Оинаи таърих ва давлатдорӣ

№68-69 (4330-4331) 22.05.2021

Волоияти забон аз назари Пешвои миллат

Хунукназарӣ нисбат ба забони модарӣ беэҳ­тиромӣ ба модар, Ватан ва миллат аст. Аз ин рӯ, забонро пос доштан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Сарвари давлат дар ин бора мефармоянд: «Насли имрӯза ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огаҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем».

Забони тоҷикӣ саргузаш­ти хунинро паси сар карда, борҳо ба он хатари аз байн рафтан  таҳдид дошт. «Ин забон, — қайд менамояд аллома Бобоҷон  Ғафуров, — дар ҷои холӣ ба вуҷуд наомадааст ва ба вуҷуд омада ҳам наметавонист. Таърихи он на ин ки аз давраи истилои араб, балки аз асри VI пеш аз миллод шурӯъ мегардад, ки ин иддаоро ёдгориҳои таърихӣ тасдиқ менамоянд».

Бобоҷон Ғафуров бо далелҳои мушаххас исбот менамояд, ки то замони истилои араб забони тоҷикӣ нуфузи воло дошт. Аз ҷумла, «Авасто», «Худойнома», «Таърихи мулки Аҷам» қадимтарин осори хаттии халқӣ ҳастанд.

Забони тоҷикӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ сарпарасти ҳақиқӣ пайдо кард. Он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки тавсия ва ҳидоятҳояшон дар рушди забон нақши бориз доранд: «Аксарияти роҳбарон дар идора ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳатто дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва парлумон, аз тариқи радио ва телевизион бо лаҳҷаи деҳа ва маҳали худ ҳарф мезананд. Кам роҳбароне ҳастанд, ки забони адабиро дуруст омӯхта, имло ва меъёрҳои онро риоя мекунанд, ибрати муоширати баланд нишон медиҳанд. Гӯё онҳо аз ягон мактаб нагузаш­таанд ё дар умрашон китоби бадеӣ нахондаанд. Ба ин амали носавоб ба таври қатъӣ хотима бояд гузошт. Роҳбарони тамоми шохаҳои ҳокимият, умуман, хизматчиёни давлатӣ, дар кадом сатҳ набошад, бояд аз ҳама ҷиҳат, аз ҷумла, дар суханронӣ, намунаи ибрат бошанд. Фаромӯш набояд кард, ки одобу маданияти роҳбарӣ, пеш аз ҳама, аз фасоҳати забон ва муоширати нек шурӯъ мешавад».

Пешвои миллат 25 сол пеш, дар табрикоти хеш ба муносибати Рӯзи забон, гуфта буданд, ки: «Дар тӯли ҳазорсолаҳо беҳтарин фарзандони миллати мо — бунёдгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсии Тӯсӣ, Абӯалӣ Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Умари Хайём, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Носири Хисраву Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Турсунзода, Б. Ғафуров ва садҳо нафари дигар бо ин забон осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод карда, ганҷинаи тамаддуни башариро ғанӣ гардондаанд ва бо ин васила моро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо мо пайванд додаанд».

Забон оинаи таърих аст ва давлатдории моро ифодагар мебошад, ки дар ин бобат Пешвои миллат чунин гуфтаанд: «Истиқлолият бо забон робитаи бевосита дорад. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро на танҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории  мо мебошад».

Агар қадру манзалати Ватан, миллат ва забонро ба таври амиқ дарк насозем, зарурати гус­тариши худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тонро пайваста таъкид накунем, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиёту фарҳангро таъмин карда наметавонем.

- Таърих гувоҳ аст, ки баъд аз гум кардани забони модарӣ миллат низ дер ё зуд тафаккур, ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳанги бегонаро мепазирад, — таъкид намудаанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳоло забони давлатии тоҷикон забони сиёсат, тиҷорат, фарҳанг, илм ва шеър аст. Забоне, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат устувортар гашта, пайваста рушд меёбад.

Ҳ. САФАРЗОДА,

сардори факултети дуюми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 полковники милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ,

С. САФАРОВ,

  омӯзгори ДДМИТ