Тақдиргароӣ ва паёмадҳои иҷтимоии он

№83 (3384) 18.06.2015

Яке аз мушкилоти зеҳнии рушди иҷтимоӣ тақдиргароӣ ва бовару эътиқод ба он маҳсуб меёбад. Боварӣ ба тақдир бори масъулиятро аз дӯши одамӣ мебардорад, рӯҳияи инфиолӣ ба фард таҳмил мекунад ва тавоноии инсонро барои ифои нақши барҷаста ва муассир дар ҳаёти иҷтимоӣ  мегирад. Бо бартараф кардани ин бовар аз фарҳанги ҷомеа  инзивои иҷтимоӣ коста шуда, рӯҳияи ҳамкориву таовун тақвият меёбад. Бинобар ин, шинохти падидаи мазкур ва афзоиши огоҳиву дониш нисбат ба он барои ҷомеаи имрӯзаи тоҷик аз аҳамияти босазое бархӯрдор аст. Бо дарназардошти муҳимияти масъала барои ҷомеаи муосир хостем як таҳқиқоти кӯтоҳ ва иҷмолиро рӯи масъалаи мазкур аз диди ҷомеашиносӣ анҷом диҳем.

Тақдиргароӣ аз масоили куҳане аст, ки дар тамоми тамаддунҳо дар давраҳои гуногун инсонҳо сӯи он кашида шуданд. Асли масъалаи тақдиргароӣ аз он бармеояд, ки оё инсон дар анҷоми корҳо озод аст ва зӯру фишоре паси он нест ва ё ин ки маҷбур асту дар ҳақиқат омилҳое шинохтаву ношинохта ӯро ба сӯи ҳадафи хос савқ медиҳад? Чунин тарзи тафаккур аз қадимулайём мавриди таваҷҷуҳи бештари афрод буда, ҳар яке аз онон дар ҳудуди истеъдоди худ ба таҳлили он пардохтаанд. Ба ҳар ҳол, ҳар инсоне, ки баҳрае аз тафаккур дорад, моил аст бидонад нақшаи зиндагии инсонҳо ба дасти худи онҳо сохта мешавад ва ё тарроҳу барномарез касе дигар аст. Тафсири роиҷ ва ё омиёна он аст, ки дасти тақдир ба унвони як омили ношинохта ва мармуз гиребони ҳар инсонеро гирифта ва аз лаҳзаи тавлид, то замони марг ӯро ба ҳамон ҷиҳате, ки мехоҳад, ҳидоят мекунад ва инсон хоҳ- нохоҳ ҳамон масирро тай карда ва ҳеҷ гуна ҳаққи интихоб надорад. Бесабаб нест, зарбулмасалҳое аз қабили «ҳар чӣ бодо бод», «ҳар чӣ пеш ояд, хуш ояд», «ин низ бигзарад» ва монанди ин тарзи тасодуфӣ дар зиндагии рӯзмарраи мо ҷойгоҳ пайдо накардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки такрори ин одатҳо фикри инсонро аз талош ва кӯшиш бозмедорад. Дар чунин шароит фард ба мавҷуди комилан шикастхӯрда мубаддал мешавад.

Тақдиргароӣ падидаи иҷтимоӣ аст, ки реша дар таҷрибаҳои таърихӣ ва масъалаҳои сиёсӣ дорад. Тақдиргароиро метавон чунин таъриф кард: пазириши бе чуну чарои воқеаҳо ва таслим дар баробари онҳо, рабт додани онҳо ба берун аз худи инсон ва қувваҳои хориҷӣ. Ба баёни равшантар, асолатро ба тақдир додан дар ҷое, ки иродаи инсон қодир ба тасмим ва амал бошад. Дар тақдиргароӣ фард ба ин бовар аст, ки оянда ва муҳити иҷтимоӣ дар зери назари ӯ нест ва тақдир вазъияту ояндаи ҳар касро рақам мезанад.

Башар ҳамеша дар баробари ин масъала қарор гирифта, ки оё худ ҳоким бар сарнавишти хеш аст, метавонад ояндаи худро ба неруи саъй ва амали хеш бисозад ва ё ин ки неруҳои хосе ба сарнавишти ӯ ҳукумат мекунанд, ӯ мутааҳид ва маҳкуми неруҳост ва ҷуз таслим чорае надорад? Ҳангоме ки бо нигоҳи дақиқ ба масъала бингарем, мушоҳида мекунем, тақдиргароӣ, пеш аз он ки ба шакли фардгароёна қобили дарк бошад, бояд ба сурати иҷтимоӣ дида шавад ва ба унвони як воқеияти иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирад. Дар шароити кунунӣ, ки ҷомеаҳо ба суръати рӯзафзуне дар ҳоли тағйиру таҳаввул ҳастанд, тавсеа ва дағдағаи аслии бештари ҷомеаҳо сармояи инсонӣ ва такя намудан ба донишҳои дақиқи илмию ақлӣ ва дар ин замина фароҳам овардани фанновариҳои навин дар ҳалли масоили инсонӣ маҳсуб мешавад, ки авомили фарҳангӣ ва иҷтимоӣ  дар ин замина нақш доранд.

