Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Уфуқҳои тозаи риёзиёт

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

DSC_0506Силсилаасарҳои академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов «Назарияи муодилаҳои эволютсионии абстрактӣ ва татбиқи он» барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва технология барои соли 2022 пешбарӣ шудааст.

Силсилаи корҳои пешниҳодшуда аз монографияи «Масъалаҳои Коши барои баъзе синфҳои муодилаҳои абстрактии эволютсионӣ», ки соли 2001 нашр шудааст, бо иловаи 12 мақолаи дар маҷаллаҳои байналмилалии риёзӣ нашршуда иборат аст. Натиҷаҳое, ки дар ин силсилаи корҳо ба даст оварда шудаанд, хусусияти фундаменталӣ дошта, дар модулҳои гуногуни математикӣ, ки ҳангоми омӯзиши масъалаҳои биология, пайдоиши шуоъҳои кайҳонӣ ва робитаи байни параметрҳои электрикии модулҳои фотоэлектрикӣ ва омилҳои беруна, ба монанди шиддати радиатсияи офтоб ва ҳарорат ба миён меоянд, истифода мешаванд. Натиҷаҳо ба таври мухтасар бо нишондиҳандаҳои зерин тавсиф мешаванд:

- Теоремаҳои мавҷудият ва ягонагӣ барои ҳалли масъалаи Коши барои муодилаҳои абстрактии параболӣ бо шартҳои ғайрихаттии аккретивӣ исбот шудаанд. Ин теоремаҳо дар назарияи ғайрихаттии муодилаҳо ва системаҳои параболӣ, биологияи математикӣ татбиқ мешаванд ва умумияти теоремаи маъруфи Ҳилле-Йосид барои операторҳои хаттӣ ба ҳолати ғайрихаттӣ мебошанд;

- Ҳалпазирӣ ва дуруст гузоштани масъалаи Коши барои муодилаҳои эволютсияи хати касрӣ бо дар­назардошти хотираи динамикӣ дар фазои Banach исбот шудааст. Ин натиҷа такмил ва рушди минбаъдаи тадқиқоти риёзидонҳои бузурги қарни XX С. Крейн, Т. Като ва П. Соболевский ва шогирдонашон, инчунин дар мавриди муодилаҳои нимхаттии тартиби касрӣ дар ­масъалаҳои физикаи энергияи баланд корбурд доранд;

- Консепсияи нави интегроли стохастикӣ (тасодуфӣ) пешниҳод шудааст, ки аз интегролҳои маъруфи К. Ито ва Р.В. Стратанович, тавре ки ба синфи муодилаҳои дифференсиалии стохастикии тартиби касрӣ тадбиқ мешавад, ки аз ҷараёни тасодуфии мутлақ ё садои сафеди навъи Балакришнан дар фазои Ҳилберт халалдор мешавад. Бо истифода аз мисоли ҳисоб кардани ҳосилаи Радон-Никодим барои ченакҳои ниҳоии аддитивӣ ба мақсад мувофиқ будани ҷорӣ намудани интегроли нави стохастикӣ нишон дода мешавад. Бояд гуфт, ки элементҳои аввалини чунин ҳисобҳои интегролӣ ба риёзидони машҳури амрикоӣ А. Балакришнан ва рушди босуръати риёзиёти молиявӣ ангезаи таҳқиқоти амиқтар ба консепсияи нави ҳисобҳои интегролӣ ва дифференсиалии стохастикӣ мебошад.

Мамадшо Илолов мутахассиси варзидаи соҳаи муодилаҳои абстрактии эволютсионӣ ва тадбиқи он дар омӯзиши масъалаҳои гуногуни амалии физикӣ, техникӣ, биология ва тиб буда, натиҷаҳои барҷаста ба даст овардааст. Вай нахуст назарияи муодилаҳои эволютсионии касриро дар фазоҳои беандоза офарида, зимнан асосгузори мактаби илмии ин самт дар Тоҷикистон гардид, ки дар Россия, ИМА, Қазоқистон, Эрон ва Туркия пайравони зиёд дорад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника қадрдонӣ шудани академик Мамадшо Илолов баҳогузории муносиб ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии риёзидон мебуд. Мавсуф чун риёзидон бештар мутахассиси соҳаи назарияи муодилаҳои эволютсионӣ маҳсуб мешавад. Самтҳои асосии пажӯҳиши илмии мансуб ба Мамадшо Илолов назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ, тадбиқи онҳост ва номбурда таърихи иктифоъ ба улуми ҳосилшударо инқирози илм донистааст. Ӯ дар китоби «Илм ва замон» ин фарзияро баён намудааст: «Набояд фаромӯш кард, ки робитаи мутақобилаи илм ва ҷомеа низ нисбат ба солҳо ва давраҳои пеш шакли сифатан навро касб намудааст. Ҷомеаи тоҷик анъанаҳо ва суннатҳои хосро дорост ва бешак, олимони тоҷик дар омӯзиш ва рушди чунин суннатҳо ҳиссаи бузург доранд. Аз ҷониби дигар, илм дар сарҳади давлатӣ тамом намешавад».

