Ҳомии ҳуқуқҳои аҳли илм ва маориф

№137 (3283) 20.11.2014

Мусоҳиба бо раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурозиқ Ризоев

«Мо минбаъд низ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонем, зеро омӯзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд».

 Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014

Rizoev1-Соҳаи маориф яке аз самтҳои пешбарандаи ҳар як ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар ин замина омӯзгор дар таълиму тарбияи аҳли ҷомеа ва умуман рушди дигар соҳаҳо саҳми хоса дорад. Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои кормандони соҳаи маориф ва илм чӣ корҳоро анҷом додааст?

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид карданд: «Мо минбаъд низ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонем, зеро омӯзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд».

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар боби мақоми омӯзгор, моддаҳои 52, 53, 54  ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор, имтиёзҳо ва таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф пешбинӣ гардидааст. Кумитаи иттифоқи касабаи  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор», «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра ба роҳ монда, барои беҳтар гардидани шароити кору зисти аъзои иттифоқи касаба, аъзои оилаи онҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, пешгирии қонуншиканӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби корфармоёни алоҳида  ва боло бурдани сифати дониши хонандагону донишҷӯён талош меварзад. Имрӯз аъзои иттифоқи касабаи соҳаи маориф ва илм дар 5242 ташкилоти зерсохтори кумита муттаҳид гаштаанд.

Дар давраи солҳои 2007-2014 оид ба  масъалаҳои гуногун ба кумита 2941 муроҷиати шифоҳӣ ва 960 мактубу дархостҳо ворид ва ба дигар ташкилотҳо 1131 ҳуҷҷатҳо ва 1502 аризаҳои хаттию шифоҳӣ ирсол гардидааст, ки аксарияти онҳо дар муҳлатҳои муайяншуда ҳал гардидаанд. Кумитаи иттифоқи касаба дар асоси Созишнома бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми маъракаҳои сиёсӣ ва маънавӣ иштирок ва саҳмгузорӣ менамояд.

-Оё дар ҳама ҷо барои олимон, омӯзгорон шароити мусоиди кору фаъолият муҳайё  шудааст?  Мушкилоти ба миёномада чӣ тавр ҳал мегарданд? Дар ин самт санҷишу омӯзишҳои шумо чӣ камбудиҳоро ошкор намуд?

- Мо мунтазам санҷишҳо мегузаронем ва мактубу дархостҳои аз ҷониби аъзо расидаро мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Маълум мегардад, ки на дар ҳама ҷо барои ҳалли мушкилоти омӯзгорону олимон кӯшиш мекунанд. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе бархе аз  омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи умумӣ ва олии касбӣ дар хонаҳои иҷора, хобгоҳҳои донишҷӯён аз ду то чор фарзанд зиндагӣ доранд. Давоми 20 сол ба ягон омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти касбӣ хона дода нашудааст ва оид ба ин масъала кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе борҳо мактуб ирсол карда, хоҳиш намуд, ки ақаллан ба омӯзгорони эҳтиёҷманд тариқи қарз хона дода шавад, вале ҷавоб гардониданд, ки мо ин гуна имконият надорем.

Оид ба ин масъала фаъолияти кумитаҳои иттифоқи касабаи ноҳияҳои Восеъ, Файзобод, Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат, Исфараро мисол овардан ҷоиз аст, ки дар комиссияҳои тақсимоти замини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамроҳ ҳастанд ва кӯшиш менамоянд, ки ҳар чӣ бештар манфиаташон ба аъзо расад. Фаъолияти А.Қурбонов-раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ноҳияи Рӯдакӣ дар ин самт қобили таҳсин мебошад. Мавсуф давоми панҷ соли фаъолияташ  мусоидат кардааст, ки 512 нафар омӯзгорон соҳиби замини наздиҳавлигӣ ва чор нафар омӯзгорони ҷавон бо хобгоҳ таъмин шаванд.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои 2007- 2014 дар аксари кумитаҳои иттифоқи касаба се маротиба Созишномаи коллективӣ баста шудааст. Кумита дар асоси Созишномаи коллективӣ, ки бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст, дар ҳама чорабиниҳо ширкат варзида, барои ҳавасманд гардонидани иштирокчиён саҳмгузорӣ менамояд. Мутаассифона, Созишномаи коллективие, ки миёни кумита, Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 -2014 баста шудааст, пурра натиҷагирӣ нашудааст.

-Кумита дар самти ташкили истироҳати мактабиён ҳангоми таътил ва ҷашнвораҳо чӣ корҳоро анҷом додааст?

-Тибқи қарорҳои дар ин бобат ба тасвибрасидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар назди кумита ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ситодҳои «Тобистон-2014»-ро таъсис додем. Дар ин замина муроҷиати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро сармашқи кори худ қарор дода, 93 нафар кӯдаконро аз мактаб- интернатҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ёвон, Шаҳринав, Рӯдакӣ, хонаи кӯдакони шаҳри Душанбе дар истироҳатгоҳи «Чайка» ба истироҳат фаро гирифтем. Соли ҷорӣ дар мавсими истироҳати тобистона кумита дар чор баст истироҳати бофароғати 1180 нафар кӯдакону наврасонро таъмин намуд. Дар баробари ин, имсол дар истироҳатгоҳҳо 16  нафар устодони шаҳри Қӯрғонтеппа, 17 нафар омӯзгорони литсейи президентии ноҳияи Бохтар, 18  нафар нозирони меҳнат ва техникаи бехатарии кумитаҳои иттифоқи касаба муддати як ҳафта курси такмили ихтисосро гузаштанд. Дар истироҳатгоҳи «Чайка»зиёда аз 500  нафар кӯдакони кормандони соҳа хуб истироҳат карданд.

Кумита якҷоя бо Раёсати маорифи шаҳри Душанбе истироҳати кӯдакону наврасонро дар 36 майдончаи солимгардонии наздимактабӣ ва чор истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ таъмин карданд.

Кумита ва шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Ҳамсафар»-ро ба таври ҳашар бо қувваи омӯзгорони шаҳр барои қабули кӯдакону наврасон омода карданд. Дар чор баст дар истироҳатгоҳ 353  нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла дар мавсим 31 нафар наврасон аз ВМКБ, инчунин 66 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат дар истироҳатгоҳ истироҳат карданд.

- Иттилоъ гирифтем, ки дар кумита лоиҳаи барномаи нави фаъолият омода шудааст…

-Бале, аз ҷониби мутахассисон «Барномаи рушди самтҳои асосии фаъолияти Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2021» таҳия гардид ва он  19 октябри соли ҷорӣ дар пленум мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуд. Тибқи қарори дар пленум қабулшуда барои тасдиқ ба Анҷумани XII Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 ноябри соли 2014 баргузор хоҳад гардид, пешниҳод шудааст. Лоиҳаи барномаи мазкур ба ҳамаи раисони кумитаҳои зерсохтор ва аъзои иттифоқи касабаи соҳавӣ дастрас гардида, фикру мулоҳизаҳояшон ҷамъоварӣ ва дар анҷумани навбатӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Мусоҳиб Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»