Вожаҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар мехоҳанд

№48 (4310) 15.04.2021

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки бо вуҷуди сипарӣ шудани 17 сол аз худдорӣ намудани корбурди калимаҳои «мактаб», «муаллим» ва «маълумот» дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва расмию коргузорӣ истифодаи онҳо дар гуфтугӯ, муомилот, муошират ва муроҷиати аҳли ҷомеа нигоҳ дошта шуданд: «дар кадом мактаб таҳсил мекунӣ (мехонӣ)?» ё «кадом мактабро хатм кардӣ (тамом кардӣ)?», «чӣ маълумот дорӣ?» ва ба омӯзгор «муаллим» (ё «муаллима») гуфта муроҷиат мекунанд. Яъне, дар ҷомеа калимаҳои «муассисаи таълимии таҳсилоти…» (ба ҷои мактаб), «омӯзгор» (дар мавриди муроҷиат) ва «таҳсилот» (ба ҷои «маълумот») хусусияти оммавию умумиистеъмолӣ пайдо накарданд, чунон ки дар ҳамин муддат калимаи «сарқонун» ҷои вожаи «конститутсия»-ро гирифта ё иваз карда натавонист.

«Мактаб», «муаллим», «маълумот», «муассиса», «таълим», «таҳсил» ва «таҳсилот» («таҳсилот» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) дарҷ нагардида, дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (2008) ҳамчун шакли ҷамъи «таҳсил» шарҳ ёфтааст), аслан калимаҳои арабианд, аз ин лиҳоз, дар мавриди истифода бо дарназар­дошти баромади этимологӣ (таҳсилот ё маълумот) фарқ надоранд.

Таҳсил (ҳосил кардан, ба даст даровардан, хондан, омӯхтан) ба раванди муҳлати хондан, хониш ё омӯхтан мутааллиқ аст. Шахс дар заминаи хондан ё таҳсил кардан баъди аз бар намудани барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ё таҳсилоти касбӣ ва супоридани аттестатсияи хатму гирифтани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ ҳуқуқи соҳиби маълумоти комил (маълумоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ё олии касбӣ) шудан мегардад.

Дар асл калимаҳои «таҳсилот» ва «маълумот» мафҳумҳои умумӣ буда, мазмуну муҳтаво ё мундариҷаи меъёр, аз ҷумла «умумии асосӣ», «миёнаи умумӣ» ё «олии касбӣ» — ро ифода карда наметавонанд. Танҳо бо иловаи мафҳумҳои меъёрии зинаҳои таҳсилот (маълумот), аз ҷумла таҳсилоти «ибтидоӣ» (маълумоти «ибтидоӣ»), таҳсилоти «олӣ» (маълумоти «олӣ») меъёрро ифода менамоянд. Аз ин рӯ, калимаҳои «таҳсилот» ё «маълумот» метавонанд ҳамчун синонимҳои ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор гиранд.

Маълум аст, ки калимаҳои «мактаб», «гимназия», «литсей», «коллеҷ», «донишкада» ва «донишгоҳ» ифодакунандаи муассисаҳои таълимӣ мебошанд. Калимаи «муассиса» низ бе муайянкунандаи «таълим» мафҳуми умумӣ буда, ягон намуди таълимгоҳро намефаҳмонад. Аз ин рӯ, барои баён ва ба ҷои онҳо истифода ё илова кардани калимаҳои «муассисаи таълимии таҳсилоти…» зарурат надорад. Зеро калимаҳои номбаршуда, аз ҷумла «мактаб» ё «донишгоҳ» ифодакунандаи ҳам муассиса, ҳам макони таълиму таҳсил ва ҳам гирифтани зинаҳои таҳсилот (маълумот) шуда метавонанд.

Ҳар як муассисаи таълимӣ, новобаста ба дарҷ ёфтани калимаи «таҳсилот» («маълумот») дар номаш, ба хатмкарда ҳуҷҷати хатми таҳсилоти (маълумоти) дахлдорро медиҳад.

Зимнан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 6500 калимаро дар бар мегирад, ки на ҳамаи онҳо вожаҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб меёбанд. Бахусус, калимаҳои «таҳсилоти олӣ» дар 6 маврид – моддаҳои 49, 65, 85 ва 89 омадаанд. Агар ин калимаҳоро, ки яке аз зинаҳои таҳсилотро ифода мекунанд, вожаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳисобида, тағйирнопазир шуморем, пас онҳо номукаммал буда, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳаи илму маориф ва моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд. Зеро дар ҳама санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор «таҳсилоти олӣ» дар шакли пурраи «таҳсилоти олии касбӣ» муқаррар шудааст.

Дар моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, зимни ифодаи зинаҳои таҳсилот ба ҷои калимаи «таҳсилот» калимаи «таълим» истифода шудааст. Чунончи: «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.

Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.

Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад».

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти умумии асосӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ номбар шудааст.

