Пойгоҳ ва маркази асосии илми тиб

№153 (3138) 05.12.2013

29-30 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Конфронси солонаи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Саҳми илми тиб дар тибби амалӣ» баргузор гардид, ки дар он баробари олимони Тоҷикистон, инчунин олимони Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд. Конфронсро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбонов ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки ин ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар таърихи ин донишгоҳ шасту якумин маҳсуб ёфта, ба масъалаҳои алоқамандии илми тиб ва нигоҳдории тандурустии амалӣ бахшида шудааст. Номбурда афзуд,  ки дастовардҳои охири асри гузашта ва ибтидои садаи XXI, ки ба пайдоиши технологияҳои нав мусоидат намуданд, шоистаи қадр мебошад. Мутаассифона, на ҳамаи корҳои илмӣ дар тибби амалӣ татбиқи хешро меёбанд. Имрӯз барои иҷрои корҳои илмӣ то андозае шароит муҳайё аст ва барои ба сатҳи байналмилалӣ расонидан ва рақобатпазир гардонидани корҳои илмӣ, самаранокии онҳоро баланд бардошта, дар ин росто ба сатҳу сифати омодасозии кадрҳои ҷавони илмӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Маълум гашт, ки ба ҳамоиши мазкур 368 кори илмӣ ворид гардидааст, ки 67-тои онро олимони Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус пешниҳод намудаанд.

Баъдан, мудири шуъбаи тандурустӣ, кор бо занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобохоҷаева, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон С.Ҷобирова, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Исмонов, мудири кафедраи фанҳои тиббӣ-биологии Донишгоҳи педагогии шаҳри Липетски Федератсияи Россия А.В. Гулин суханронӣ карда, зикр намуданд, ки пойгоҳ ва марказии асосии илми тиб Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.

Пас аз суханҳои муқаддимавӣ пешниҳод ва баррасии маърӯзаҳои олимони соҳаи тиб шурӯъ шуд, ки дар ин раванд устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Ҷ.Султонов, С. Шукурова, Ҷ.Иномзода, М. Хидиров, аз ҷониби меҳмонон Е.В.Дорохов, А.В. Гулин ва даҳҳо нафари дигар баромад намуда, бурду бохти илми тибро дар алоқамандӣ ба нигоҳдории тандурустии амалӣ баррасӣ карданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»