Дар партави Паёми Президент

Паёми Сарвари миллат сармашқи кори мост

№36 (3337) 11.03.2015

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама ҷиҳат дар рушди дурнамои кишвар нақши арзанда мебозад.

Сарвари давлат дар ҳар як Паёмаш ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Таъкид гардид, ки нақши кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии наврасону ҷавонон, фарҳанги мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои ниёзманди ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна гурӯҳҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро доимо дастгирӣ менамояд ва бо мақсади рушди соҳаи маориф тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Соли гузашта ҷиҳати пешрафти соҳа беш аз дуюним миллиард сомонӣ ҷудо гардида, соли равон ба ин хотир ҷудо намудани се миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар Паёми имсола чунин зикр шуд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст.

Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст.

Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳар чӣ бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ мебошад».

Масъалаи дигаре, ки дар Паём диққати моро ҷалб намуд, таъкид шудани он, ки «Падару модарон бояд на дар як рӯзи имтиҳон, балки аз рӯзи таваллуди фарзандашон ба таълиму тарбияи ӯ диққати ҷиддӣ диҳанд, барои дуруст ба камол расидани ӯ шароит фароҳам оваранд, асбобу ашёи таълимашро таъмин намоянд ва завқи фарзандашонро барои интихоби дурусти касб бедор созанд». Вобаста ба ин масъала зикр шуд, ки «…аксари падару модарон баъди ёздаҳ сол, яъне танҳо дар давраи имтиҳоноти хатми мактаб ва озмоишҳои тестӣ огоҳ мешаванд, ки фарзандашон бояд соҳиби касбу ихтисосе шавад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид зикр намудааст, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.

Дар баробари таълим тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани онҳо ниҳоят муҳим мебошад. Аз ин нуқтаи назар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» хеле муҳиму саривақтӣ аст.

Ғамхории Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём боз дар он зоҳир мегардад, ки бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода мешавад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон, ки неруи тавонои кишвар мебошанд, ҳамеша зоҳир менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир намуда, дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид гардидааст.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нуктаҳои Паёмро сармашқи кори худ намудааст.

Маҳтавбӣ МИРЗОЕВА, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