Омӯзгор, журналист ва фарҳангшинос

№67-68 (3213-3214) 24.06.2014

Ёгбеков1Одамоне ҳастанд, ки дар ягон мактаби мусиқӣ ё драмавӣ таҳсил накардаанд, вале завқи баланди эстетикӣ, маҳорати сарояндагӣ, навозандагӣ, актёрӣ ва таҳиягарӣ доранд.

Яке аз онҳо муаллими азизамон Занҷирбек Ёғбеков мебошад, ки алъон мехоҳам дар бораи завқи баланди бадеӣ- зебоишиносии ӯ андешаронӣ намоям.

Устод Ёғбеков дар хонаводае ба дунё омадааст, ки дар он муҳити фарҳангӣ- маърифатӣ барҷо буд. Бобояш мулло ва мутриб, падару амакаш ҳам мутриби хубе буданд. Албатта, завқи бадеиаш аз муҳити хонавода маншаъ гирифтааст.

Солҳои 1950- 1955 дар факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Нуктаи ҷолиб он аст, ки дар баробари донишомӯзӣ мавсуф дар вохӯриҳо бо адибони машҳур Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил иштирок намуда, ба театрҳо, филармония рафта, аз ҳунари волои ҳунармандони номдор Муҳаммадҷон Қосимов, Тӯҳфа Фозилова, Алиназар Хоҷаев, София Тӯйбоева, Гурминҷ Завқибеков, Раъно Ғолибова, Малика Собирова, Шариф Ҷӯраев, Лутфӣ Зоҳидова ба ваҷд омада, бо қобилияти режиссёрии Е.И.Мителман ва Ф.Александрин шинос шудаву дар ин замина донишу малакааш такмил меёбад.

Фаъолияти меҳнатиаш, ки қариб 45 сол идома ёфт, дар муассисаҳои таълимӣ ва идораи рӯзномаи ноҳиявии  «Овози дӯст» гузаштааст. Ӯ замони дар мактаб ва дар редаксия кор карданаш, барои театри халқӣ ва ҳаваскорон монтажҳои адабӣ- мусиқӣ ва интермедия навишта, барои сюитаҳои созию овозӣ шеърҳо интихоб мекард. Муҳим он буд, ки дар таҳияи монтажу сюитаҳо ва рақсҳо бевосита иштирок менамуд.

Банда Занҷирбек Ёғбековро аз наздик мешиносам. Вай солҳои 1962- 1965 дар мактаб- интернати ба номи Ленини ноҳияи Рӯшон муаллим ва ман толиба- узви маҳфили ҳаваскорони санъати мактаб будам.

Ба зиммаи устод ба ғайр аз дарс вазифаҳои ҷамъиятӣ низ вогузор буд, ки яке аз онҳо ёрӣ расонидан ба маҳфили ҳаваскорон маҳсуб меёфт. Муаллими забон ва адабиёти тоҷик бо мо, ҳаваскорон чунон кор мекард, ки  гӯё вай ягон мактаби махсуси санъатро хатм карда бошад. Хор, суруди якка, бадеҳа, рақсҳои сужетдор ва сюитаро устодона таълим дода, ба тамошобин пешкаш менамуд. Мунтазам дар клуби деҳаи Баррӯшон консерти шавқовар барпо мешуд, ки ба тамошои ҳунари ҳаваскорони мо аз деҳаҳои ҳамсоя- Дерӯшон, Дерзуд ва Барзуд меомаданд.

Соли 1963 дастаи ҳаваскорони санъати мактабамонро ба маркази ноҳияи он вақт муттаҳидшудаи Дарвоз –Ванҷ- Рӯшон, яъне Ванҷ бурданд ва ба вакилони конференсияи ҳизбӣ консерти калон нишон додем. Котиби якум М.Шоев ба ваҷд омада, ба саҳна баромад ва моро табрик гуфт.

Тамошобинон ҳар як баромади моро бо кафкӯбии бардавом истиқбол мегирифтанд.

Мувофиқи дастури Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон барномаҳои ҷолиби консертӣ омода карда, дар азназаргузарониҳо бомуваффақият баромад мекардем. Баромади ҳаваскорони мо дар ҳамаи зинаҳои азназаргузаронӣ ҷойҳои сазоворро ишғол менамуданд.

Соли 1957 ҳаваскорони ноҳияи Рӯшон барои ширкат варзидан дар азназаргузаронии ҷумҳуриявӣ ба Душанбе рафта, дар стадиони шаҳрӣ тайёрӣ медиданд. Нуқра Раҳматова он вақт толибаи синфи ҳафтум ва иштирокчии ҳамин азназаргузаронӣ буд. Ӯ дар тақлид ба оҳанги ҳиндӣ аз кинофилми «Оворагард» дар нақши муаллима бо гурӯҳи духтарон чистон- суруд мехонд, ки бисёр форам ба гӯш мерасид. Чистонҳоро муаллим Занҷирбек бо истифода аз эҷодиёти халқ навишт. Садҳо одамон ба  стадион омада, аз ҳунари волои рӯшониён ҳаловат бурданд. Дар байни онҳо Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар низ буд.

Соли 1964 ҳаваскорони Рӯшон ба азназаргузаронии ҷумҳуриявӣ бо репертуари рангини консертӣ рафтанд. Ба замми суруд рақс, хониши бадеӣ, композитсияи «Аз Аврора то Шарқ» (муаллиф З.Ёғбеков) ва сюитаи «Гулзори Рӯшон» (таҳияи Д.Дӯсталиев) ба тамошобинон писанд омаданд. Санъаткорони рӯшонӣ аз шаҳри Душанбе бо гирифтани ҷойи дуюм баргаштанд.

Соли 1969 дар Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ композитсияи адабӣ-мусиқӣ ва рақсии «Зиндаи ҷовид»-и Занҷирбек Ёғбеков намоиш дода шуд. Тамошобинон онро хуш пазируфтанд. Вазири онвақтаи маданияти ҷумҳурӣ Меҳрубон Назаров, ки дар консерт ҳузур доштанд, муаллимамонро табрик намуданд. Ҳамон сол дар пойтахти ҷумҳуриамон- шаҳри Душанбе азназаргузаронии истеъдодҳои халқӣ шуда гузашт. Композитсияи зикршуда дар репертуари санъаткорони рӯшонӣ дохил буд таваҷҷуҳи бинандагонро ба худ ҷалб намуд, зеро  иштирокдорони композитсия дар нақши мардуми рус, куба, ҳинду ва африқоӣ бо сарулибоси онҳо суруд хонда  мерақсиданд. Шоир ва журналисти варзида Муҳаммадалишо Ҳайдаршо аз консерт ба ваҷд омада, таассуроти худро дар   рӯзномаи «Сельская жизнь» чоп намуд. Дере нагузашта аз вилояти Томски Федератсияи Россия аз номи як мухлиси санъат унвонии Занҷирбек Ёғбеков  мактуби табрикотӣ омад.

Аз истеъдоди худододи З.Ёғбеков Ҳофизони халқии Тоҷикистон Кулмамад Илназаров, Моҷон Назардодова, Мусаввар Минаков, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Маҳмадназар Ҳотамов ва Шер Пӯлод низ бархӯрдор буданд.

Мо — Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ғолиб Исломов, Шералӣ Абдулқайсов, Нуқра Раҳматова, Асалбек Назриев дар замони  мактабхониамон аъзои маҳфили ҳаваскорон буда, аз ин устоди меҳрубон хеле баҳра  бардоштаем.

Маҳингул НАЗАРШОЕВА, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон