Сатрҳои миннатдорӣ

То шифо ҳосил бигардад…

№96 (4358) 24.07.2021

То кунун умрро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудаам ва аз ин амалам сарфарозам. Соли 1984 факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм намуда, ба ҳайси муаллим, муовини директор, директори мактаб, сармутахассиси Хадамоти назорати сифати таҳсилот кор кардам ва айни ҳол мушовири фанҳои география ва биологияи шуъбаи маориф мебошам. Тӯли 37 сол шогирди зиёд ба камол расонида, ба онҳое, ки дар вазифаҳои гуногуни ҷамъиятию давлатӣ баҳри рушду инкишофи кишвар саҳм мегузоранд, ифтихор дорам.

Дар ҳаёт бо инсонҳои наҷиб ҳамкор будам ва аз андешаҳои пурҳикмату панду андарзҳои рӯҳбахши онҳо баҳраманд гардидаам. Соли 2002 иштирокчии корвони «Ваҳдат» будам, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар шоҳроҳи Ваҳдат доир шуд ва дар роҳи расидан ба суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мардуми кишвар саҳми бориз гузошт. Хуллас, аз умри рафтаам розиам ва ифтихор мекунам, ки заррае ҳам бошад, дар пешбурди яке соҳаҳои калидии ҷомеа ҳиссагузор будаму дар тарбияи насли наврас саҳм гузоштам. Солҳои охир маро бемории бронхити роҳҳои нафас азият медиҳад. Ба хотири барқарор намудани саломатӣ дар бисёре аз муассисаҳои табобатӣ бистарӣ будам ва ба табибони мардумӣ низ муроҷиат намудам. Чанде пеш дар шуъбаи бемориҳои шуши Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Шифобахш» даҳ рӯз бистарӣ шудам ва ба шарофати табибони ҳозиқ таҳти роҳбарии мудири шуъба Таҳмина Меликова ва духтури терапевт Ҳотамҷон Мирзоев шифо ёфтам.

Аз муносибату муошират, одобу муомилаи ин шахсон хеле хурсанду сарфарозам. Онҳо, дар ҳақиқат, табибони меҳрубон, соҳиби хислатҳои нек, хоксор ва касбияти баланданд.

Бино ба гуфти ҳамкорон, Ҳотамҷон Мирзоев наздики 20 сол мешавад, ки ба беморону эҳтиёҷмандон умри дубора мебахшад ва соҳиби обрӯ ва эҳтиром гардидааст.

Ташхиси дуруст, касбияти баланд ва муошироти сатҳи олӣ боис бар он шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳ ман саломатиамро барқарор намудам. Ба табибону ҳамшираҳои шафқате, ки бароям кумак намудаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, матлабамро бисёр мехоҳам, ки бо ­мисраъҳои шоир Мирзо Рустамзода ҳусни анҷом бахшам:

То шифо ҳосил бигардад, нӯшдоруе кам аст,

Ранги Сино дард бо бемор мебояд кашид.

Насрулло НОСИРОВ,

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон