Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: аз мазҳабу миллати худ фахр кунед

№19 (3165) 25.02.2014

пирмухаммадБо мақсади амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии калавиши ҷавонон ба ҳизбу равияҳои номатлуб дар доираи нақша-чорабиниҳои тарбиявӣ раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ маҳфилеро ташкил кард бо номи «Муҳофизати дину мазҳаби Имоми Аъзам дар ашъори устод Рӯдакӣ». Ба ин маҳфил яке аз уламои шинохтаи дин Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода даъват шуда буд. Зимни оғози маҳфил ректори донишгоҳ Ҳайдар Одинаев ҳузури ин донишмандро хайра мақдам гуфта, суханро ба эшон дод.

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар навбати худ аз раёсати донишгоҳ ва ҳозирин барои даъват ба ин маҳфил арзи сипос карда, зимни суханронӣ аз ҷумла чунин гуфт:

-Вақте ки дар бораи мазҳаб сухан меравад, ба ёди кас соли ҷашни Имоми Аъзам-Абӯҳанифа меояд, ки бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавлуди ин бузургвор, ин шахсе, ки боиси тафохури ҳамаи порсигӯёни олам аст, ҷашн гирифта шуд. Мо фахр мекунем, ки чунин бузургон доштем. Ману шумо ҳам аҳли тариқат ҳастем, бузургони гузаштаамонро, аҳли ирфонамонро дӯст медорем. Яке аз орифони мактаби Мавлоно Яъқуби Чархӣ  Саидамири Кулол дар ҳаққи Имоми Аъзам як байте гуфтааст:

Биҳамдиллоҳ, ки фарзанди покам,

Падар ҳам поку модар ҳам афифа.

Дилам пок асту доман пок дорам,

Ба рӯҳи поки Имом Буҳанифа.

Мо ва  устодони калонсоли дар ин маҳфил ҳузурдошта ёд дорем, ки бобоҳою бибиҳоямон, падару модаронамон ба мо тариқи саволу ҷавоб дину оинамонро таълим медоданд ва мегуфтанд, ки агар пурсанд дар мазҳаби кӣ ҳастӣ? Бигӯ: дар мазҳаби Имоми Аъзам.

Мову шумо ба хориҷа сафар мекунем ва медонем, ки тоҷикон дар мамлакатҳои гуногун кору зиндагӣ ва таҳсил мекунанд. Яъне, дар куҷое  бошем, ору номуси мазҳабӣ, ору номуси миллӣ бояд дошта бошем. Дар яке аз конфронсҳои бонуфузе, ки дар Британияи Кабир баргузор шуд, ман ҳам иштирок доштам. Дар маҳфилгоҳи бошукӯҳе ҳамоиши намояндагони ҳамаи адёни рӯйи олам доир гардид. Вақте ки навбати сухангӯии банда наздик шуд, ман андешидам, ки дар ин ҷамъомади бонуфуз чӣ бигӯям? Ҳама бо либосҳои махсуси хеш буданд. Ба ман рӯҳи бузургонамон мадад кард, Мавлоноро ба ёд овардам:

Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о,

Гар кофару гар бутпарастӣ, боз о,

Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,

Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о.

Яъне, ҳамаи мо- фарзандони Одам алайҳиссалом ҳастем ва Худои ягона моро халқ кардааст. Мо бузургони зиёд дорем. Ягон миллат чунин хазинаи  пурғановатро надорад. Дар ин робита, ман ба шумо, донишҷӯёни азиз, насиҳат карданӣ ҳастам, ки:

Гирди номи падар чӣ мегардӣ,

Падари хеш шав, агар мардӣ.

Ё ин ки байти дигаре ҳаст:

Писари Нӯҳ бо бадон биншаст,

Мартабаи нубувваташ гум шуд,

Саги асҳоби Каҳф рӯзе чанд,

Бари некон гирифту мардум шуд.

Пас, мо дар баробари ифтихор аз бузургони гузаштаи хеш бояд гуфтаҳои онҳоро дар амал ҷорӣ кунем, таълимоташонро асоси зиндагии хеш қарор диҳем.

Мавзӯи асосии суҳбат, ки мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат аз нигоҳи устод Рӯдакӣ буд, сипас атрофи он суҳбату саволу ҷавоб сурат гирифт. Зимни ибрози назар ва ҷавоб ба суолҳои ҷавонон Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода аз ҷумла чунин гуфт:

-Роҷеъ ба  ҳаёт ва фаъолияти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пажӯҳишгарон- устодон Саид Нафисӣ, Садриддин Айнӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев кори зиёд анҷом доданд. Доир ба он ки устод дар кадом дину мазҳаб буд, аз забони худи шоир мешунавем:

Гар ту ҳакимию роҳ сӯи ҳикмат ҷӯйӣ,

Сирати ӯ бину худ мазҳаби ӯ дон.

Он, ки бад-у бингарӣ, ба ҳикмат гӯйӣ,

Инак Суқроту ҳам Фалотуни Юнон.

В-ар ту фақеҳию роҳ сӯи шаргиройӣ,

Шофеӣ, инак ту Буҳанифаю Суфиён.

Дар бикушо ба илму ҳикмат,

Гӯш кун, инак ба илму ҳикмати Луқмон.

Яъне, мегӯяд, ки ту агар фақеҳӣ, шариат меҷӯйӣ, пайрави аҳли суннат ва ҷамоат бош. Устод Рӯдакӣ дар дини Ислом буд. Ӯ дини Исломро ончунон қабул дошт, ки тавре худаш мегӯяд:

Маро зи мансаби таҳқиқи анбиё насаб,

Чӣ об меҷӯям зи ҷуйихушки юнонӣ?

Барои тарбияти ҷисм ҷон чӣ ранҷа кунам,

Ки ҳайф бошад Руҳулқудусба сагбонӣ,

Ба ҳусни савр чу булбул муқайяди назмам,

Ба ҷурми ҳусн чу Юсуф асиру зиндонӣ.

Басо нишастам ман бо акобиру аъён,

Биозмудамашон ошкору пинҳонӣ.

Нахостам зи таманно, магар ки дастурӣ,

Наёфтам зи атоҳо, магар пушаймонӣ.

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода бо хоҳиши донишҷӯён қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-ро тафсир карда, дар робита гуфт, ки ҷавониро ғанимат донед. Дар ҷавонӣ бештар илм биомӯзед, дониш захира кунед, некукорӣ намоед, то як умр ба шумо манфиат орад. Пайғамбари гиромиқадр Муҳаммад (с) дар як ҳадисашон мефармоянд: « Аз гаҳвора то гӯр илм биёмӯз». Дар ин робита овардани як байти устод Рӯдакӣ бамаврид аст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Дар ин робита  устод Пирмуҳаммадзода дар поёни суханронии хеш ба донишҷӯён рӯ оварда гуфт:

-Шумо, фарзандони азиз, бихонед, хуб таҳсил кунед, устодонатонро эҳтиром намоед, волидайнатон аз шумо умеду орзуи зиёд доранд. Шумо ояндаи ин ҷамъият ва ин Ватан ҳастед.

Мулоқот хеле хотирмону пурмазмун буд. Миёни устодону донишҷӯён вобаста ба илму ирфон саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

-Ҷавонони мо ҳар чӣ бештар соҳиби саводу дониш ва фаҳмиш бошанд, манфиаташон ба ҷомеа ҳамон андоза зиёд мешавад. Аз ин хотир, барои баланд гардидани савияи дониш ва маърифати донишҷӯён мо баргузории ҳамин гуна маҳфилу мулоқотҳо ва дигар чорабиниҳои муассирро мунтазам идома медиҳем,- гуфт зимни анҷомёбии маҳфил ноиби ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ Лутфия Раҷабова.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»