моделҳои иқтисодӣ ва математикӣ бисозем, то пешгӯйиҳои илмӣ карда тавонем. Донишҷӯёни моро зарур аст, ки бояд дар асоси талаботи асри нав моделҳои муосир сохта тавонанд. Дар донишгоҳ, пеш аз ҳама, номгӯйи ихтисосҳо ва равияҳоеро интихоб намудем, ки онҳо фарогири равияҳои иқтисодиёт, технологияҳои муосири иттилоотӣ, технологияи саноати сабук, дизайн, саноати хӯрока ва телекоммуникатсия бошанд. Бо дарназардошти ин омил, Консепсияи рақобатпазиргардонӣ ва рушди инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои  солҳои  2012-2020-ро қабул кардем.

-Ин консепсия чӣ гуна аст ва дар  меҳвари он кадом масъалаҳо қарор дорад?

-Дар он,  пеш аз ҳама, рушди донишгоҳро инъикос кардем. Донишгоҳи мо шояд ягона муассисаи таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб  ёбад, ки дар сохтори худ департаменти технологияҳои инноватсионӣ ва технологӣ, маркази мониторинги сифати таҳсилот, маркази мониторинги рақобатпазирии донишҷӯ дар бозори озоди меҳнат ва ғайраро фаро гирифтааст. Яъне, вобаста ба талаботи  консепсия сохтори идоравиро каме тағйир додем. Қадами дувуме, ки гузоштем, модели рақобатпазирии донишҷӯ дар бозори озоди меҳнат буд. Дар ин замина мо ҳафт талаботи заминавӣ ба донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон пешниҳод кардем ва панҷ сол аст, ки ин таҷриба амалӣ мешавад. Дар доираи ҳафт талаботи фавқуззикр мо тавонистем ба хориҷи кишвар донишҷӯй равон кунем. На танҳо бо давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, балки бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии   Иттиҳоди Аврупо низ робитаҳо барқарор кардем.

Талаботи якуми модел боодобу нексиришт будан, эҳтироми падару модарро доштан буд,  ки дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  амалӣ мешавад.

Талаботи дувуми рақобатпазирии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки донишҷӯй тавонад лоиҳаҳои инноватсионӣ, эҷодӣ ва ё ихтироотиро пешниҳод кунад. Мо вақте ки ҳамин ғояро пешниҳод кардем, бовар надоштем, ки натиҷа медиҳад, аммо натиҷаи он ба мо илҳом бахшид. Ҳар сол донишҷӯён 300-400 лоиҳаи эҷодӣ пешниҳод менамоянд, ки мо дар якчанд сатҳ-кафедра, факултет ва донишгоҳ онҳоро месанҷем. Донишҷӯёни эҷодкорро рӯҳбаланд мекунем, зимни супоридани имтиҳонҳо холҳои иловагӣ пешниҳод менамоем. Ҳатто воҳидҳои корӣ ҷудо кардем, ки дар баробари донишҷӯй будан метавонанд корманд-тадқиқотгар бошанд. Ба ғайр аз ин, дар партави супориши Президенти кишвар  дар департаменти масоили иҷтимоӣ  шаш вазифаро пешниҳод кардем, ки донишҷӯёни муҳтоҷи ёриро ба ҳар гуна кори эҷодиву тахассусӣ фаро гирифта, ба онҳо ҳамчун корманд маош муайян кардем.

Дар ин раванд талаботи сеюми рақобатпазирии донишҷӯй истифодаи воситаҳои электронӣ маҳсуб меёбад.

Талаботи чорум бо се забон-тоҷикӣ, русӣ, англисӣ бехато муколама кардан аст. Барои расидан ба ин ҳадаф мо мусобиқаҳои  тез, зебо ва бехатонависиро ташкил кардем. Ғайр аз ин, байни донишҷӯён мусобиқаҳои зеҳнӣ, маданияти суханварӣ барпо намудем. Барои он ки мо ба ин ҳадаф расем, Шабакаи телевизионии дохилидонишгоҳии «Маърифат»-ро ташкил кардем.

