Таъсиси корхонаи коркарди пӯсту пашм зарур аст

№ 03.10.2016

 Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед бо як гурӯҳ мутахассисон ва кормандони масъули соҳаи геологияи вилоят конҳои «Икар» ва «Барч»-и ноҳияи Рӯшонро аз назар гузаронданд. Зимни ин сафар раиси вилоят бо шароити муассисаҳои таълимии деҳаҳои Баҷу, Пастхуф ва омодагии онҳо ба соли таҳсил ва мавсими зимистонгузаронии солҳои 2016 — 2017  ошно гардид.

Ҳамчунин, Шодихон Ҷамшед бо сокинони деҳоти «Пастхуф» мулоқот намуда, доир ба нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар самти ободонии деҳоти дурдаст, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, мисли конҳои ҳудуди деҳоти «Пастхуф» ва ғайра сухан ронд.

Қайд гардид, ки дар деҳаи Баҷу бинои бунгоҳи тиббӣ, дар деҳаи Хуф роҳи мошингузар ба таъмир ниёз доранд. Сифати хизматрасонии  истгоҳҳои  алоқаи  мобилӣ низ беҳбудӣ  хоҳад. Дар  хоҷагиҳои  деҳот ҳамасола  ҳазорҳо  килограмм  пашм, садҳо  дона  пӯсти  чорвои  калону  майда  нобуд  мегардад. Бинобар  ин,  таклиф  шуд, ки  дар  вилоят  як  корхонаи  коркарди  маҳсулоти  чорво таъсис  дода  шавад.

Раиси  вилоят  Шодихон Ҷамшед ба  масъулони  соҳаҳои  зикргардида   дастур  дод, ки  барои  барҳам  додани  камбудиҳои   ҷойдошта  ва  дар амал татбиқ намудани таклифҳои  пешниҳодгардида  чораҳои  бетаъхир   андешанд.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»