Об муъҷизаи асрорангез ва офарандаи ҳаёт аст

№114 (3415) 26.08.2015

«Дар дунё  касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният  дурри гаронбаҳост, зеро об ин худи ҳаёт аст, об-ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем».

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015),  9 июни соли 2015, шаҳри Душанбе

Xiik5uE8vpkҲаёту ҳастӣ ва афзоиши тамоми мавҷудоти рӯи Замин, алалхусус одам ба об, ба ин муъҷизаи асрорангези табиат вобаста мебошад. Аз ин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000) чунин иброз намуда буданд: «Яке аз проблемаҳое, ки имрӯзу фардои наздик бисёр кишварҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш меорад, таъмини аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ мебошад».

Аз ин рӯ, баҳри бедор намудану ташаккул додани одобу маърифати экологии кӯдакону наврасон ҳар як шахси солимақлу бохирад, ватандӯсту ифтихори миллидоштаи Тоҷикистонро  зарур аст, ки дар сарфакорона истифода намудани ин неъмати бебаҳо худ намунаи ибрат бошад.

Имрӯз дар кураи Замин 1,2 миллиард нафар, яъне аз панҷ як нафар имконияти дарёфти пурраи оби нӯшокиро надоранд ва зиёда аз 2,5 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ эҳтиёҷ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати манбаву захираҳои обҳои тозаи нӯшокӣ  дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.

Баҳри амалӣ гардидани Паёму суханрониҳо ва иқдомҳои неку хирадмандонаи Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёиён, кормандони ҳифзи табиату хоҷагиҳои обу мелиоратсия, мутахассисони соҳаи кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ, олимон, муаллимону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбиро лозим меояд, ки оид ба истифодаи оқилонаю сарфакоронаи об чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монда, саҳми босазои хешро дар ин самт гузоранд.

Дар анҷумани сеюми ҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои об, дар шаҳри Киотои Япония, 18-уми марти соли 2003, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зимни суханрониашон чунин зикр карданд: «Проблемае, ки мо имрӯз дар бораи таъминоти об муҳокима мекунем, сол то сол барои тамоми башарият аҳамияти бештар пайдо менамояд. Сарфакорӣ  ва истифодаи оқилонаи захираҳои об солҳои охир барои бақои ҳаёти инсоният аҳамияти ҷиддӣ пайдо менамояд.».

Воқеан, бо пешниҳоди Сарвари давлати мо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 — «Соли байналмилалии оби тоза»,  соли 2005-2015 — Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт» эълон карда шуд.

Аз нигоҳи илмҳои зистшиносӣ муайян карда шудааст, ки ҳаёт ва нишонаҳои он ибтидо дар об ба вуҷуд омадааст. Об яке аз унсурҳои табиати муъҷизакор ва мавҷудияти организмҳои зинда мебошад.

Аз рӯи маълумотҳои олимон муайян шудааст, ки тақрибан 71 фоизи кураи арзро оби уқёнусҳо, пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва ғайра ташкил менамоянд. Дар мақолаи худ таҳти унвони «Захираҳои ҷаҳонии об» А.И.Шикломанов (ниг. маҷаллаи «Природа и ресурсы», №1-2, соли 1991) ёдовар шудааст, ки захираҳои умумии оби кураи Замин 1385984000 км3-ро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 138800000 км3 ё худ 96, 5 фоизашро оби уқёнусҳо дар бар мегирад. Аз захираи умумии обҳои кураи Замин таносуби обҳо чунин аст: обҳои зеризаминӣ — 1,7 фоиз, пиряхҳо ва қабатҳои яхбандии доимӣ — 1,74 фоиз, яхҳои зеризаминии минтақаҳои яхбандии абадӣ — 0,022 фоиз, захираҳои оби кӯлҳо — 0,013 фоиз, оби ботлоқҳо — 0,0008 фоиз, оби дарёҳо — 0,0002 фоиз, оби биосфера — 0,00007 фоиз, оби атмосфера — 0,0009 фоиз.

Бештари захираи обҳои кураи арзро обҳои шӯр ташкил мекунанд. Миқдори обҳои ширини кураи Замин 2,53 фоиз ё 35029000 км3-ро ташкил медиҳад. Манбаъ ва захираҳои асосии обҳои Тоҷикистонро пиряхҳо, обҳои кӯлҳо, обанборҳо, дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ дар бар мегиранд.

Яке аз манбаъҳои захиравии обҳои олам обҳои зеризаминӣ мебошанд. Ин обҳо дар қисми болоии қишри Замин то чуқурии 12-16 км, дар ҳолати моеъ,  сахт (ях) ва буғ вомехӯранд.

Обҳои зеризаминӣ  дар навбати худ ба обҳои зеризаминии озод ё гравитсионӣ (обҳоеро, ки бо вазни худ ҳаракат мекунанд, обҳои озоди зеризаминӣ меноманд) ва обҳои зеризаминии пайваст ( дар рӯи ҷинсҳои кӯҳӣ, ба монанди парда ё буғ ҷойгир шудаанд) ҷудо мешаванд. Обҳои дар сӯрохиҳои майдаи ҷинсҳои кӯҳӣ воридшударо обҳои зеризаминии капилярӣ меноманд.

