Озмуни «Хомаи созанда» эълон шуд

№34 (3514) 11.03.2016

Бино ба иттилои Музаффар Юнусов, сардори Маркази таҳлил ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо қарори раиси вилояти Суғд соли сеюм аст, ки озмуни вилоятӣ барои беҳтарин матолиби журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда» баргузор мегардад.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои «Соли 2016 — соли фарди солим», «Масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ», «Масъалаҳои марбут ба саноат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ», «Соли 2016 — соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод», «Таҳқиқоти журналистӣ», «Беҳтарин хабарнигор, аккос ва наворбардор» баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагони мақомоти давлатӣ ва журналистони собиқадори вилоят шомил буданд, беш аз 60 нафар ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, бо мукофотпулӣ сазовор гардиданд.

Ин иқдоми роҳбарияти вилояти Суғд, ки аз сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст, аз ҷониби аҳли қалами вилоят мавриди истиқболи гарм қарор гирифт.

Нӯъмон Раҷабзода — хабарнигори ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар вилояти Суғд, ки соли гузашта сазовори ҷоизаи озмуни «Хомаи созанда» гардид, изҳор дошт, ки озмуни мазкур имкон фароҳам меорад, ки рӯзноманигорон дар он иштирок намуда, мақолаҳои ҷолиби таҳлилӣ ва қобили мутолеаро манзури хонандагон гардонанд. Илова бар ин, иқдоми мазкур дар шароити феълӣ ғамхории бузургест нисбат ба аҳли қалам.

Тилав Расулзода — хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар вилояти Суғд бар ин назар аст, ки  рисолати рӯзноманигор ба таври мунсифона ва бо риояи ҳама гуна талаботу меъёрҳои ахлоқию касбӣ омода ва пешниҳод кардани иттилоъ ба мардум аст. Хушбахтона, рӯзноманигорони тоҷик ин рисолатро сарбаландона ба анҷом мерасонанд.

Баргузор намудани озмун бори дигар собит сохт, ки сухани созанда  баҳри нафъи ободӣ мусоидат менамояд.

 Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»