Боиси фараҳмандии аҳли маорифи кишвар аст, ки имсол низ чун солҳои қаблӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятнок аҳамияти махсус зоҳир намуданд.
Чун аз маориф сухан мегӯем, дар навбати аввал симои омӯзгор пеши назар меояд. Хушоянд аст, ки дар назди роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар омӯзгор ва таълиму тадрис ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Ин падида гувоҳ аз бунёди ҷомеае мебошад, ки дар он беш аз пеш мақому манзалати омӯзгор боло меравад.
Зиёд кардани маоши кормандони соҳаи маориф далели таваҷҷуҳи беандозаи Сарвари давлат нисбат ба аҳли маориф мебошад.
Агар дар соли 2000 ба соҳаи маориф 37 млн. 425 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас, ин нишондиҳанда дар солҳои 2005 — ум 253 млн. 100 ҳазор сомонӣ, 2010- ум 1 млрд. 68 млн. 300 ҳазор сомонӣ, соли 2015 –ум – 2 млрд. 918 млн. 639 ҳазор сомониро ташкил дод. Пешвои миллат дар Паём чунин таъкид намуданд: «… ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Ҳама огаҳӣ дорем, ки сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама, ба боло бурдани сифати таълим, омодасозии мутахассисони соҳибкасби дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ равона гардидааст. Татбиқи ин сиёсат ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла ҳамоҳангсозии низоми миллии таҳсилотро ба стандартҳои ҷаҳонӣ тавассути гузариш ба низоми бисёрзинагии таҳсилот тақозо менамояд. Яке аз ҳадафҳои асосии Вазорати маориф ва илми кишвар пурра ба низоми нави таҳсил гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мебошад ва мувофиқи «Барномаи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» шурӯъ аз соли таҳсили 2015-2016 низоми таълим дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи низоми бисёрзинагии таълим (тайёр намудани мутахассисон аз рӯи дараҷаҳои «Бакалавр» ва «Магистр») роҳандозӣ гардид. Дар робита ба ин, масъулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро лозим меояд, ки самти фаъолияти худро барои иҷрои вазифаҳо, аз қабили баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия, истифодаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва пайванди илм бо истеҳсолот равона намоянд.
Дар Паёми имсолаи Роҳбари мамлакат низ таъкид гардид, ки: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».
Такя ба аҳли маориф ва илм ифодаи эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо маҳсуб мешавад. Маҳз чунин муносибат аз омилҳои муҳими ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Абдусалом Миралиев, муовини якуми ректори ДМТ, профессор