Саҳми донишгоҳ дар солимии ҷомеа муассир аст

№171 (3472) 14.12.2015

Дар сатҳи хуб ва сифати баланд баргузор гардидани Конференсияи 63-юми солонаи илмӣ — амалӣ таҳти унвони «Саҳми илми тиб баҳри солимгардонии ҷомеа» дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино далели возеҳи ин гуфта аст.

Ба наздикӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Конференсияи 63-юми солонаи илмӣ — амалӣ таҳти унвони «Саҳми илми тиб баҳри солимгардонии ҷомеа» баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур масъулини Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиб ва меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд. Зимни сухани ифтитоҳии худ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон минҷумла зикр намуд, ки ба хотири мустаҳкам намудани муносибатҳои оилавӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати хонаводагии шаҳрвандон бо пешниҳоди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 дар мамлакат «Соли оила» эълон гардидааст.

Оила ба сифати рукни асосии ҷомеа, ҷамъияти хурдеро дар худ муттаҳид менамояд, ки аъзои он илова ба муносибатҳои хешутаборӣ, аз ҷиҳати ахлоқӣ, моддиву маънавӣ низ бо ҳам муттаҳид ҳастанд. Зарур ва ногузир аст, ки оила дар заминаи муҳаббати тарафайн, эҳтиром ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бунёд гардад. Ба андешаи номбурда, оила, устувории он, муваффақият ва имконоти иҷрои масъулият аз бисёр ҷиҳат ба дараҷаи солимии аъзои он вобаста аст. Аз ин рӯ, интихоби зану шавҳар иқдоми муҳим ва масъулияти азим барои афроди издивоҷкунанда ба ҳисоб меравад.

- Мутаассифона, аз нигоҳи тибби муосир интихоби дурусти ҳамсар дар ҷомеаи кунунии мо мувофиқи мақсад нест. Инро таҳлилҳои анҷомдодаи олимони варзидаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бори дигар исбот намуданд,- гуфт Убайдулло Қурбон.

Иттилоъ гирифтем, ки дар доираи чорабиниҳои ба соли оила рабтдошта олимони донишгоҳ бештар аз 30 мақола ва дастури илмӣ — методӣ таҳия намуда, ба нашр расонданд, ки аксари онҳо мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтаанд. Барои мисол, дар кафедраҳои акушерӣ-гинекологӣ, биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика, асабшиносӣ, ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологияи кӯдакон оид ба масъалаи номбурда таҳқиқотҳои арзишманд анҷом ёфтанд.

Дар маҷмӯъ, ба конференсия 367 мақола, ки 57- тоаш аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Украина 30 мақола, Федератсияи Россия 24 мақола ва аз ҷумҳуриҳои қазоқистону Молдова ду мақолагиро ташкил медиҳанд, ворид гардидаанд. Масъулини вазорати идораҳои фавқ дар суханрониҳояшон иқдоми роҳбарияти донишгоҳро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат арзёбӣ намуда, ба иштирокчиёни он барору комёбӣ таманно намуданд. Дар қисмати пленарии чорабинӣ маърӯзаҳои мутахассисони варзидаи соҳаи тиб Дилрабо Қодирова «Сиҳатиии оила — самти афзалиятнок дар тиб», Фирӯза Муинова  «Банақшагирии самараноки ҳомиладоршавӣ — механизми ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдак», Абдумалик Давлатов «Аҳамияти ҷарроҳии пластикӣ дар солимгардонии муҳити оила», Абдувалӣ Раззоқов «Аҳамияти чорабиниҳои комплексӣ дар солимгардонии оила ҳангоми ҷароҳат ва нуқсонҳои ортопедӣ» ва Шамсиддин Бурҳонов «Таҷрибаи аввал оид ба ҷарроҳии фибрилятсияи беморони норасоии клапани митралӣ», ки дар онҳо масъалаҳои мавриди назар таври амиқу доманадор таҳлилу баррасӣ шудаанд, ироа гардиданд.

Дар маҷмӯъ, дар конференсия 140 маърӯзаи илмӣ, ки фарогири тамоми бахшҳои соҳаи тандурустӣ буданд, шунида шуд. Бо дарназардошти нукоти зикргардида метавон гуфт, ки сол то сол сатҳи баргузории конференсияи солонаи илмӣ — амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино беҳтар гардида, таваҷҷуҳи мутахассисону олимони хориҷӣ низ ба ин чорабинӣ тамоюли афзоишро касб намудааст.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»