Тренинг барои журналистон

№121 (3601) 24.09.2016

Ҳафтаи гузашта Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи минтақавии «Роҳҳои мутобиқшавӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои баландкӯҳи Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Душанбе барои журналистон тренинг гузаронд.

Мақсад аз ташкили ин ҷамъомад шиносойӣ бо масъалаҳои муҳими вобаста ба тағйирёбии иқлими сайёра ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба он, ҷалби журналистон барои инъикоси васеи ин масъалаи муҳим ва огоҳии мардум роҷеъ ба мушкилоти мавҷуда маънидод шуд. Олимону мутахассисон дар ин бора баромад карда, ба саволҳои журналистон ҷавоб доданд.

«Садои мардум»