Дар мақолаи илмии ба Абуалӣ ибни Сино бахшидашуда ҳамон бахши табиӣ — илмии нобиғаро баррасӣ карда, оқибат бо истифода аз санъати қиёс бузургии Синоро аз соири бузургони илму дин исбот мекунад: «Сино бар хилофи Феофраст, ки аз ҷонибдорони назарияи худ ба худ пайдо шудани рустаниҳо буд, назарияи танҳо аз тухм пайдо шудани онҳоро пешниҳод месозад ва вобастагии байни муҳиту рустаниҳоро возеҳ тасвир менамояд. Дар айни ҳол ӯ бар хилофи Арасту ақида дошт, ки ҳайвонот танҳо аз нутфа пайдо шуда, рушд менамоянд. Дар Аврупо ин гуна назарияҳо танҳо дар асри XIX пайдо шуданд. Ин далел аст, ки Абӯалӣ ибни Сино пайрави одии пешиниён нест, балки олими эҷодкор ихтироъкор мебошад ва назариёти ӯ аҳамияти илмии худ­ро то ба ҳол аз даст надодааст».

Академик Мамадшо Илолов зимни мусоҳибае ба таҳлили макотиби илмӣ пардохтааст: «Мактаби илмии риёзӣ чист? Ду созмондиҳандаи мактаби илмӣ маълуманд, яъне устод ва шогирд. Вале дар баробари равобити «устод — шогирд» бояд мавзӯи илмие бошад, ки хоси ҳамин мактаб аст. Шеваи таҳқиқ низ дар мактаби илмӣ аз они худист. Дар ҳолати мавҷудияти мавзӯъ ва шеваи таҳқиқ мактаби илмӣ арзи ҳастӣ мекунад ва муддати кӯтоҳ ба натиҷаи илмӣ даст меёбад».

Масъалаи асосии баррасиҳои илмӣ ҷудо кардани он ба бунёдиву амалӣ такя мекунад. Бинобар ин, мавзӯи мушаххас бо унвони «нурҳои кайҳонӣ» ба аксар улуми табиӣ дахл дошта, тибқи асолат таҳқиқ мешавад. Академик Мамадшо Илолов дар ин маврид мегӯяд: «Дар баробари илми бунёдӣ, ки асосан ба пайдо кардан ва зам намудани дониши нав равона шудааст, илми амалӣ низ ба физикаи нурҳои кайҳонӣ ва физикаи заррачаҳои элементарӣ робита дорад. Сухан дар бораи масъалаҳои энергетикаи атомӣ ва ядроӣ меравад. Ду самти омӯзиши заррачаҳо маъруф ҳастанд: яке, таҳқиқи хосияти онҳо дар суръатфизоҳои хаттӣ, сиклотронҳо, синхрофазатронҳо ва коллайдерҳо; дигаре, дар майдончаҳои таҳқиқотиву озмоишӣ дар баландкӯҳҳо, ки дар онҳо селаи нурҳои кайҳонӣ ба Замин мерезанд».