Дар ҷомеаи кунунии мо муносибатҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии вижае ҳокиманд, ки монеи пайдоиши андешаҳои навини ақлӣ ва халлоқиятҳои инсонӣ мешаванд. Бар асоси назари қисме аз ҷомеашиносон, шарти тавсеаи ҷомеа вуҷуди арзишҳои навин ва халлоқи инсонӣ, навовариҳои фардиву иҷтимоӣ аст. Ин гурӯҳ тақдиргароиро аз ҷумлаи омилҳое медонанд, ки монеи пазириши фарҳанги нав мешаванд. Инсон масъул аст ва метавонад ба сарнавишти хеш ҳоким бошад ва онро тағйир диҳад. Чунин инсон думболи тағйири шароити ҷомеа  ва назорат ба муҳити хеш аст. Баръакс, дар ҷомеаи суннатӣ инсон тобеи неруҳое (моддӣ ва ғайримоддӣ) аст, ки  қудрати таъсиргузориро аз ӯ салб кардаанд. Инсони тақдиргаро маҳсули табиии чунин вазъият аст. Вазъияте, ки дар он фард эҳсос мекунад ба муҳити худ назорат надорад ва коре барои тағйир додани мавқеияташ анҷом намедиҳад. Тақдиргароӣ ҳарчанд дар назари аввал хусусияти фардӣ дорад, вале дар маҷмӯъ, он бештар хусусияти иҷтимоӣ касб менамояд ва ба тарзи тафаккури як ҷомеаи мушаххас табдил меёбад.

Тӯли таърих, махсусан дар замони собиқ шӯравӣ шиддати тақдиргароии ҷомеаи тоҷик хеле поин омад ва рушди донишҳои ақливу табиӣ боло гирифт. Бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки иддаи зиёди мардум тасаввуроти онро надоштанд ва зери таблиғоти идеологӣ сабабу омилҳои асосии аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравиро дарк намекарданд, дубора ба тақдиргароӣ рӯ оварданд. Аз ҷониби дигар, бархӯрдҳои сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ низоми сиёсию иҷтимоии ҷомеаро пурра шикаст ва то шакл гирифтани низоми нав ва ба эътидол омадани ҷомеа мушкилоти зиёди иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву амниятӣ ба миён омаданд, ки сатҳи тақдиргароии ҷомеаро ниҳоят боло бурданд. Ҷомеаи тақдиргаро ҷомеаест, ки ҳалли мушкилотро ба салоҳияти худ намедонад ва интизор дорад, касе ҳатман меояд ва мушкили ӯро ҳал менамояд. Ба таври куллӣ, ҷомеаи тақдиргаро ҷомеаи нигарон ва ҷомеае, ки дар он тағйирот ба кундӣ сурат мегирад, навовариро қабул надорад ва ҳама кор дар он на аз рӯи барномарезии муайян, балки дар чорчӯбаи таваккул сурат мегирад. Тақдиргароӣ ба рушд ва инкишоф мухолиф аст. Ҷомеаи тақдиргаро дар баробари вазъиятҳои бавуҷудомада ва бавуҷудоянда бетафовут аст, зеро афроди ин ҷомеа муътақиданд, онҳо ҳеҷ вазъиятро дигар кардан наметавонанд ва ҳама вобастаи тақдир ва сарнавишт аст. Таъсири тақдиргароиро ҳамчун падидаи иҷтимоӣ метавон дар тамоми низоми иҷтимоӣ эҳсос кард. Низоми ҷомеа ба чор самт тақсим мешавад, ки иборатанд аз: сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ.

Тақдиргароӣ бар низоми сиёсии ҷомеа чунин таъсир мегузорад, ки гурӯҳе, ки қудрати сиёсӣ дар дасти онҳост, муътақиданд, ки тақдир ё сарнавишт ба онҳо чунин имкониятро додааст ва оҳиста-оҳиста иродаи ҳокимиятро ба иродаи илоҳӣ талаққӣ мекунанд ва аз ин шеваи кор манфиатдоранд, ки тақдиргароӣ бештар дар байни мардум ривоҷ ёбад. Афроди тақдиргаро, вақте ба мақоме таъин мегарданд, масъулияти иҷтимоиро эҳсос намекунанд ва бо халлоқияту созандагӣ ва такя намудан бо неруҳои инсонӣ идоракуниро ба роҳ намемонанд, баръакс бо роҳи таваҳҳуму хурофот ва истибдод бақои ҳокимияти хешро идома мебахшанд. Бешак, агар андешаи тақдир ба ҳар ҷомеае нуфуз кунад, истибдод дар он реша ёфтаву масъулияти афзоиши он ба як омили берунӣ (тақдир) нисбат дода мешавад ва бад-ин тариқ мардум дар муқобили низоми ҳоким  ба истилоҳ «халъи силоҳ» мешаванд. Ба илова, ривоҷи ин андеша муҳити муносиберо барои «бозтавлиди истибдод» фароҳам мекунад. Ба ибораи дигар, тақдиргароӣ ва истибдод дар як ҳаракати доиравӣ ба бозтавлиди якдигар мепардозанд.

Дар низоми иҷтимоӣ инсони тақдиргаро ниҳодҳои иҷтимоиро ислоҳнопазир мепиндорад ва худро тавоно ба эҷоди тағйирот дар даруни низомҳои иҷтимоӣ намебинад. Аз назари ӯ низомҳои иҷтимоӣ аз қабл таъин шудаанд ва инсонҳо муваззафанд  дар он зиндагиро ба иҷбор ба сар баранд. Инсони ин дидгоҳ худро даст ба дасти тақдир медонад ва эҳсос мекунад, наметавонад дахолате дар масоили сарнавиштсоз дошта бошад. Бинобар ин, талоше ҷиҳати тағйири умур намекунад. Дар заминаи корҳои иҷтимоӣ аз фикри ислоҳи онҳо хориҷ мешавад ва идораи умури иҷтимоиро ба дасти авомили мовароӣ (тақдирӣ) вомегузорад. Ин амр боис мешавад, мардум барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ба дунболи «қаҳрамон» бошанд, ғофил аз ин, ки қаҳрамон худашон ҳастанд. Дар чунин ҷомеа инсон бо пардохтан ба сарнавишт аз «масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ» мегурезад ва аз заҳмати тасмимгирӣ раҳо мешавад. Аз ин рӯ,  «бетарафӣ»  ва «интизории инфиолӣ» ба ҷомеа ҳоким мешавад.

Дар низоми иқтисодӣ низ тақдиргароӣ таъсири манфии хешро мегузорад. Иқтисоди ҷомеаи тақдиргаро ниҳоят ба кундӣ рушд мекунад, зеро афроди ин ҷомеа интизор доранд, ҳар чӣ аз сарнавишт бошад, аз назари моддӣ онро дарёфт мекунад. Яъне, дар чунин ҷомеа иқтисоди муназзами фаъол, ки дар чорчӯбаҳои қонунмандии иқтисодӣ тарроҳӣ шуда бошад, вуҷуд надорад. Дар ҷомеаи тақдиргаро бештар сӯфимашрабӣ боло гирифта, иқтисод низ дар дасти як гурӯҳе, ки гӯё тақдир ба онҳо додааст, маҳдуд мегардад. Бароварда кардани ниёзҳои моддӣ танҳо дар ҳадди  «қути лоямут» аст.

Дар низоми фарҳангӣ ҷомеаи тақдиргаро аз назари фарҳангӣ ҷомеаи хушҳол аст, зеро афроди ин ҷомеа бар он эҳсосанд, ки ҳеҷ амале аз онҳо вобастагӣ надорад. Шеър, мусиқӣ ва осори бадеияшон пур аз симоҳои тақдирзада аст.

Ҷомеаи тақдиргаро ҷомеаи бетараф ва бозмондаест, ки он дар баробари ҳама гуна вазъиятҳо осебпазир аст ва дар он баданаи иҷтимоии қавӣ вуҷуд надорад ва аз ин ки дар он масъулияти фардиву иҷтимоӣ дар баробари масъалаҳои муҳими таслимгирӣ вуҷуд надорад, ҳамеша беқайду банду бор ва ҳамеша осебпазир аст.

Хулласи калом, тақдиргароӣ ҳолати инфиолиест, ки мардумро дар ғафлат нигоҳ медорад, рӯҳи ғуломиро дар онҳо парвариш медиҳад ва монеи асосии рушд аст. Бояд аҳли равшанзамири ҷомеа ҷиҳати аз байн бурдани ин падидаи манфӣ андеша намоянд, то тавониста бошанд ҷомеаро аз паёмадҳои мусибатбор наҷот диҳанд.

Исомиддин ШАРИФЗОДА, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон