Ғолибони даври ниҳоии озмуни «Донишҷӯйи сол – 2013»

№152 (3137) 03.12.2013

Дар шароити кунунӣ масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Дар ин замина Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад. Мувофиқи барномаи кории кумита чанде пеш дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни навбатии «Донишҷӯйи сол – 2013» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ доир гардид.  Дар озмуни «Донишҷӯйи сол — 2012» донишҷӯйи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардида буд.

Ҳадаф аз баргузории озмун дар байни донишҷӯёни макотиби олии мамлакат дарёфти донишҷӯйи беҳтарин, ҳавасманд ва тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи илмдӯстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Ғолибони даври аввали озмун бо пешниҳоди роҳбарони макотиби олӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Дар озмун аз мактабҳои олии шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва шаҳри Душанбе 18 нафар донишҷӯёни беҳтарин ширкат намуданд. Бино ба иттилои сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бӯриев, тибқи тартиби баргузорӣ  аввал аз толибилмон кори хаттӣ гирифта шуд. Сипас, ба онҳо як саволӣ дар доираи фанҳои ҷамъиятшиносӣ, сиёсати давлатии ҷавонон пешниҳод гардид, ки ба саволҳои пешниҳодшуда довталабон ба таври хаттӣ ҷавоб навиштанд. Ҳамчунин омӯзгорон дониши забонӣ ва технологияи муосири довталабонро санҷиданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун Неъматулло Солеҳов -донишҷӯйи соли дуюми факултети молия ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Меҳриниссо Раҳмонзода -донишҷӯйи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Қобилҷон Ғафуров -донишҷӯйи соли чоруми факултети муштараки тоҷикӣ-туркии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷойи дуюм, Мубораки Рустамзод-донишҷӯйи соли сеюми факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Меҳрона Зиёева -донишҷӯйи соли дуюми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибони озмун ва тамоми иштирокчиёни он бо дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи мазкур сарфароз шуданд.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»