Дар таълифоти зикргардида академик Мамадшо Илолов рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқро дар давраи асримиёнагӣ баррасӣ карда, бартарии онҳоро аз улуми ҷомеашиносӣ қайд менамояд: «Дар фарҳанги асримиёнагии тоҷику форс барои рушди илмҳои математика ва астрономия низ шароити мусоид фароҳам омада буд. Олими барҷастаи асри IX Муҳаммади Хоразмӣ ва асари машҳури ӯ «Китоб-ул-ҷабр ва –л-муқобила» боиси пайдоиши як бахши илми риёзӣ – алгебра гардид ва аз овонавишти лотинии номаш истилоҳи ҳозираи илмӣ алгоритм ба вуҷуд омадааст. Риёзидонони мовароуннаҳрӣ дар бахши илми мусалласот (тригонометрия) ҳам бештар аз 100 ҷадвали дақиқи тригонометрӣ мураттаб сохта буданд, ки ҷадвали аз ҳама аниқи он маҳсули расадхонаи Самарқанд будааст». Ба ибораи дигар, академик зимни таҳқиқи илм ба таърихи он мутаваҷҷеҳ шуда, масъалаи ба илм рӯоварии аҷдодони моро хеле хуб арзёбӣ мекунад ва гузашта аз ин, мутазаккир мешавад, ки нақши уламои тоҷик дар гузашта мавриди истиқболи ҷаҳониён гардидааст. Ҳамчунин, Мамадшо Илолов ба ҳайси олими шинохта бахшҳои гуногуни илмро дар замони шӯравӣ таҳқиқ намуда, чеҳраҳои калидии  рушди соҳавии улуми ватаниро муаррифӣ мекунад ва зери унвони «мактаби риёзии тоҷик» таърихи пайдоиш ва рушди илми риёзиро дар кишвар баррасӣ менамояд. Аз ҷумла, менависад: «Яке аз самтҳои муосир ва хеле васеъ тадбиқшавандаи риёзиёт таҳлили функсионалӣ ба ҳисоб меравад. Рушди ин шохаи риёзиёт дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 60-уми асри XX шурӯъ мешавад ва он, пеш аз ҳама, аз равобити илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикис­тон ва Донишгоҳи давлатии Воронеж сарчашма мегирад».

Дар китоби «Илм дар замони Рӯдакӣ» (Душанбе, 2008) зумраи неруманде аз донишмандони бо Рӯдакӣ муосирро мебинем, ки академик ба онҳо таваҷҷуҳ доштааст. Дар миёни онҳо риёзидону ҳайатшиносон, табибу ҷуғрофидонон ва донишмандони энсиклопедист ҳастанд ва ин ҷо чандин донишманди он замонро меорем: Аббоси Ҷавҳарӣ (риёзидон), Абдулҳамиди Хуталӣ (ҳисоб), Абдураҳмони Суфӣ (ҳайатшинос), Абулвафои Бузҷонӣ (табиатшинос), Абумаҳмуди Хуҷандӣ (ихтироъкор), Закариёи Розӣ (пизишк) ва ғайра. Ин омил шаҳодат аз он медиҳад, ки Мамадшо Илолов таърихи илми табиатшиносиро дар садаҳои XIII – X муҳаққиқ шуда, асрори улуми табииро дар даврони Сомониён ҳамаҷониба муаррифӣ намудааст.

Дигар китобе, ки ҷиҳати баррасии ақоиди академик саҳмгузор мебошад, ҳамон муколамаи олим аст, ки «Тоҷикистон дар чорраҳаи Ховару Бохтар» номгузорӣ шудааст. Дар ин муколама академик ҷиҳати мушкилиҳои минтақавӣ бо дарназардошти тағйирёбии иқлим изҳори андеша карда, зимнан ин ҳарфҳоро изҳор мекунад: «Чунон ки мушкилии хушк шудани баҳри Арал проблемаи як худи Ӯзбекистон нест, хатари фурӯ рехтани оби кӯли Сарез ҳам проблемаи танҳо Тоҷикистон нест. Албатта, чунонки падару модарро баргузидан амри муҳол аст, кишвари ҳамсояро низ интихоб карда намешавад. Ҳамзамон, ба назар бояд гирифт, ки мо, ҳама дар як киштии экологӣ нишастаем». Ин ҷо метавон дарк намуд, ки бинобар хушкшавии оби баҳри Арал намак бухор гардида, боз ба замин дар шакли жола ё тавассути хокбориш мерезад ва хушксолӣ, камҳосилӣ низ аз ҳамон намаки баҳрист, ки ба минтақа як хел зиён меорад. Аз ҳамин хотир, обшавии пир­яхҳо низ дар оянда мушкили дардзо ба бор хоҳад овард. Бинобар ин, ҷиҳати рафъи мушкилӣ бояд бо ҳам якмаром бошем.

Нақши академик Мамадшо Илолов дар рушди илм, ба вижа улуми дақиқ, хеле бузург аст ва боэътимод метавон гуфт, ки мавсуф дар самти мазкур саҳми бориз дорад.

Зарулло РАҲМОНОВ,

академики АМИТ,

 директори Институти риёзиёти ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ,

Нусрат РАҶАБОВ,

академики АМИТ, профессори кафедраи «Таҳлили риёзӣ» — и ДМТ,

Мирганд ШАБОЗОВ,

академики АМИТ,

 профессори кафедраи «Муодилаҳои дифференсиалӣ ва таҳлили  функсионалӣ» — и ДМТ