Рӯзноманигорон қадрдонӣ гардиданд

№164 (3465) 03.12.2015

Беш аз 50 нафар журналист ба гирифтани диплом ва ҷоизаҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шарафёб гардиданд. муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда – 2015» диплом ва ҷоизаҳоро тақдим намуд.

Сипас, муовини якуми раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо доир ба натиҷаҳои озмуни имсола ахборот дода, таъкид кард, ки тибқи дастури раиси вилоят ду сол инҷониб озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, инъикоси муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят ва дастгирии журналистон гузаронида мешавад.

журналистон мавзӯъҳои муҳими рӯз, аз қабили пешгирии худкушӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, тарғиби «Соли оила», фарҳанги оиладорӣ ва устувории он, аз оғози моҳи январ  то якуми октябри соли 2015 пахш ва ё нашр карда, пешниҳоди ҳайати ҳакамон намуданд. Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои «Соли оила ва масъалаҳои актуалии ҷомеа», «Масъалаҳои марбут ба рушд ва ислоҳоти кишоварзӣ», «Масъалаҳои марбут ба рушди саноати сабук ва ободии роҳ», «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо», «Таҳқиқоти журналистӣ», «Беҳтарин хабарнигор, аккос ва наворбардор» баргузор шуд ва дар он наздики 90 нафар довталабон аз воситаҳои ахбори оммаи вилоят иштирок намуданд.

Абдураҳмон Қодирӣ дар фазои идона ба 44 нафар ғолибон ва 14 нафар иштирокчиёни фаъоли озмун диплому мукофотпулиҳоро тақдим намуда, бори дигар аз рӯзноманигорон даъват кард, ки  ҳаводису воқеот ва дастоварду камбудиҳои вилоятро холисона ва бидуни ғараз инъикос намоянд.

 Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»