Зикри хайр

Рустозодаи донишманд аз манем

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

Айёми мактабхонӣ муаллими забон ва адабиёти тоҷик Гадоалӣ Раҳмоншоев рӯзномаи «Маориф ва маданият»-ро ба мо нишон дод ва хеле афсӯс хӯрд, ки олими маъруф ва донишманд Муҳаммадвафо Бақоев дар синни 40-солагӣ вафот кард. Мо хонандагони синфи шашум будем ва ба афсусхӯрии муаллимамон он қадар сарфаҳм нарафтем. Баъдҳо донишҷӯйи курси якуми факултети филологияи тоҷики УДТ ба номи В.И.Ленин шуда, аз забони устодонам    Шарифҷон Ҳусейнзода, Соҳиб Табаров ва Кимиё Шукурова борҳо ин номро шунида будам.

- Ман худро ҳеҷ гоҳ намебахшам, ки ба шогирдам Муҳаммадвафо Бақоев баҳои чор гузоштам…, — мегуфт ҳангоми лексияҳо устод Соҳиб Табаров.

- Худро эҳтиёт кунед, саҳар ақаллан як бурда нон ва як пиёла қандчой нӯшед, то ки меъдаатон дардманд нашавад. Шарикдарси солҳои донишҷӯиам Муҳаммадвафоро чунин тарзи ҳаёти донишҷӯйӣ бемор кард…, -мегуфт ҳамсабақаш — устоди забонамон, муаллимаи ғамхору меҳрубон Кимиё Шукурова.

Ба ростӣ, дар ҳайрат будам, ки Бақоев кист ва чаро олимони маъруф дар сӯгаш ин қадар боҳарорат ҳарф мезананд.

Бакоев

 Ҳангоми мавсими пахтачинӣ аз маркази савдои «Уялӣ»-и ноҳияи Илич (ҳоло Хуросон)  китоби «Ҳаёт ва эҷодиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ» (Душанбе, «Дониш», 1975)-и М.Бақоевро харидам, ки муқоваи сиёҳ дошт. Фориғ аз пахтачинӣ бо устодони факултетамон аз  ҳар хусус суҳбатҳо доштем. Аз ҳаёти кӯтоҳи Бақоев ҳам.

- Олими ҷавон Муҳаммадвафо Бақоев хеле саводи баланд дошт ва ҳамеша дар ҷустуҷӯ буд. Охир, беҳуда набуд, ки академик Абдулғанӣ Мирзоев ӯро ба шогирдӣ хонд. Вагарна, устод Мирзоевро на ҳама олимону шогирдон қаноат карда метавонистанд. Танҳо ҷаҳонбинӣ ва дониши кофии Бақоев имкон дод, ки шогирди пири адабиётшиносони тоҷик академик Абдулғанӣ Мирзоев бошад…, — таъкид ба таъкид мегуфт ба мо, донишҷӯён, устод Соҳиб Табаров.

Муҳаммадвафо Бақоев кист ва чӣ гуна шахс, чӣ гуна олим буд? Ба ин саволҳо солҳои сол ҷавоб меҷустам. Ниҳоят, бо гузашти солҳо бо писараш Фарҳод Бақоев шинос шуда, маълумоти бештаре пайдо кардам.

Ҳамроҳи Фарҳод ба манзили истиқоматиашон рафтем. Моро модараш Меҳримоҳ Бақоева пешвоз гирифт ва суҳбати деринтизорамон оғоз ёфт.

- Ба ин хонаи истиқоматии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Ленин 91 (ҳоло Рӯдакӣ 91) ҳанӯз соли 1961 кӯчида, муқимӣ шудем. Дар ҳамсоягии мо олимон ва академикҳои шинохта Юсуфҷон Носиров, Манзур Ҷалилов, Владимир Капранов, геологҳо Захаров, Сергей Акимович Кухтиков ва дигарон зиндагӣ доштанд. То ин дам дар кӯчаи Коммуналная 35-и шаҳри Душанбе дар як хона бо дӯсти ҳамешагии хонадонамон олими маъруф Зоҳир Аҳрорӣ зиндагӣ мекардем.

Рӯзноманигорон як суоли анъанавӣ доранд: Бо ҳамсаратон кай ва дар куҷо шинос шудед ва ҳаётатонро бо ҳам пайвастед? Ҷавоб медиҳам. Ману ҳамсарам Муҳаммадвафо аз деҳаи Манеми Шуғнон ҳастем. То тӯямон медонистам, ки чунин як хешбачаи босаводу донишманде дорам, ки дар байни аҳли илм аллакай мавқеашро пайдо кардааст.

Бо ҳидояти хеши наздикамон Худоназар Мамадназаров –собиқ раиси Комиҷроияи шаҳри Душанбе хостгорҳо омада, маслиҳатро пазонданд ва тӯямон 20 августи соли 1959 баргузор шуд. Баъди тӯй ба шаҳри Душанбе омадем. Шавҳарам аллакай номзади илмҳои филология буд. Дар мавзуи «Хусрави Деҳлавӣ ва достони ӯ «Дувалронӣ ва Хизрхон» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард ва то охири умр дар шуъбаи шарқшиносии Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ кор кард. Он вақт директори институт Абдулғанӣ Мирзоев буд. Инак, аз он айём расо 55 сол сипарӣ гардид, — он солҳоро ба хотир овард ҳамсараш.

Апаи Меҳримоҳ ва писараш Фарҳод варақҳои бо мурури солҳо зардшуда ва молишхӯрда, инчунин суратҳои на он қадар зиёдро рӯйи миз гузоштанд. Ҳар як сурат ва варақ гӯиё забон дошт…

Муҳаммадвафо Бақоев 18 марти соли 1931 дар деҳаи Манеми ноҳияи Шуғнон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 3 ба номи С.М.Кирови шаҳри Хоруғро хатм карда, як сол дар мактаби миёнаи ба номи И.В.Сталини Бархоруғ ба хонандагони синфҳои 8-10 забони немисӣ омӯзонд.

Сипас, ба Университети давлатии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурда, аз ҳамаи имтиҳонҳо баҳои аъло гирифт. Шарикдарсҳои солҳои донишҷӯйиаш Зоҳир Аҳрорӣ, Лола Сулаймонова, Мансур Бобохонов, Хуршеда Отахонова, Абдуқодир Маниёзов, Ҳабибулло Саидмуродов, Абдуллоҷон Ғафуров, Пӯлод Толис, Ҳақназар Назаров, Олимҷон Ғафуров, Инобат Рустамова, Кимиё Шукурова буданд, ки солҳои 1948-1953 дар ин донишгоҳи навтаъсис таҳсил карда, баъдҳо шахсиятҳои маъруфи замони хеш гардиданд.

Муҳаммадвафо аввал ба факултети геология ҳуҷҷат супурд. Баъдҳо бо ҳидояти дӯсташ Зоҳир Аҳрорӣ ҳар ду ҳуҷҷатҳояшонро ба факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон пешниҳод намуда, донишҷӯ шуданд.

Устод  Зоҳир Аҳрорӣ ҳамеша мегуфт, ки Муҳаммадвафо Бақоев забони русиро ба дараҷаи аъло медонист. Адабиётшинос Лариса Демидчик мақолаҳои илмӣ ва таҳрири китобҳояшро пеш аз чоп танҳо ба Бақоев бовар мекард. Умуман, Бақоев се забон- русӣ, англисӣ ва немисиро озодона ҳарф мезад ва менавишт. То андозае бо хат ва забони арабӣ низ ошно буд. Азбаски донишҷӯйи аълохон буд, сураташ солҳои донишҷӯйӣ дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ» ва «Бадахшони советӣ» чоп шуда буд.

Муҳаммадвафо Бақоев хушбахт буд, ки аз устодони машҳур ва донишмандон Абдулғанӣ Мирзоев, Ҳилол Каримов, Додоҷон Тоҷиев, Соҳиб Табаров, К.Гаврилкин, Н.Г.Хижнияк, С.Арзуманов, Мулло Эркаев, В.Библер, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов ва дигарон сабақ омӯхтааст.

Баъди хатми университет Бақоев чун донишҷӯйи аълохон барои давом додани таҳсил ба аспирантура тавсия шуд. Мавзуи кори номзадиашро роҳбараш Абдулғанӣ Мирзоев муайян кард: «Хусрави Деҳлавӣ ва достони ӯ «Дувалронӣ ва Хизрхон». Вай соли 1958 рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд. Ҳангоми ҳимояи рисолаи номзадӣ олими маъруф Михаил Занд, ки дар Институти шарқшиносии СССР фаъолият дошт, ба рисолаи номзадиаш баҳои баланд дода гуфт, ки он арзиши рисолаи докториро дорад…

Ба рисолааш инчунин донишманди шарқшинос Муҳаммаднурӣ Османов ва Андрей Евгеневич Бертелс ва боз дигар олимон аз шаҳрҳои Москва ва Ленинград ҳам баҳои баланд доданд. Бақоев ҷавон буд, вале дар доираи илми адабиётшиносии советӣ ҳама ҳурматаш мекарданд.

- Масалан, бо академик Бобоҷон Ғафуров хеле шиносоии наздик дошт. Вақте ки дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналхалқӣ оид ба давраи Кӯшониён гузашт, Бобоҷон Ғафурович дар Бӯстонсаройи ҳукуматӣ қарор дошт ва ҳамеша занг зада, Бақоевро наздаш мехонд. Академик Ғафуров аз комёбиҳои илмии М.Бақоев доимо қаноатманд буд ва баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ гуфта буд:

- Муҳаммадвафо, ту бояд фахр кунӣ, ки баъди Баҳодур Искандарович аз Бадахшон дуввумин номзади илм ҳастӣ…

Дӯстонаш хеле зиёд буданд. Баҳодур Искандаров, Шавкат Ниёзӣ, Ботурхон Валихоҷаев, М.Мамадназарбеков, Рашид Раҳимов, Владимир Павлович Демидчик, Матин Шарифович Ҳусейнзода, Азиз ва Нора Улуғзода ва дигарҳо.

- Бо устод Нодир Шанбезода рафтуомади хонаводагӣ дошт ва мудом баҳсҳои илмиву шеърхонӣ мекарданд…, -иброз намуд ҳамсараш.

Чун ягона шогирди академик Абдулғанӣ Мирзоев буд, бархе аз олимон кам-кам хусумат ва бахилӣ доштанду баъзан монеаҳо «эҷод» мекарданд. Бояд гуфт, ки академик Абдулғанӣ Мирзоев олими сахтгир ва серталаб буду ҳар касро ба шогирдӣ қабул надошт. Дар давоми кораш танҳо ду шогирд дошт: аввалӣ Муҳаммадвафо Бақоев ва баъдҳо Амрияздон Алимардонов.

Баъди ҳимоя Бақоев дар факултети таъриху филологияи университет аз адабиёти классикӣ ва таърихи адабиёт дарс мегуфт.

Номзади илмҳои филология Муҳаммадвафо Бақоев сол то сол доираи тадқиқоти илмиашро васеъ карда, се маротиба  –соли 1959 ҳамроҳи олимон Андрей Евгеневич Бертелс ва Сергей Николаевич Соколов дар ҳайати экспедитсияи илмӣ, соли 1960 бо Андрей Евгеневич Бертелс ва Гулрӯз Наврузов ва соли 1963 ҳамроҳи Ҷобулқо Додалишоев ва Лола Сулаймонова ба Бадахшон сафар карда, ба ҷамъ кардани дастхатҳои нодир машғул буданд. Бахусус аз сафари якумаш ба Бадахшон вай дастхату китоби зиёд дастрас кард. Пас бо номи «Алфавитный каталог рукописей обнаруженных в Горно-Бадахшанской Автономной области экспедицией 1959-1963 г.г»  (Москва, «Наука», 1967, бо ҳамқаламии А.Е.Бертелс) китобе чоп кард.

Вай оид ба Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Убайди Зоконӣ, Воҳиди Табрезӣ, Файзии Ҳиндӣ, Мирзо Асадуллои Ғолиб, Бадри Чочӣ, Зиёвуддини Нахшабӣ ва дигар классикони адабиётамон тадқиқоту пажӯҳишҳои алоҳида дорад, вале мавзуи асосӣ ва писандидааш ин ҳаёт ва эҷодиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ буд.

Бояд гӯям, ки Амир Хусрави Деҳлавиро ба хонандагон ва аҳли илми тоҷик нахустин бор Муҳаммадвафо Бақоев аз маъхазҳо пайдо ва муаррифӣ карда буд. Баъди аз дунё гузаштанаш кори нотамомашро оид ба А.Х.Деҳлавӣ дӯсташ Аълохон Афсаҳзод давом дод.

Меҳру муҳаббаташ ба дараҷае зиёд буд, ки ба Ҳиндустони афсонавӣ сафари илмӣ кард ва ду моҳ он ҷо дар маъхазҳои илмӣ ва китобхонаҳои Агра, Калкута, Ҳайдаробод, Деҳлӣ, Бомбей ва дигар шаҳрҳо дастнавису тазкираҳои шоирони адабиёти тоҷику форсро ҷустуҷӯ кард. Барои корҳои минбаъдааш маводи зиёд ҷамъоварӣ намуд. Ҳамзамон дар донишгоҳҳои Ҳиндустон бо забони англисӣ ва русӣ лексияҳо хондааст. Ба дӯстони олиму аспиранташ маводу адабиёти зарурӣ оварда буд. Ба аспиранти он солҳо ҷавон Саъдоншо Имронов дар бораи Ибни Ямин маълумотҳои нав ёфта, овард. Ӯ бисёр мехост, ки боз ба Ҳиндустон сафар карда, дастхатҳоро аз нав омӯзад ва дар бораи Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳасани Деҳлавӣ бештар маълумот дарёбад. Вале бемориаш баъди сафари Ҳиндустон сахттар хурӯҷ кард, зеро ҳангоми сафар реҷаи хӯрокхӯриашро риоя накард. Бахусус дар тобистон аз дарди меъда шикоят дошт. Ҳатто пеш аз сафари Ҳиндустон дар клиникаи Ҳомид Мансуров табобат гирифт.

Ба бемории сахт нигоҳ накарда, дар мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ» бе роҳбари илмӣ рисолаи докториашро омода намуд. Консултанти илмиаш академик Абдулғанӣ Мирзоев буд. Мебоист, ки аз рӯйи навбат моҳи майи соли 1972 ҳимоя кунад.

Аммо….

Моҳи январ ӯ дар беморхонаи «Медгородок» мехобид. Ӯро ба ҷарроҳӣ омода карда буданд. Саҳарӣ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ ва ноиби президент Акбар Махсумов  Бақоевро хабар гирифтанд. Ин охирин дидор буд.

Баъди ҷарроҳӣ олими ҷавон Муҳаммадвафо Бақоев 30 январи соли 1972 дар синни 40-солагӣ вафот кард. Маросими видоъ  дар бинои Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Он рӯз барфи сахт борид. Якуми феврал ҷасадашро дар оромгоҳи Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок супурданд.

