Тарбиятгарони насли ояндасоз

№77 (3223) 15.07.2014

Ахмадов Муллочон РаштМуллоҷон Аҳмадов соли 1981 собиқ Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ)-ро хатм намудааст.

Ба ҳайси мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ғарм, директор собиқ филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ш.Ҷӯраев дар ноҳияи Ғарм, муовини аввали раиси ноҳияи Рашт, сардори Раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Алҳол директори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт мебошад. Бо медали «Хизмати шоиста» (соли 2000) мукофотонида шуда, Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошад. Унвонҷӯйи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

-Воқеан соҳаи маориф ва рушди минбаъдаи он дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола таври назаррас афзоиш медиҳад,- мегӯяд дар суҳбат Муллоҷон Аҳмадов. Натиҷаи ин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар дар фаъолияти Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт низ ба мушоҳида мерасад.

Он соли 1932 дар асоси фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Соли 1932 «Комбинати педагогӣ» соли 1934 «Техникуми педагогӣ» ва аз соли 1939 ҳамчун Омӯзишгоҳи педагогӣ фаъолият менамуд. Коллеҷи мазкур ҳамчун боргоҳи маърифат дар як гӯшаи кӯҳистони Тоҷикистон замоне таъсис ёфт, ки мардум ба илму маърифат ниёзманд буданд. Ин муассисаи маърифатӣ дар муддати на чандон тӯлонӣ тавонист бо тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои мактабҳои ибтидоӣ дар саросари Тоҷикистон обрӯву нуфузи калон пайдо намояд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки барафрӯзонандагони аввалини чароғи илму дониш дар кӯҳистони Рашт хатмкардагони ин коллеҷ буданд. Шогирдони собиқи коллеҷи мазкур имрӯз дар бахшҳои илму фарҳанг ва истеҳсолоти кишварамон фаъолият менамоянд. Дар байни онҳо омӯзгорон, олимон, шоиру нависандагон, ходимони ҳизбию давлатӣ ҳастанд, ки имрӯз мо бо номи онҳо ифтихор менамоем. Қисми зиёде аз онҳо бо мукофотҳо ва унвонҳои баланди давлатӣ мушарраф гардидаанд.

«Мо минбаъд низ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонем, зеро такроран хотирнишон месозам, ки омӯзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози  миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд».

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014).

Коллеҷ тӯли 82 соли фаъолияташ бисёр кадрҳои баландихтисосро барои пешбурди соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ тайёр ва тарбия намуд, ки хизмати эшон дар рушди хоҷагии халқи мамлакат хеле калон аст. Собиқ Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Маҳмадулло Холов, ходими ҳизбӣ Сайдалӣ Ҷумъаев, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Талбак Садриддинов, собиқ раиси Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон Усмон Ҳасанов, собиқ котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Рашт Одил Бердиев, адиби номдор- раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, доктор ва номзадҳои илм Холназар Муҳаббатов, Ҳақназар Назаров, Гулмаҳмад Зокиров, Абдулло Раҳимов, Мусофир Кабутов, Додихудо Саймуддинов, Шамсулло Исмоилов, Бегмурод Сияев, Нуриддин Салимов, Искандар Сулаймонов, Эмом Ибодов, Мирзохуҷа Пиров, Н.Пирумшоев, наттоқи радиои тоҷик Бурҳон Раҳмон, шоир Муҳтарам Ҳотам, устоди варзиши ИҶШС Алиназар Муъминов ва даҳҳо нафари дигарро метавон ном бурд, ки дар ин боргоҳи маърифат таҳсил намудаанд.

Ҳоло дар коллеҷ ду шуъба (ғоибона ва рӯзона) фаъолият дорад, ки аз рӯйи панҷ ихтисос -таҳсилоти ибтидоӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва математика омӯзгор тайёр мекунад.

Дар идомаи суҳбат Муллоҷон Аҳмадов гуфт, ки ҳоло дар шуъбаҳои рӯзона 186 нафар, аз ҷумла духтарон 54 нафар ва ғоибона 108 нафар, ки 39 нафарашон духтаронанд, таҳсил менамоянд.

Ҷойи хушист, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Рашт (моҳи августи соли 2002) ба Коллеҷи омӯзгорӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати беҳбудии он ёрии амалӣ расонид.

Фаъолияти коллективи омӯзгорони коллеҷ баҳри амалӣ гардондани вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бармеоянд, ба роҳ монда шудааст.  Гузаштан ба низоми нави таълим, ҷорӣ намудани низоми  тестии имтиҳоноти қабул, тарзи баҳогузорӣ, назорати ҷиддӣ ба рафтору интизоми донишҷӯён ва ғайра аз самтҳои асосии фаъолияти омӯзгорони коллеҷ ба ҳисоб мераванд.

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020» бошад, корҳои муайяне ба анҷом расонда шуд. Давоми ду соли охир аз ҳисоби буҷети ноҳия барои таъмиру нигоҳдории биноҳои коллеҷ 30 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Истифодаи ин маблағ ба беҳтаршавии шароити манзилӣ -маишии донишҷӯён ва ҷараёни таълиму тарбия мусоидат намуда истодааст. Ҳоло дар бинои таълимӣ даҳ кабинети фаннӣ бо ашёҳои зарурии таълимӣ мавҷуд аст. Инчунин синфи компютерӣ ташкил шудааст, ки донишҷӯён аз он истифода мебаранд. Айни ҳол дар ду бинои хобгоҳ 90 нафар донишҷӯён зиндагӣ доранд.

Китобхонаи коллеҷ дорои бештар аз 2000 нусха адабиёти таълимӣ, илмию оммавӣ, методӣ ва бадеӣ мебошад, ки аз он  омӯзгорону донишҷӯён самаранок истифода мебаранд.

Вобаста ба масъалаи тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ Муллоҷон Аҳмадов гуфт, ки дар коллеҷ корҳои тарбиявӣ дар асоси «Консепсияи миллии тарбия» ба роҳ монда шудааст. Роҳбарони гурӯҳҳои таълимӣ нақшаи тарбиявӣ доранд ва дар асоси он фаъолият мекунанд.  Мазмуну мундариҷаи дарсҳои тарбиявӣ аз «Консепсияи миллии тарбия» ва супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  бармеоянд. Гузаронидани дарсҳои кушоди тарбиявӣ анъана шудааст ва он манфиатовар мебошад. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ дарсҳои зиёди  тарбиявии кушод гузаронда шуд.

Корҳои тарбиявӣ дар коллеҷ  инчунин тавассути ташкилотҳои донишҷӯён, Шӯрои духтарон, Шӯрои хобгоҳ, Созмони ҷавонон гузаронида мешаванд.

Иҷрои талаботи «Қоидаҳои донишҷӯён барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба беҳтаршавии давомот ва пешрафти донишҷӯён, риояи одобу муошират хуб мусоидат намуд. Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бошад, тадбирҳои зиёд амалӣ шудаанд.

-Ҳоло дар коллеҷ 20 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбия машғуланд. Аз ин ҳисоб 18 нафар дорои маълумоти олӣ буда, аксарашон собиқаи кории  зиёда аз 15-сола ва дониши хуби назариявию  маҳорати омӯзгорӣ доранд. Аз ҷумлаи онҳо ҳафт нафар омӯзгорон  дорои нишони сарисинагии Аълочии маорифи Тоҷикистон буда, 16 нафарашон дорои дараҷаи тахассуси олӣ  мебошанд,-  мегӯяд дар идомаи суҳбат Муллоҷон Аҳмадов.

Иттилоъ гирифтам, ки бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат имсол ду ихтисоси нав — забон ва адабиёти тоҷик ва математика ҷорӣ гардид. Аз соли нави таҳсил дарсҳо аз рӯйи як ихтисос — низоми кредитии таълим  сурат мегиранд.

Омӯзгорони коллеҷ ҷиҳати беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия ба донишу маҳорат, такмили дониш ва таҷрибаи педагогии худ аҳамияти бештар  медиҳанд.

Боиси хурсандист, ки аз ҷониби омӯзгорони  пуртаҷрибаи коллеҷ мақолаю корҳои илмӣ- таълимӣ таҳия ва дар воситаҳои ахбори омма чоп мешаванд.

Имсол маҷмӯи мақолаҳои методии Муллоҷон Аҳмадов «Андешаҳои педагогӣ», Рустам Одилов «Зиндагӣ бо китоб рӯшан аст», Раҳимбек Қувватов «Нақши корҳои беруназсинфӣ дар дарсҳои табиатшиносӣ ва география», Қумрӣ Каримова «Луғатомӯзӣ дар дарсҳои забони русӣ» (бо забони русӣ), М.Ҳасанов «Инкишофи мустақилияти хонандагон дар рафти таълим» ва дигарон аз чоп баромаданд.

Яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими фаъолияти коллеҷ ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён мебошад, ки дар асоси нақшаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯёни курсҳои сеюми коллеҷ ба таҷрибаомӯзии муттасил ва курсҳои чорум ба таҷрибаомӯзии шашҳафтаинаи пешаздипломӣ сафарбар мешаванд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»