Дар партави Паёми Президент

Ҳуҷҷати муҳими бунёдӣ ва барномавӣ

№15 (3316) 02.02.2015

Мувофиқи моддаи 55-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ  ва хориҷии  кишвар бо Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд.  Паёми навбатии  Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 январи соли 2015 ироа гашт.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ Паём ҳуҷҷати муҳими бунёдӣ ва барномавие мебошад, ки дар он  дурнамои инкишофи самтҳои  афзалиятноки фаъолияти давлатӣ барои давраи кӯтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлат  пешниҳод мегардад. Ҳамзамон дар он комёбиҳо ва норасоиву камбудиҳои мушаххаси соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи мамлакат натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои оянда мушаххас карда  мешаванд.

Аз омӯзишу таҳлили Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷае мерасем, ки мазмуну муҳтавои он саршор аз ғояҳои ватандӯстию меҳанпарастӣ, худшиносиву ҷавонмардӣ, накухоҳиву адолат, дастгирии ятимон, маъюбон ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа, таълиму тарбияи наврасону донишҷӯён, боло бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар, баланд бардоштани савияи донишандӯзӣ, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати оштинопазир дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор мебошад. Дар баробари масъалаҳои зикршуда, ҳамзамон рушду инкишофи устувори минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ, густариши ҳаёти фарҳангию ҳуқуқӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорон, тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳукуқ, тақвияти неруи инсонӣ, таъмини амният  ва ҳифзи тамомияти арзии мамлакат аз мавзӯъҳои асосии Паёми имсола ба ҳисоб мерафтанд.

Вазифаҳои мушаххасе, ки дар Паём дар иртибот ба рушди соҳаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар пешбинӣ шудааст, аз мо- омӯзгорон, тақозо менамояд, ки интизоми баланди меҳнатиро ба роҳ монда, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати таълим ва илм, густариши ҷаҳонбинии муосири  донишҷӯён ва  тарбияи онҳо дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ  тадбирҳои муассир андешем.  Бароямон равшан аст, ки маориф яке аз самтҳои афзалиятноки  бахши иҷтимоии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти Давлату  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин радиф, бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои кунунии молиявии кишвар, дар Паём таъкид карда шуд, ки аз моҳи сентябри соли 2015 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва илм 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ин тасмимро метавон  силсилаи идомаи мантиқии  иқдомҳои  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии соҳаи маориф ва илми кишвар арзёбӣ намуд.

Дар шароити муосир, бо дарназардошти таъсири амиқи омилҳои ҷаҳонишавӣ дар соҳаи илм ва фарҳанг, тафовути фарҳангӣ-тамаддунии олами Шарқу Ғарб, проблемаҳои мувофиқкунонии андеша, назария ва арзишҳои ғарбгароёна ба муҳити миллии фарҳангӣ, зарурати омода намудани мутахассисони болаёқат, босавод, рақобатпазири бозори меҳнат, ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамзамон анҷом додани корҳои арзишманд ва бунёдии илмӣ-тадқиқотиро тақозо менамояд.

Дар ин замина, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ-таълимии кишвар дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисос, боло бурдани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъол дар ҷараёни  таълим, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон тадбирҳои заруриро андешида истодааст.  Факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамчун воҳиди сохтории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои ироашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ва муқаррароти дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи маориф ва таҳсилоти олии касбии мамлакат иқдомҳои созандаеро пеша намудааст. Дар шароити эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ талабот ба ҳуқуқшиносон дар соҳаи қонунэҷодкунӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии сатҳи гуногун, фаъолияти адвокатӣ ва нотариалӣ, мушовири ҳуқуқии корхонаву муассиса ва ташкилотҳо фаъолияти илмӣ-омӯзгории ҳуқуқшиносӣ меафзояд. Аз ин рӯ, зарурати омода намудани ҳуқуқшиносони насли муосири ҳаматарафа аз донишҳои ҳуқуқӣ  бархӯрдор ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пос доштани арзишу суннатҳои аҷдодӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат, гиромидошти тамомияти арзӣ ва якпорчагии Тоҷикистон тарбияёфта ба миён омадааст. Ҳуқуқшиносони насли муосир бояд нафароне бошанд, ки ҷиҳати таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амният дар кишвар  ҷидду ҷаҳд дошта бошанд.

