Вохӯрӣ бо эҷодкорон

№1 (3481) 01.01.2016

Дар маркази ноҳияи Ҷиргатол шаҳраки Ваҳдат, дар арафаи соли нави мелодӣ вохӯрии раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир бо эҷодкорон баргузор гардид. Солиёни зиёд аст, ки дар назди рӯзномаи ноҳиявии «Паёми Ҷиргатол» маҳфили адабии ба номи Ҳайдаралӣ Зикиров фаъолият дорад. Дар маҳфили мазкур, ки моҳе як маротиба баргузор мегардад, тамоми эҷодкорони ноҳия ҷамъ меоянд. Маҳфили адабӣ дар тарбияи адибони ҷавон саҳми сазовор дорад.

Умедхоҷаи Зоир дар суханрониаш аҳли қаламро бо фарорасии  соли нави мелодӣ табрик гуфт ва доир ба вазифаҳои қаламкашон дар замони муосир андешаҳояшро иброз дошт. Муовини раиси ноҳия Баргигул Аббосова дар мавзӯи «Мавқеи адибон дар тарбияи маънавии инсон» сухан ронд. Қаламкашони куҳансол Низоми Абдуҷалил,  Ҳамид Боронов, Синдилиқ Абдуллоев барои ташкили чунин вохӯрӣ ба раиси ноҳия арзи сипос карда, аз ашъори тозаэҷоди худ порчаҳо қироат намуданд. Шоирони ҷавон Исломи Саид ва Умедаи Шералӣ намунаи ашъори худро пешкаши ҳозирин гардонданд. Хусусан аз шеърхонии Умеда, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия зиндагӣ ва бо забони қирғизӣ эҷод мекунад ва ҳоло дар синфи нуҳуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мехонад, ҳозирин ба ваҷд омаданд.

Синдилиқ Абдуллоев бошад, дар ин чорабинӣ рубоиёти Умари Хайёмро бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ қироат  кард, ки писанди ҳамагон гардид.

Дар вохӯрӣ оид ба тарҷумаи асарҳои адибони тоҷик ба забони қирғизӣ ва адибони қирғиз ба забони тоҷикӣ сухан рафт. Шоир Низом Абдуҷалил эпоси халқи қирғиз «Манас»-ро аз забони қирғизӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст ва рӯзҳои наздик дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба табъ мерасад. Омӯзгор Ҳақназар Наботӣ, ки тарҷумаи нави рубоиёти Умари Хайёмро бо забони қирғизӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон оварда буд, ба китобхонаи ноҳия туҳфа намуд.

Дар вохӯрӣ намояндагони аҳли адаб аз ноҳияи Рашт низ ширкат доштанд.

М. Диловар, «Садои мардум»