Рушди соҳаи тандурустӣ самараи соҳибистиқлолист

№111 (3591) 25.08.2016

14218279591Солимии шаҳрвандони кишвар ҳамчун бойигарии асосии мамлакат ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷост, ки сол то сол ҳаҷми маблағгузориҳо аз Буҷети давлатӣ ба соҳаи тандурустӣ зиёд шуда истодааст.  Дар соли 2016 маблағгузории соҳа як миллиарду 300 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2005-ум 14 маротиба зиёд мебошад.

Маркази саломатии шаҳрии №11-и шаҳри Душанбе тайи 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ташаккул ёфта, барои ҳифзи сиҳатии мардум тамоми намуди хизматрасонии амбулаториро ба роҳ мондааст. Ҳоло дар марказ шуъбаҳои тибби оилавӣ, занона, ҷарроҳӣ, ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил (ЭКГ), рентген ва флюрография, лаборатория ва ғайра фаъолият мекунанд. То давраи соҳибистиқлолӣ таҷҳизоти ултрасадо ва сабти барқии дил ангуштшумор буд ва корафтодагон соатҳо навбат мепоиданд.

Алҳол дар маркази табобатӣ се номзади илми тиб, 20 духтури категорияи олӣ, 12 духтури категорияи якум ва 11 духтури категорияи дуюм хизмат мекунанд. Ҷамила Афзалова, Ҳабибулло Сафаров, Сафаралӣ Раҷабмадов, Баҳор Мирзобекова ва дигарон бо муомилаи хушу дониши мукаммалашон ҳар рӯз ба дарди даҳҳо нафар мариз даво мебахшанд.

Асоси фаъолияти кормандони Маркази саломатӣ пешгирии гирифторшавӣ ба бемориҳои гуногун аст. Дар натиҷа бисёр бемориҳо, ба монанди полиомиелит, фалаҷи канора, фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар, домана ва ғайра дар маҳаллаҳои ба мо вобасташуда аз байн рафтаанд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ маоши кормандони соҳа чанд маротиба баланд бардошта шуд. Барои мисол, маоши духтурон дар соли 2000-ум ҳамагӣ 12 сомониро ташкил медод. Ин рақам соли 2016 ба 600-700 сомонӣ расид. Аз якуми июли соли равон ба маош боз 20 фоиз илова шуд. Ин ғамхориҳо моро водор месозанд, ки бо дасту дили гарм ба мардум хизмат намуда, баҳри пешгирии бемориҳо ва табобати сокинони пойтахт бештар саъй намоем. Дар даврони Истиқлолият баҳри беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба духтурон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда, ҳуҷраҳои кориро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз намудем. Ин ба мутахассисон барои азназаргузаронӣ, муоина ва ташхиси аниқи беморӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Барои гузаронидани амалиёти нақшавии ҷарроҳӣ таҷҳизоти муосир, аз қабили электроотсос ва электрокоагулятор дастрас кардем, ки барои беморон аз лиҳози молиявӣ қулай мебошад. Зеро онҳо акнун ба дигар беморхонаҳо баҳри ташхису муоина ва ҷарроҳии сабук намераванд, зеро чунин амалиёт ҳоло бевосита дар шуъба сурат мегирад. Ҳуҷраҳои кории духтурон бо компютер таъмин ва ба шабакаи электронии иттилоотӣ пайваст мебошанд.

Мо — духтурон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро беҳтарин неъмат шумурда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем. Ба тамоми сокинони мамлакат гуфтанием, ки биёед, ба қадри ин сарзамин ва тинҷию осоиштагии Ватан расида, бо комёбиҳои меҳнатӣ дастовардҳои истиқлолиятро афзун намоем.

 

Нозим Абдураҳимов,  директори Маркази саломатии № 11-и шаҳри Душанбе