«Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони фаронсавӣ (Les Tadjiks dans le miroir de l’histoire)

№67-68 (3213-3214) 24.06.2014

Нашри фаронсавии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар Парлумони Аврупо моҳи марти соли 2014, сипас дар Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърих дар шаҳри Брюссел моҳи майи соли равон ба олимони пешсафи Иттиҳоди Аврупо муаррифӣ гардид. Нашри фаронсавӣ идомаи тарҷумаҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, хитойӣ ва форсии китоби мазкур буда, барои ҷамъиятҳои фаронсавизабони чунин кишварҳо, ба монанди Белгия, Фаронса, Люксембург, Канада ва дигар давлатҳои франкофонии ҷаҳон як навъи роҳнамоӣ ба олами Тоҷикистон мебошад. Мусаввараҳои рангоранги ҳайкалҳо ва бозёфтҳои ҳафриётӣ матни китобро ғанӣ мегардонанд. Ширкати иттилоотию консалтингии «Биг Медиа Груп» тарҳи китобро омода ва чопи онро таъмин намудааст. Ҷилди хеле ҷолиби китоб хонандаро ба хониши басо ҳавасангез водор мекунад.

Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» як китоби ғайриодиест дар бораи таърихи Осиёи Марказӣ. Он дар бобати таърих ва асл тавассути ҳиссиёт ва таассуроти тоҷики муосир, ки решаҳояш амиқ дар фарҳангу таърихи форсӣ ҷой доранд, назари хеле мушаххасро пешкаш менамояд. Ҳеҷ кас мушкилотеро, ки бо он давлати Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мувоҷеҳ мешуд, беҳтар аз Эмомалӣ Раҳмон намедонад ва намефаҳмад. Дар боби аввал ин давраи пуризтироб инъикос меёбад, ки ба ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистони ҳозира ва таҳкими асли тоҷикон овардааст. Дар баъзе мавридҳо дар тамоми китоб ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олами муосир дар партави таърихи навини он ифода ёфтааст ва Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои асосии демократия ва ваҳдати миллиро муҳокима намудааст.

Китоб аз ду қисм иборат аст. Қисми якуми он асли фарҳангӣ ва асотирии олами тоҷикро зери қалам оварда, қисми дуюм таваҷҷуҳро ба ташаккули давлатдории форсӣ ва ҳиндуаврупоӣ ё ориёӣ тамаркуз менамояд. Биёед, нахуст қисми дуввуми китобро шарҳ медиҳем. Боби якуми он ба Тоҷикистони ҳозира дар партави рӯйдодҳои асрҳои xx ва xxi, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Тавассути омезиши воқеаҳои таърихӣ, бо таҷрибаи аввалия ва андешаву рӯйдодҳои шахсӣ, боби мазкур ба хонанда усули хеле инфиродӣ ва пуртаъсири Эмомалӣ Раҳмонро манзур менамояд. Ҳамзамон хонанда бо дарки амиқи таърихи қадим, ки бо низоми маориф таъмин гардид ва ҳамчун варақаи доимии боздиди сиёсӣ ва фарҳангии давлати муосир эътироф ёфтааст, рӯ ба рӯ мешавад. Се боб, ки ба таърихи куҳан тааллуқ доранд, мутаносибан давлатҳои Ҳахоманишиҳо, Селевкидҳо ва Турониёнро муҳокима карда, ба низоми сиёсӣ ва маъмурии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Қисми аввали китоб ба асли фарҳангӣ ва таърихи тоҷикон бахшида шудааст. Он аз мунозираи кӯтоҳ дар бораи Роҳи бузурги абрешим оғоз меёбад, ки унвони он асосан аз давраи Портҳо маъруф будааст, ҳол он ки тиҷорат дар ин масир хеле барвақттар оғоз ёфта буд. Аллакай дар ҳазораи сеюм Бадахшон Месопотамия ва Мисрро бо лоҷвард таъмин менамуд, ки дар навбати худ шаҳодати мавқеи марказии Тоҷикистон дар шабакаи роҳҳои тиҷоратӣ мебошад. Сохтмони идомаёбандаи роҳҳои муосир, ки қаламрави Хитойро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна мепайвандад, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун маркази бузурги нақлиётии шабакаи тиҷоратӣ дигаргун хоҳад сохт. Ба монанди Роҳи бузурги абрешим дарёи Вахш низ дорои аҳамияти махсус аст. Дар соҳилҳои дарёе, ки аз кӯҳҳо мешорад, иншооти бузурги эллинистӣ бо ибодатхонаҳо ва қалъаҳо сохта шудаанд. Хазинаи машҳури Амударё, ки ҳоло дар Осорхонаи Британия дар Лондон маҳфуз аст, яке аз ганҷҳое мебошад, ки дар бораи ҷамъияти рушдёфтаи ин қисмати Осиё шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин дар ин минтақаҳо асли Авасто ва рушди дини зардуштӣ таҳқиқ карда мешаванд. Ҳол он ки бисёре аз матнҳои муқаддас, ки дар давраи Сосониён ё оғози таърихи Ислом сабт гардида буданд, расму оин ва динҳои хеле қадимтарро инъикос мекунанд. Зардушт, ки тибқи ақидаи баъзеҳо бисёре аз ин эътиқодҳоро муқаддас эълон кард, эҳтимолан дар асри VII то мелод умр ба сар мебурд. Ҳамзамон ба хонанда на танҳо факту рақамҳо пешкаш мегарданд, балки нақл карда мешавад, ки чӣ тавр Эмомалӣ Раҳмон бо ин маълумоти таърихӣ шинос шуд, чӣ тавр ӯ корҳои илмиро аз маҷаллаҳои ба колхоз дастрасшаванда дарёфт менамуд ва то чӣ андоза ӯ аз хондани чунин матолиб ба ваҷд меомад.

Хониш дар бораи дини зардуштӣ ин танҳо як қадами хурдест ба сӯйи мутолиаи осори таърихшиносон, олимон ва шоирони исломӣ, ба монанди ал-Берунӣ ва ал-Масъудӣ. Яке аз асарҳои таъсирбахш, албатта, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ  боқӣ мондааст, ки таърихи олами форсро аз ташаккулёбиаш то заволи Сосониён аз ҷониби арабҳо дар миёнаҳои асри VII тасвир мекунад. Фирдавсӣ аз таърих илҳом гирифта, асарҳои қадимии таърихӣ, афсонаҳои асотирӣ, унсурҳои Авасто ва дигар матнҳои зардуштиро дар як достони эпикӣ ҷамъ овард, ки он наздик ба 60 000 байти дорои қофия иборат мебошад. Дар баробари он ки ӯ давраҳои дертарро аз ҷиҳати таърихӣ дақиқ шарҳ медиҳад, андешаҳояш дар бораи сулолаҳои қадимтарини подшоҳӣ баҳснок ҳастанд. Эмомалӣ Раҳмон муаррихонеро ба монанди Ю.Ёқубов, ки ба моҳияти таърихии баъзе аз ин асотирҳо ва сулолаҳои қадими бо асли пешини тоҷикон рабтдошта муътақиданд, дастгирӣ менамояд.

«Шоҳнома» рамзи мероси умумии форсӣ буда, чун забон ва фарҳанги муштарак аст, он ҳиссиётеро ифода менамояд, ки Эмомалӣ Раҳмон онро ҳангоми ба сарзамини Эрон қадам ниҳодан ба тасвир меорад. Таърихи Тоҷикистон дар бештари мавридҳо бо сулолаи Сомониён муайян карда мешавад, вале он қисмати фарҳанги васеътари форсӣ бо решаҳои хеле қадимтараш мебошад. Эмомалӣ Раҳмон ба хонанда дарки онро, ки чӣ тавр мардуми тоҷик ба гузаштаи худ ва асли худ менигарад, пешкаш мекунад ва унвони китоб «Дар оинаи таърих» аз ҳамин ҷост. Китоби номбурда маводи хондании хеле ҷолиб барои онҳоест, ки мехоҳанд тарзи тафаккури тоҷикон ва андешаҳои онҳоро оид ба мафҳумҳои гуногун, ба монанди асли миллӣ ва рушди иқтисодӣ фаҳманд. Муаллиф ба хонанда нигоҳи махсусро ба олами дигар пешкаш менамояд. Китоби мазкур барои ҳар сиёсатмадор, соҳибкор, олим ва ё сайёҳи одие, ки ба олами форсизабон ё Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ дорад, маводи ҳатмист. Он нақш, мавқеи анъана ва диди таърихиро дар ташаккули қисмати бештари таърихи ҳозираи Тоҷикистон маънидод мекунад.

Профессор, доктор Бруно Оверлет аз Донишгоҳи Гент ва Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърихи Шоҳигарии Белгия

Тавассути АМИТ «Ховар»