Талаботи панҷуми мо вобаста ба технологияи иттилоотист. Яъне, донишҷӯй имкониятҳои компютериро аз рӯи ихтисос  аз худ намуда, аз рӯи касбият истифода барад.

Талаботи шашуме, ки пешниҳод намудем, таҳияи бизнес — нақшаҳо  буда, доштани малакаи шоҳмотбозӣ талаботи ҳафтум маҳсуб меёбад.

-Айни ҳол робитаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ дар кадом сатҳ аст?

-Мо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб фиристодем, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ният дорад моҳи майи соли 2015  Форуми «Донишҷӯён неруи ояндабахши зеҳнии кишваранд»-ро бо натиҷагирии ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия ва донишгоҳҳои олии Иттиҳоди Аврупо баргузор намояд. Ба 25 таълимгоҳи олии Федератсияи Россия дар асоси ҳамкориҳои тарафайн донишҷӯй мефиристем, ки теъдоди онҳо зиёда аз 1300 нафаранд ва аз он тахминан 1250 нафарашон аз ҳисоби буҷети Федератсияи Россия таҳсил мекунанд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мо омӯзиши забонҳо мебошад. Ин имконият дод, ки зиёда аз 40 нафар донишҷӯён аз рӯи барномаҳои  ТЕМПУС, Эрасмус Мундус ва ғайра ба хориҷи кишвар фиристода шаванд. Ғайр аз ин, гурӯҳи таҳсил бо забони англисиро ташкил кардем. Айни ҳол донишҷӯёни ин гурӯҳ дар курси сеюм мехонанд. Соли гузашта ба омӯзонидани забони хитойӣ шурӯъ намудем.

Давоми се соли охир мо тавонистем дар ҳамкорӣ бо барномаҳои байналмилалӣ зиёда аз 600 ҳазор евро ҳамчун грант ба даст биёрем. Дар заминаи истифодаи ин маблағҳо якчанд синфхонаи компютерӣ ташкил кардем. Ҳоло  зиёда аз 70 фоизи синфхонаҳо бо тахтаҳои электронӣ таъминанд. Ғайр аз ин, тамоми синфхонаҳоро пурра аз таъмир баровардем.

-Соли гузашта бори аввал қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд. Натиҷаи қабул ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чӣ гуна буд?

-Тамоми давлатҳои ИДМ қабули донишҷӯёнро тавассути чунин марказҳо ба роҳ мондаанд. Тақозои замон буд, ки Маркази миллии тестӣ дар Тоҷикистон низ ба фаъолият шурӯъ кунад ва қабули донишҷӯён тавассути он амалӣ гардад. Соли гузашта мо натавонистем, ки ҷойҳои пешбинишударо пурра  кунем.

Сабаби дигар  дар он буд, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамсояи мо низ аксари довталабон ҳавасмандӣ ба тахассусҳои иқтисодӣ, соҳаи журналистика, ҳуқуқшиносӣ ва ғайраро доранд. Маълум шуд, ки зиёда аз 80 фоизи интихоби довталабон ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ будааст.

-Дар  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  факултетҳои муштарак фаъолият дорад. Фарқи ин факултетҳо аз факултетҳои маъмулӣ дар чист?

-Фарқият дар он аст, ки донишҷӯёни дар факултетҳои муштарак таҳсилкарда сертификати пазируфташаванда мегиранд ва дар бозори меҳнати давлатҳои дигар низ чун кадри худӣ пазируфта мешаванд.

-Гирду атроф ва саҳни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хеле ободу зебо гаштааст. Дар корҳои ободонӣ аз кадом таҷриба истифода бурдед?

- Ман меҳнатдӯстиро аз падари меҳрубон омӯхтам. Падарам омӯзгор буданд ва тамоми кор аз дасташон меомад. Мо бинои чорошёна ва технопарк сохтем. Ҳама ҷоро гулпӯш кардем. Ғайр аз ин, аз рӯзи таъсиси донишгоҳ дар ҳамин ҷо кор мекунам ва ин ҷо на танҳо макони сабзиши дарахтони зебо, балки муҳити камолоти инсониам низ мебошад.

Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»