- Вақте ки шавҳарам вафот кард, нахустфарзандам Фарҳод 11-сола буду Манижа 2-сола. Муҳаммадвафо як армон дошт ва ба ман гуфт, ки фарзандонамро нағз тарбия намуда, соҳиби маълумоти олӣ гардон. Ҳамеша онҳоро зери назорат гир…

Ман ин суханҳои шавҳари азизамро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардам ва фарзандони хуб ба воя расондам. Писарам Фарҳод соли 1990 дар шаҳри Москва рисолаи номзадиашро ҳимоя кард ва номзади илмҳои таърих шуд. Духтарам Манижа соли 1999 унвони номзади илмҳои физикаю математикаро соҳиб шуд. Чанд сол мудири кафедраи механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд…

Баъди ин ғам то чанд муддат ба худ наомадам. Вале дӯстону ҳамкоронаш маро ба шуъбаи фалсафаи Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор даъват карданд. Ман як умр аз ҳамкоронаш, бахусус Раҳим Халилович Додихудоев, Владимир Павлович Демидчик, Наима Қаҳҳорова, Хуршеда Отахонова, Лола Сулаймонова, Ҳақназар Назаров, Ҳабибулло Саидмуродов, Мансур Бобохонов, Ҷобулқо Додалишоев, Андрей Евгеневич Бертелс, Рашид Раҳимов ва дигарон миннатдорам, ки аз аҳволамон тез-тез хабар мегирифтанд ва маро чун ҳамсари Бақоев то рӯзҳои вопасинашон ҳурмат мекарданд.

Бахусус аз дастгириҳои беғаразонаи хеши наздикам Худоназар Мамадназаров ва писаронаш Давлат ва Музаффар ҳамеша баҳравар будем.

То соли 1995 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон кор карда, ба нафақа баромадам. Дар ин миён фурсат нашуд, ки ҳимоя кунам, вале ду номзади илмро тайёр кардам ва дар таҳияи асарҳои Аҳмади Дониш, Ибни Сино, Закариёи Розӣ ва ғайраҳо саҳм гузоштам.

Имсол, 30 январ аз вафоти шавҳари ҷавонмаргам Муҳаммадвафо Бақоев 40 сол гузашт. Чил баҳору зимистонро бе ӯ гузарондаам, вале ҳеҷ ӯро фаромӯш карда наметавонам.

Хеле хушнуд гаштам, ки мутобиқи Қарори раиси ВМКБ аз 5 августи солои 1995 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 22-и деҳаи Манеми ноҳияи Шуғнон ба номи Муҳаммадвафо Бақоев гузошта шудааст, — изҳор дошт апаи Меҳримоҳ.

Нақшаҳои илмӣ ва эҷодии олими ҷавон Муҳаммадвафо Бақоев хеле зиёд буданд, аммо беморӣ имкон надод, ки ҳамааш амалӣ шаванд. Дар ин миқдор умр аз ӯ се китоб – «Алфавитный каталог рукописей обнаруженных в Горно-Бадахшанской Автономной области экспедицией 1959-1963 г.г.» (Москва, «Наука», 1967) дар ҳаммуаллифӣ бо А.Е.Бертелс, «Ҳаёт ва эҷодиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ» (Душанбе, «Дониш», 1975), «Хусрави Деҳлавӣ ва достони ӯ «Дувалронӣ ва Хизрхон» (Сталинобод, 1958), чун тартибдиҳандаи китобҳои «Хусрави Деҳлавӣ. Мунтахабот» (Сталинобод, Нашрдавтоҷик, 1960), «Гулчини «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт» (Душанбе, «Ирфон», 1966), «Ашъори мунтахаб»-и Ҳасани Деҳлавӣ (Душанбе, «Ирфон», 1965) ва даҳҳо мақолаҳои зиёди илмӣ дар маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба чоп расидаанд.

Устод Муҳаммадвафо Бақоев тавонист, ки танҳо ба ду шогирдаш дасти кӯмак дароз кунад. Инҳо олимони шинохта, доктори илмҳои филология Ҷӯрабек Назриев ва номзади илмҳои филология Шамсулло Девонаев мебошанд. Вале тамоми хислатҳои хубаш дар дили дӯстону шогирдон ва ҳаводоронаш боқӣ хоҳад монд.

 Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»

Дар сурат: М. Бақоев бо ҳамсараш Меҳримоҳ ва писараш Фарҳод. Соли 1967.