Вобаста ба ҷойгиршавиашон дар ковокиҳо ё холигиҳои ҷинсҳои обнигаҳдор, обҳои зеризаминӣ ба обҳои зеризаминии масомагӣ (дар ҷинсҳои ковок-рег, шағал ва ғайраҳо), обҳои зеризаминии тарқишӣ (миёни ҷинсҳои кӯҳӣ-граниту гнейсҳо) ва обҳои зеризаминии карстӣ (дар таркиби ҷинсҳои ҳалшаванда – гач, оҳаксанг, доломит ва ғайраҳо) тақсим мешаванд.

Дар таркиби обҳои зеризаминӣ моддаҳои гуногуни химиявӣ, аз ҷумла моддаҳои органикӣ ва газҳо мавҷуд мебошанд.

Обҳои зеризаминие, ки дар миёни қабатҳои обногузари хок (гил) дар чуқуриҳои гуногун захира мешаванд, обҳои артезианӣ номида мешаванд. Барои ҳамин ҳам ҳангоми кофтани чоҳҳо обҳои артезианӣ фаввора зада, ба боло мебароянд. Манбаи асосии обҳои артезианӣ чашмаҳои ҳарораташон хунуку гарм, обҳои минералии шифобахш, чашмаҳои шӯр ба ҳисоб мераванд, ки дар хоҷагӣ барои ошомидан, обёрӣ, истифода дар саноат, чорводорӣ, табобат, истеҳсоли намак истифода бурда мешаванд.

Ба қатори обҳои артезианӣ оби чоҳҳои дар ҳамвориҳои деҳот, ноҳияҳо ва дигар мавзеъҳо кандашуда дохил мешаванд, ки барои бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҳатто чорво ба таври васеъ истифода мегарданд.

Об дар тағйир додани иқлим нақши калон  мебозад. Аз ин сабаб иқлими назди ҷӯй, каналу дарё ва баҳру уқёнус сард аст. Об ҳамчун воситаи истеҳсоли неруи барқ, ҳаракатдиҳандаи чархҳои осиёб, агрегатҳои пуриқтидор, ҳалкунанда, шӯянда, хунуккунанда ва рушду нумуи соҳаҳои моҳидорӣ, моҳипарварӣ ва кишоварзӣ  ба шумор меравад.

Дар табиат об ҳамеша дар гардиш аст. Об аз сатҳи замин бухор шуда, ба қабатҳои атмосфера паҳн шуда, сипас боз ба шакли борон, барф ва ғайра ба замин мерезад. Об дар раванди ин гардиши худ ба иқлим таъсири калон мерасонад. Нақши об дар вайрон кардани ҷинсҳои кӯҳӣ хеле калон аст. Об ба ҷинсҳои кӯҳӣ на танҳо таъсири механикӣ расонида, онҳоро пора-пора мекунад, инчунин бо онҳо ба реаксияи химиявӣ дохил мешавад. Бо иштироки фаъолонаи об дар табиат бисёр ҷинсҳои нави кӯҳӣ ба вуҷуд меоянд. Оби табиӣ ҳаргиз тоза нест. Вай аз моддаҳои ҳалшуда ва ҳар гуна омехтаҳои механикӣ  иборат мебошад. Дар як тонна оби баҳр ба ҳисоби миёна қариб 35 кг, оби кӯл 20 кг, оби дарё 1,6 кг, оби борон 50 г моддаҳои ҳалшуда мавҷуд аст. Ин гуна моддаҳо бештар дар оби баҳру уқёнусҳо вомехӯранд. Дар оби борону барф тагшин хеле кам ба назар мерасад.

Дар оби баъзе чашмаҳо маҳлули моддаҳое ҳастанд, ки хосияти шифобахшӣ дошта, чунин обҳоро минералӣ меноманд. Онҳо барои муолиҷаи касалиҳои гуногун истифода мешаванд. Чашмаҳои оби минералӣ дар Кавказ (Кисловодск, Пятигорск, Матсеста ва ғайра), инчунин дар Украина (Трусковетс), Шарқи Дур ва дигар ҷойҳо мавҷуданд. Дар Тоҷикистон  ҳам чашмаҳои оби минералӣ хеле зиёд вомехӯранд. Аз 4/3 ҳиссаи сатҳи замин бо об пӯшида шуда бошад ҳам, қариб 60 фоизи сатҳи замин аз обҳои нӯшокӣ маҳрум аст ва 500 миллион одам ба бемориҳое  гирифторанд, ки ба норасоии об вобастагӣ доранд.

Ҳангоми нарасидани об фаъолияти узвҳои  ҳозима, гардиши хун ва ғайра номуташаккил мегардад. Одам метавонад бе об якчанд рӯз зиндагӣ кунад. Бо талаф шудани ду фоизи оби бадан (1 — 1,5 литр) ташнагӣ ҳис карда мешавад. Бо талафи 6-8 фоиз сар чарх мезанад ва чун норасоии об дар бадан ба даҳ фоиз расид, одам аз ҳуш меравад. Норасоии 12 фоизи об дар бадан боиси фавти организм мешавад. Ҳайвонҳо ҳангоми норасоии 20-25 фоизи оби бадан ба марг дучор мешаванд.

Д. Л. САЙДАҲМАДОВА, дотсент,

С. С. МИРЗОЕВ, профессор, устодони кафедраи биологияи Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