Аз ин ҷост, ки дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои олимон ба мақсади ҳалли вазифаҳои мавриди назар  «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносӣ барои солҳои 2015-2020» қабул гардид.

Хотирнишон бояд, сохт ки масъалаи таҳким бахшидан ва боло бурдани обрӯ ва нуфузи ҳокимияти судӣ пайваста дар мадди назари Роҳбари давлат қарор дорад.  Бо фармонҳои Президенти кишвар барои солҳои 2007-2010 ва 2011-2013 ду маротиба барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ  қабул гардида буданд, ки татбиқи онҳо аз бисёр ҷиҳат ба тақвияти ҳокимияти судӣ ва такмили минбаъдаи фаъолияти низоми судӣ  мусоидат намуданд.

Дар маҷмӯъ, қабули «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017» ба шароити кунунии рушди давлатдории Тоҷикистони азиз аз ҳар ҷиҳат созгор буда, амалишавии он барои таҳким ва густариши минбаъдаи ҳокимияти судӣ ҳамчун унсури ҷудонопазири ҷомеаи демократӣ, мусоидат хоҳад кард.

Масъалаи тарбия ва дастгирии наврасону ноболиғон, ҳимояи кӯдак ва ҳифзи оила бахши дигари муҳими  Паёмро ташкил медиҳанд. Дастуру ҳидоятҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём дар хусуси таъсиси сохтори нави ҳамоҳангсоз ҷиҳати  ба роҳ мондани назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон таъсиси институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи  кӯдак далели равшани дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин табақаи ниёзманд ва осебпазири аҳолист. Ҳамзамон дар хусуси сол аз сол зиёд шудани ҳолатҳои бекор кардани  ақди никоҳи оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, Роҳбари давлат сабабҳои асосии онро ба омода набудани ҷавонон ба зиндагии  мустақилона, бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор кардани онҳо ва  никоҳи байни хешовандони наздик марбут донист ва ба сохторҳои масъули давлатӣ дастур дод, ки якҷоя бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумати кишвар таклиф пешниҳод намоянд. Ҳамзамон ба мақсади баланд бардоштани фарҳангу одоби оиладорӣ, ҷоннок намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ курси махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад. Дар робита ба ин масъала пешниҳод карда шуд, ки соли 2015 «Соли оила» эълон карда шавад.

Айни замон, тибқи ин дастуру супоришҳо устодони факултети ҳуқуқшиносӣ тасмим гирифтаанд, ки масъалаҳои ҳуқуқи оилавиро мавриди тадқиқоти амиқи илмӣ қарор дода, оид ба роҳҳои мустаҳкам намудани оила ва пешгирии омилҳои бекор шудани ақди никоҳ ба сохторҳои дахлдори давлатӣ таклифу пешниҳодҳои судманд ва  асоснок ирсол намоянд.

Инчунин устодони кафедраҳои тахассусии факултети ҳуқуқшиносӣ иқдом гирифтаанд, ки дар самти пешгирии терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои вазнини фаромарзию байналмилалӣ ва дигар омилҳои хатарафзо ва таҳдидкунандаи амнияти кишвар тадқиқотҳои  арзишманди илмиро ба роҳ монда, дар радифи он барои тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати оштинопазир бо ин зуҳуроти номатлуб корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботиро ҷоннок намоянд.

Мо — устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём бармеоянд, тамоми саъю талош ва азму кӯшишҳои худро ҷиҳати дар амал татбиқ кардани муқаррароти ин  ҳуҷҷати роҳнамои миллат  ва  дурнамои  инкишофи давлат равона хоҳем кард.

Э. НАСУРДИНОВ, декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент