Поси хотир

Ҳуқуқшиноси варзида ва инсони нексиришт

№107 (3408) 11.08.2015

МенглиевПрофессор Шомурод Менглиев аз зумраи шахсоне буд, ки ҳаёти пурбаракати худро ба ташаккули пояҳои ҳуқуқи миллӣ ва тарбияи шогирдони бохираду соҳибмаърифат бахшида, бо хислатҳои неки инсонӣ, ба мисли пуртоқативу хоксорӣ, мақбули ҳамагон ва соҳиби иззату эҳтироми хоса гардидааст.Вале сад афсӯс, ки қалби ҳуқуқшиноси варзидаи кишвар, олими барҷаста ва устоди азизи мо Шомурод Менглиев баъди бемории на чандон тӯлонӣ аз тапиш бозмонд. Бо марги нобаҳангоми ин олими варзида илми ҳуқуқшиносии кишвар талафоти калон дид.

Зиндаёд дар оилаи ваҳдатпазиру таҳаммулгаро дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ ба воя расидааст. Шомурод Менглиев баъди хатми факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносӣ оғоз карда, сипас ба ҳайси муаллими калон, дотсент ва профессори кафедраи ҳуқуқи гражданӣ фаъолият намуда, аз соли 1994 то соли 2012 вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бар уҳда дошт. Бинобар доштани малакаи хуби роҳбарӣ солҳои 1976 – 1985 ба ҳайси муовини декан ва солҳои 1985-1986 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи декани факултети ҳуқуқшиносии мактаби олии мазкур кор кардааст.То охирон лаҳзаҳои ҳаёташ ҳамчун омӯзгори ба касбаш содиқ дар вазифаи профессори кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ фаъолият дошт.

Соли 1975 дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии суғуртаи амволи корхонаҳои кооперативии истеъмолӣ» рисолаи номзадӣ ва соли 1991 дар мавзӯи «Проблемаҳои назариявии тарзҳои барқарорнамоӣ (муътадилнамоӣ) — ҳуқуқҳои молумулкии шаҳрвандон» бомуваффақият рисолаи докториро дифоъ намуд.

Ӯ муаллифи зиёда аз 200 кори илмию оммавӣ, ҳамчунин яке аз мураттибони Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаммуаллифи китоби «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ», «Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», китобҳои дарсии «Ҳуқуқи Римӣ», «Ҳуқуқи инсон», муаллифи китоби «Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ» ва чандин дигар рисолаҳо мебошад.

Самтҳои фаъолияти Шомурод Менглиев бисёрҷабҳа буда, ҳар як асари ӯ саршори навигарӣ ва бозёфти тоза дар илми ҳуқуқ мебошад. Ғояву андешаҳои ӯ ҷонибдорони зиёди худро пайдо намуда, масъалаҳои дар мақолаву маърӯзаҳояш бамиёнгузошта дар асоси таҳлили амиқи ҳуқуқӣ пешкаш гардида, дорои мазмуни баланд мебошанд. Ҳамаи ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки марҳум дар қатори олимони шинохтаи ҷаҳон эътироф гаштааст.

Ин инсони накӯкор чилу панҷ соли умри пурбаракаташро дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ташаккули илми муосири ҳуқуқ дар кишвар ва тарбияи шогирдон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ бахшида, дар лаҳзаҳои душвор барои рушди ин даргоҳи илму маърифат хизматҳои арзандаро анҷом додааст. Таҳти роҳбарии ӯ дар муддати кӯтоҳ ҷиҳати рушди илми ҳуқуқи гражданӣ,  ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ навовариҳои зиёд ҷорӣ гардид.

Барои ман боиси ифтихор аст, ки ҳамроҳ бо устоди азизи худ ва ин марди накӯкор дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ фаъолият намуда, дар ҳалли масъалаҳои гуногуни таълимӣ аз мададу маслиҳатҳои ӯ баҳравар гардидаам. Ҳамеша кӯшиш менамудем, ки ин махзани илму маърифат тарбиятгари кадрҳои баландихтисос бошад. Ӯ ҳамеша андешаи равшан дошта, масъалаҳои кориро возеҳ баён мекард ва баҳри ҳалли онҳо кӯшиш ба харҷ медод.

Фалсафаи ҳаёт ҳамин аст, ки дар зиндагӣ бе дасти мададгор ба ҷое расидан мушкил аст. Шомурод Менглиев аз ҷумлаи он устодоне буданд, ки ба сифати омӯзгори забардаст ва олими соҳибном тӯли солҳои зиёд баҳри таълиму тарбияи ҷавонон ва олимони ҷавон хидмати арзанда намуда, ҳамчун шахси хирадманду нексиришт ва инсони комил бо хислатҳои хоси худ дар қалби кулли шогирдонашон, ки имрӯз дар мақомоти гуногуни давлатию ҷамъиятӣ  кору фаъолият доранд, ҷой гирифтаанд.

Ёд дорам, ки дар факултети ҳуқуқшиносӣ соли 1994 шуъба ва кафедари ҳуқуқи байналмилалиро таъсис додем ва Шомурод Менглиев мудири ин кафедра интихоб шуданд. Марҳум дар муддати кӯтоҳ муаллимони соҳибкасбро ба кор дар кафедраи навтаъсис ҷалб карданд ва дере нагузашта онҳо таҳти роҳбарии Шомурод Менглиев рисолаҳои номзадиашонро дифоъ намуданд.

Дар ҷодаи илм ва тадқиқотҳои илмӣ бо сабку услуби хоси худ яке аз олимони сермаҳсул буда, танҳо тафаккуру худшиносии инсонӣ ва худогоҳии милливу таърихӣ, саводу дониш, дили огоҳу ақли бедор, арҷгузории ниёгон, муҳаббату садоқати комил ба Ватану миллат ва ҷаҳоншиносии муназзами зиндагисозро дар сиришти ҷавонон парвариш медоданд.

Таҳти роҳбарии ӯ 15 нафар рисолаҳои номзадӣ ва се нафар рисолаҳои доктории худро дифоъ намудаанд, ки бархе аз онҳо идомадиҳандаи кору пайкори устод дар ҷодаи илм мебошанд. Устод дар тарбияи шогирдон дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо низ саҳми босазо доранд.

Устод Шомурод Менглиев солҳои 1989-1993 ҳамчун узви Комитети назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими қонуният ва таъмини волоияти қонун дар кишвар саҳми хешро гузоштааст. Натиҷаи дониши баланди касбӣ ва хулқу рафтори неки инсонии Шомурод Менглиев  буд, ки то лаҳзаҳои охири ҳаёташ бо Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқа дошт ва аъзои Шӯрои илмӣ — машваратии назди Суди конститутсионӣ  буд. Доимо дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, зимни баамалбарории салоҳияти Суди конститутсионӣ иштирок намуда, хулосаҳои муфид дода, ҳамчун мутахассис бо мақсади мукаммалгардонии қонунгузорӣ оид ба салоҳият ва фаъолияти ин ниҳод пешниҳодҳои мушаххас мекард.

Шахсиятҳое ба мисли Шомурод Менглиев ниҳоят ангуштшуморанд ва омӯзиши саҳифаҳои арзишманди таърихи ҳаёти пурбаракати ин устоди ҳуқуқшиносон, ки саршор аз хизматҳои шоиста дар назди халқу давлат, пирӯзиву дастовардҳо ва панду насиҳатҳост, амри зарурист. Ҳикмати ҳаёт аст, ки дар ҳар давру замон бо шахсиятҳои наҷиб ва нексириште рӯ ба рӯ мешавем, ки ҳастии хешро ба хизмати мардум бахшида, дар ҷодаи илму маърифат мавқеи муайянеро ишғол намудаанд ва Шомурод Менглиев аз зумраи чунин  донишмандон буданд.

Устоди азизро ҳанӯз азсоли 1974, аз рӯзҳои аввали донишҷӯиам, мешиносам, ки ба мо бо меҳрубониву ҳалимӣ дарс гуфта, сарфи назар аз сахтгириву серталабӣ ба ҳар яки мо ғамхорона ва некбинона муносибат менамуданд.

Бо мақсади таҳия ва эҷоди китобу асарҳои илмӣ, хусусан бо забони давлатӣ, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон кам буданд, дар ҳамкорӣ бо Шомурод Менглиев аввалин китоби «Ҳуқуқи Римӣ»-ро барои донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои таҳсилоти олии таълимӣ бо забони давлатӣ, ки барои таълиму тарбияи ҳуқуқшиносони касбӣ ва ҷавонони кишвар аҳамияти муҳим дорад, рӯи чоп оварда, мавриди истифодаи ҳамагон қарор додем.

Мавсуф ҳамеша мекӯшид, ки дар қабули қарор ё додани хулоса ба иштибоҳ роҳ надиҳад. Дили мисли ойина софу шаффоф дошт. Аз ин ҷост, ки байни ёру дӯстон, ҳамсабақону ҳамкасбон ҳамчун шахсияти дорои маърифати баланди инсонӣ ва ақлу заковати комил муаррифӣ гардида, эътибори хосаро касб намудааст.

Шомурод Менглиев дар оиладорӣ низ намунаи ибрат буд. Ӯ ва ҳамсари меҳрубонаш, собиқадори меҳнат Башорат Узоқова фарзандони шоистаи давру замонро тарбия карда, ба воя расонидаанд, ки айни замон онҳо дар вазифаҳои пурмасъулият фаъолият доранд, софдилона бо кору амали нек дар рушду нумӯи кишвар саҳм мегузоранд ва дар ҷомеа ҳамчун пайравони падари хоксор обрӯ ва мақому мартабаи босазо доранд.

Профессор Шомурод Менглиев узви Комиссияи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, узви Комиссияи Арбитражи байналмилалӣ оид ба созиш дар Женева, узви Арбитражи тиҷоратии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар бахши ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Устод Шомурод Менглиев ба ҳайси яке аз ҳуқуқшиносони варзидаи ҷумҳурӣ  барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои илмӣ дар тарбияи ҷавонони дорои малакаи баланди касбӣ бо унвонҳои «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Номи устоди меҳрубон дар қалби ёру дӯстон ва наздикону пайвандон ҳамчун инсони комилу ватандӯст ва ҳуқуқшиноси барҷаста ба таври ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Маҳкам МАҲМУДЗОДА, академики АИ ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор