Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор...

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва рисолати омӯзгорон

№62 (4482) 24.05.2022

MaktabКасе наметавонад инкор кунад, ки соҳаи маориф на танҳо яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло соҳаи маорифи мамлакат дорои шабакаи рушд­ёфта ва гуногуншакли муассисаҳои таълимӣ мебошад. Роҳбари мамлакат ба аҳли маориф ҳамчун неруи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд доранд ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунанд.

Инчунин, ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо як силсила қонунҳо қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифта, татбиқи як қатор барномаҳо идома дорад. Табиист, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа  ба боло рафтани мақоми омӯзгорон, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву фаъолият, касбомӯзӣ ва кори пурсамари онҳо мусоидат мекунанд.

Хислати наҷиби дигари Пешвои миллат он аст, ки барои ҳавасманд гардонидани кормандони соҳа як қатор имтиёзҳо муқаррар намуда, ба беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии онҳо таҳрик бахшиданд. Мавриди амал будани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф» аз ҳамон ҷумла аст. Бегуфтугӯ, ҳама банду моддаи қонуни зикршуда муҳиманд, вале моддаҳои 52  — «Ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор» ва 53 – «Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф» бевосита ба некуаҳволии омӯзгорон нигаронида шудааст.

Дар моддаи 52 муқаррар шудааст, ки шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад. Санҷиши фаъолияти омӯзгор ва баҳогузорӣ ба кори ӯ танҳо ба мақомот ва шахсони ваколатдор, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муайян шудаанд, иҷозат дода мешавад. Аз иҷрои вазифаи касбӣ бе асосҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дур кардани омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф манъ аст. Назорати фаъолият ва аттестатсияи омӯзгорон тибқи низомномаҳое, ки мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ намудаанд, амалӣ карда мешавад.

Қонунгузор муқаррар кардааст, ки фаъолияти касбии омӯзгор танҳо дар доираи касбӣ, аз ҷониби шахсон ва мақомоти дахлдори давлатии соҳаи маориф баррасӣ карда мешавад. Ҳангоми ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти касбии омӯзгор шахсияти ӯ набояд таҳқир карда шавад ва ба фаъолияти ӯ воқеъбинона ва беғаразона бояд баҳо дода шавад. Камбудиҳои содиркардаи омӯзгор танҳо пас аз санҷиши касбии мақомоти дахлдори давлатӣ мавриди баррасӣ карор дода мешавад.

Илова бар ин, тибқи талаботи моддаи мазкур, омӯзгор ҳуқуқ дорад дар хусуси баҳогузории нодуруст ба фаъолияташ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ё суд муроҷиат кунад ва ҷуброни зарари моддӣ ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд.

Тибқи моддаи 53 қонуни мавриди назар, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дорои  имтиёзҳои зиёд мебошанд.

Муқаррароти асосии моддаи инҳоанд:

- омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд;

- ба омӯзгорони муассисаҳои таьлимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд;

- барои омӯзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омӯзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад;

- барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои се сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, тавҷҷуҳи хоса зоҳир намояд.

Дар маҷмӯъ, ғамхориву эътимод ба кормандони соҳаи маориф аз фазилатҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, ба ин боварӣ сазовор будан қарзи виҷдон ва рисолати инсонии ҳар як омӯзгор аст.

Парвина Сафарова,

омӯзгори МТМУ №77-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе