Олими тоҷик ба илми нав асос гузошт

№9 (4429) 11.01.2022

РАчабовЧанде пеш китоби номзади илмҳои физикаю математика Тоир Раҷабов «Оиди тафовутҳо дар табиати мавҷудоти зинда» дастрас гардид. Он ҳаҷман қалон набошад ҳам (92 саҳифа), баландмазмуну пурмоҳият аст. Соли 2016 зимни форуми китоб дар шаҳри Лондон рӯйнамоӣ шуда, муж­да расид, ки бо унвони «Оиди тафовутҳо байни одамон, халқҳо ва миллатҳо»  бо 8 забон, аз ҷумла, англисӣ, немисӣ ва франсузӣ ба табъ расидааст. Ин комёбии олими тоҷик боиси ифтихор аст.

Тоир Раҷабов фаъолияти гуногунсоҳа дорад. Номзади илмҳои физикаю математика, муаллифи ду назарияи илмӣ дар соҳаи табиатшиносӣ — «Физикаи гир-моделӣ» ва «Назария оиди тафовутҳо дар вуҷуди мавҷудоти зинда» ва лоиҳаҳои техникӣ мебошад. Маҷмӯаи шеърҳои фалсафии «Дар фазои муҳтаво» — ро манзури хонандагон гардондааст. Фаъолияти илмӣ — эҷодӣ ва асарҳои олими пурсамар мавриди таваҷҷуҳи донишмандон ва коршиносони ватанию хориҷӣ низ қарор гирифтааст

- Ба фаъолияти илмиву эҷодии Раҷабов назар карда, гуфтан мумкин аст, ки ӯ энсиклопедист низ ҳаст, — мегӯяд доктори илмҳои техникӣ, профессор А. Шарифов.

Яке аз рӯзноманигорони собиқадори кишвар Олег Соболев соли 2005 дар рӯзномаи «Народная газета» Тоир Раҷабовро «генератор идей» номида буд.

Муаллифи ин сатрҳо низ роҷеъ ба ихтирои ҷолиби вай навишта будам. Он «Тарзи Раҷабовии тайёр намудани қолабҳои офсетӣ» унвон дошт. Дастовардҳои илмиву техникӣ ва эҷодии қаҳрамони матлаб хеле зиёд аст ва иншои матлаби алоҳидаи мукаммалро талаб мекунад.

Китоби «Оиди тафовутҳо байни одамон, халқҳо ва миллатҳо», дар Китобхонаи миллӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикис­тон ҳам муаррифӣ шудааст. Дар он олимони шинохтаи тоҷик ҳузур доштанд ва асарро таҳлил карданд.

Яке аз муқарризон И. А. Загребелний навиштааст: «Муаллиф ҷуръат намудааст, ки ба тадқиқоти мавзӯи басо мураккаб ва доманадор даст занад, мавзӯе, ки дар он бисёр олимони давраҳои гузашта, ҳатто дар соҳаҳои алоҳидаи он ба натиҷаҳои дилхоҳ муваффақ нашуда буданд». Муқарриз китобро таҳлил карда, дар хотима нигоштааст: «… кори навоваронаи Раҷабов, ки мавзӯи фалсафии афкори шахсӣ ва иҷтимоиро дар бар мегирад, ба як равияи муҳими илмӣ, ин ҳам бошад, сохтани модели риёзии афкори инсонӣ, ҳамчун заминаи пешдиди рафтори баъдинаи он аст, равона мебошад. Ин ташаб­буси басо муҳим ва назаррас мебошад, ки ҳатман пайравони худашро пайдо мекунад».

Доктори илмҳои химия, профессор М. Раҳимова дар тақризаш овардааст: «Бори аввал аз тарафи муаллиф кори ниҳоят мураккаби илмӣ – гурӯҳбандии сифатҳои мотиватсионӣ ба сомон расид». Профессор М. Раҳимова хулоса кардааст, ки «Ин китоб натиҷаи меҳнати тӯлонӣ ва пурмашаққати муаллиф, ки ба илм, ҷамъият, нигоҳи хос дорад, мебошад. Бо хондани ин китоб кас ба арзишҳо ва воқеият бо чашми дигар нигоҳ мекунад. Тасаввуроташ комил гардида, ақидаву рафтори худро таҳлил  ва ислоҳ мекунад. Ин бисёр аҷиб ва хеле хуб аст!».

Доктори илмҳои иқтисод, профессор Ш. Дӯстбоев кори илмии Раҷабовро кори «пионерӣ» арзёбӣ карда, навиштааст, ки он барои илми иқтисод низ аҳамияти муҳим дорад. Ӯ қайд мекунад, ки он ба татбиқи барномаҳои иқтисодӣ дар минтақаҳои гуногуни олам алоқамандӣ дорад.

Академики АМИТ Г. Мироҷов таҳқиқоти муаллифро таҳлил намуда, хулоса кардааст, ки як қатор масъалаҳо бори аввал мат­раҳ ва амиқ баррасӣ шудаанд. Ӯ қайд кардааст, ки монографияи Т. Раҷабов ҳиссагузорӣ баҳри инкишофи фалсафаи инсон, таълимоти психоэмотсионалӣ мебошад.

Номзади илмҳои физикаю математика Ҳ. Ҳабибуллоев ба хулоса омадааст, ки «Т. Раҷабов бо ин кори илмӣ ба соҳаи нави илм асос гузоштааст, зеро ки дар он ҳама аломатҳои илми навро дидан мумкин аст». Ва пешниҳод кардааст, илми нав, ки кори Раҷабов ба он асос гузош­та метавонад, «Навинсоншиносӣ» номгузорӣ шавад.

Академики АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор М. Маҳмудзода аҳамияти назариявӣ ва амалии кори Раҷабовро дар соҳаи илми ҳуқуқ маънидод кардааст.

Нисбат ба китоби мазкур доктори илмҳои биология, профессор В. Бобоҷонов, доктори илмҳои тиб, профессор В. Мамуров, доктори илмҳои химия, профессор М. Каримов номзади илмҳои тиб П. Холматов, доктори илмҳои физикаю математика, профессор А. Комилӣ низ андеша баён намуда, дар маҷмӯъ, тадқиқоти илмии муаллифро падидаи нав арзёбӣ намудаанд. Бегуфтугӯ, кушодани саҳифаи нав дар илми ҷаҳонӣ амали басо нодир ва маҳсули неруи зеҳнӣ буда, боиси ифтихор мебошад, ки ба он олими тоҷик Тоир Раҷабов муваффақ шудааст.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»