Бахшида ба 600- солагии Абдураҳмони Ҷомӣ

Сухан з-осмонҳо фуруд омадаст

№15 (3161) 13.02.2014

Абдураҳмони Ҷомӣ  симои барҷастаи адабиёти тоҷику форс буда, имсол   ҷашни 600-солагии ӯ, ки ба рӯйхати ҷашнвораҳои Созмони байналмилалии ЮНЕСКО  дохил шудааст, дар аксари кишварҳои олам таҷлил мегардад, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳамаи мо -тоҷикону форсизабонҳост.

Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1414 дар деҳаи Ҷом (қарибии Нишопур)  ба дунё омадааст.  Оилаи онҳо ҳангоми тифлии шоир  ба Ҳирот кӯч бастааст. Ҳаёти   минбаъдаи ӯ дар Марв, Самарқанд, Фароб ва дигар шаҳрҳои Хуросони бузургу Мовароуннаҳр гузаштааст. Тахаллуси адабиаш-Ҷомӣ марбут ба зодгоҳи ӯст. Абдураҳмони Ҷомӣ  аз худ осори гаронбаҳое чун  «Ҳафт авранг», «Силсилат-уз -заҳаб», «Туҳфат-ул-аҳрор», «Сабҳат-ул-аброр», «Нафаҳот-ул-унс», «Баҳористон», ғазалиёт, рубоиёту қитъаот ва ғайра ба мерос монда, дар рушду нумӯи адабиёти тоҷику форс ва олам саҳми сазовор гузошт. Доир ба паҳлуҳои гуногуни ашъори ин шоир ва мутафаккири беназир олимону донишмандони тоҷику рус, ӯзбеку эрониву афғон ва дигар миллатҳо,  аз ҷумла  А. Афсаҳзод, Ш. Раҷабов, Р. Ҳодизода, Н. Ниёзӣ, Е. Э. Бертелс, И. С. Брагинский, Е. А. Давидович, Ҳошим Розӣ, Алӣ Асғар Ҳикмат, М. Ашрафӣ  ва дигарон тадқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода, дастраси ҳаводорони  илму адаб гардонидаанд.

Абдураҳмони  Ҷомӣ аз ҷумлаи шоирони машҳури  ҳикматсароест, ки  дар аксар асарҳои худ дар таъриф ва ситоиши сухан ба тадриҷ  изҳори назар намудааст. Ба пиндори шоир, сухан зодаи қувваи бузургу муқаддаси илоҳист, аз осмон чу товус пару бол кушода (товус вақте пару бол кушояд, гулдастаро мемонад), фуруд омадааст ва ба инсон барои ифодаи дунёи маънавии ӯ дода шудааст:

Сухан з-осмонҳо фуруд омадаст,

Ба иқлими ҷонҳо фуруд омадаст.

Кушода зи иқлими ҷон пару бол,

Чу товус дар ҷилвагоҳи хаёл.

Сухан шарифтарин гавҳари садафи одамият аст. Инсоният бе сухан аз лаззати маънавӣ маҳрум аст ва  бе лаззати маънавӣ бошад, аз ҷумлаи махлуқҳоест, ки танҳо ба хӯрдану хобидан зиндаанд.  Ҳамин  аст, ки   инсон бо сухан зиндааст,- мегӯяд халқ. Дар ин робита Ҷомӣ фармуда:

Нест дар кон гуҳаре беҳтар аз ин,

Ё дар имкон ҳунаре беҳтар аз ин.

Номаи кавн ба вай тай шудааст,

Одамӣ, одамӣ аз вай шудааст.

Барои шоир қадр ва мақому манзалати  сухан аз он ҷиҳат боз гаронбаҳо, муқаддас  ва мукаррам аст, ки ӯ ба воситаи он тамоми эҳсосоти қалби   худро баён менамояд. Тавассути сухан зангҳои дил  зудуда, гиреҳҳо кушода мешаванд:

Ба сухан зангҳо зудуда шаванд,

Ба сухан бандҳо кушода шаванд.

Бас гиреҳ к-афтад аз замона ба кор,

Ки намояд  кушоданаш душвор.

Ногаҳ аз шевае сухан ронӣ,

Ниҳад он кор з-ӯ ба осонӣ.

Аз нигоҳи Абдураҳмони   Ҷомӣ қувваи сухан дар таъсири маънавии он    ба дараҷаи  сеҳру афсун  аст ва  ҳангоме  ки сухан ба либоси шеър дарояд, боз ҳам гуворотару шевотар, муассиртару ширинтар, зеботару   пурафсунтар мешавад:

Сухан мояи сеҳру афсун бувад,

Ба тахсис вақте ки манзум бувад.

Шоир     оид ба сухан- каломе, ки дар ҷамъияти инсонӣ воситаи муносибати иҷтимоӣ, таблиғи сулҳу ваҳдат, саодату комронӣ, муошират, изҳори ишқу муҳаббат, ошкори ботин, хуллас аслиҳаи баёни афкори маънавӣ ва эҳсосоти қалбҳост,   мегӯяд, ки агар   мазмуни баланди шеър   маҳкам  бо лафзи зебо дақиқу латиф якҷоя бошад, таъсири шеър зиёд ва шуҳрати шоир ҷаҳонгир мешавад:

Гар бувад лафзу маънияш бо ҳам,

Ин дақиқу латифу он маҳкам.

Сити ӯ роҳи осмон гирад,

Номи шоир ҳама ҷаҳон гирад.

Афкори баландпояи Ҷомӣ дар бораи сухан, махсусан каломи мавзун, аҳамияти ниҳоят калони таълимӣ, ахлоқӣ  ва илмиву ирфонӣ  доранд. Ӯ нафосату зебоии шеърро дар равониву содагӣ  ва  санъату  мазмуни баланд доштану  оммафаҳмии он мебинад:

Ҳеҷ шоҳид чу сухан мавзун нест,

Сари хубӣ зи хаташ берун нест.

ё

Назм, ки нисбат ба гуҳар бошадаш,

 Беҳ зи гуҳар бошад агар бошадаш.

Лафз (и) ҷаҳонгаштаву маънӣғариб,

Лек на бегона зи фаҳми лабиб.

Аз нигоҳи  шоир дар назм бояд қалби пок ва эҳсосоти самимӣ таҷассум ёбад. Ӯ таблиғгари покиву озодагист:

Боядат дар сухан осудагие,

Пок кун дил зи ҳар олудагие.

То дар ин марҳалаи машғаланок,

Пок хезад гуҳарат аз дили пок.

Абдураҳмони Ҷомӣ тавассути суханони пандомези худ насиҳат мекунад, ки дар ҳама ҷода ба андак пешрафт қонеъ набояд гашт, ҳамеша  паи ҷустуҷӯ, ободӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ   ва  беҳбудии рӯзгор  мебояд буд:

Гавҳару лаъл аз дили кон металаб,

Ҳар чӣ биёбӣ, беҳ аз он металаб.

Файзулло  НАҶМИДДИНОВ, узви ИЖТ, ноҳияи Файзобод.