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба забондонӣ ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ихлос ва эҳтироми бепоён дошта, таъкид карда буданд, ки «…Агар Сарвари кишвар нисбат ба забон ва фарҳанг бо чунин ҳақшиносӣ сиёсат пеш бигирад, шак нест, ки аз ҳалли душвортарин масъалаҳои рушди ҷомеаи навини тоҷикон умед метавон кард».

Зимнан, 30 октябри соли 2020 дар суханронии Роҳбари давлат ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои солҳои оянда ҳамчун барномаи амал маҳсуб меёбад, истифодаи калимаҳои «маълумоти олӣ» садо дод:

«Мо ният дорем, ки дар ҳафт соли оянда беш аз 540 ҳазор нафар ҷавонони мамлакатро барои гирифтани маълумоти олӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул карда, то 40 ҳазор нафар ҷавонони болаёқату боистеъдодро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи дунё фиристода, барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон кадрҳои баландихтисос тайёр намоем».

Ба ҳамин минвол дар номгузории муассисаҳои таълимӣ низ мушкилот вуҷуд дорад, ки таҷдиди назар мехоҳад. Чунончи, Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваро тибқи қонунгузорӣ дар шакли расмии пуррааш чун Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» бояд ном бурд ва навишт, ки хеле мураккаб аст.

Моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи «муассисаи давлатии таълимӣ»-ро, ки дар номгузории муассисаҳо истифода мешавад, бо тартиби «муассисаи таълимии давлатӣ» муқаррар кардааст.

Дар санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», калимаи «мактаб» танҳо дар шаклҳои махсуси муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии мактаб-интернат, мактабҳои камнуфус, мактабҳои касбии варзишӣ, ҳунарӣ, бадеӣ, мусиқӣ, рассомӣ ва дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 таҳти № 494 тасдиқ шудааст, мактаби шабона ва мактаби ғоибона истифода гардидааст. Агар муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ дар шакли холиси мактаб фаъолият надорад, пас мантиқан истифодаи калимаи «мактаб» дар «муассисаи томактабӣ» низ дуруст нест.

Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сухан­орониҳояшон ба муносибати ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен (25.03.2020 ), дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон (20.08.2020) ва дар Рӯзи дониш (17.08.2020) ба ҷои калимаҳои «муассисаи таълимӣ», «муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ» ва «муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» калимаҳои «мактаб» ва «мактаби олӣ»-ро истифода намуданд: «Мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар муҳити он соҳиби  саводу  маърифат ва илму дониш мегарданд, мероси гаронбаҳои  таъриху  фарҳанги халқамонро аз худ мекунанд, сабақи ватандӯстиву оини ватандорӣ мегиранд ва ба туфайли он дар ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд».

«Имрӯз мо дар маркази ноҳия дар маросими ифтитоҳи бинои мактаби замонавии дорои беҳтарин шароит бо 640 ҷойи нишаст, барафрохтани Парчами давлатӣ бо майдони зебои он, майдончаи варзиш, филиали «Амонатбонк» ва Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ иштирок кардем».

«Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд».

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барномаи зикршуда ба таври зарурӣ иҷро нашудааст ва бо ин сабаб имрӯз бо вуҷуди зиёд гардидани мактабҳои олӣ шумораи кормандони соҳибунвон, аз ҷумла, номзадҳои илм, дар муқоиса бо соли 1985 тақрибан 300 нафар кам аст».

Ҳамчунин, дар Таснифоти байналмилалии стандартии маориф, ки аз ҷониби ЮНЕСКО соли 2011 қабул гардидааст, барои ифодаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ калимаи «мактаб» — «школа» (средняя школа, основная школа) истифода шудааст

Мувофиқи қисми 2 моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд сода ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд.

Бинобар ин, агар номгузории муассисаҳои таълимӣ бо чунин шакл­ҳо сурат гирад, беҳтар мешуд:

а) мактабҳои (ё муассисаҳои) маълумоти умумӣ:

- мактаби ибтидоии умумӣ;

- мактаби асосии умумӣ;

- мактаби миёнаи умумӣ;

б) мактабҳои (ё муассисаҳои) маълумоти касбӣ:

- мактаби ибтидоии касбӣ;

- мактаби миёнаи касбӣ;

- мактаби олии касбӣ (ё мактаби олӣ).

Аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад аст, ки истифодаи мафҳумҳои зикргардида зимни таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор мавриди таҷдиди назар қарор ёбанд.

Бо дарназардошти беҳтар гардонидани раванди фаъолият ва низоми назорати сифати таълим, таҳсил ва тарбия дар доираи зинаҳои таҳсилоти сохтори идоракунии соҳа дар сатҳи мақомоти болоӣ низ ба ислоҳот ниёз дорад. Зеро замина ва асоси таълим, таҳсил ва тарбия дар зинаи таҳсилоти умумӣ поягузорӣ ва ба роҳ монда мешавад. Зимнан, бояд иброз дошт, ки ин зинаи таҳсилот, чун дигар зинаҳои таҳсилот, санади қонунгузории алоҳидаро доро нест.

Таҳсилоти касбӣ ва сохтори он бо махсусияти таълиму таҳсили соҳавӣ ва идоракунӣ аз таҳсилоти умумӣ ба куллӣ фарқ мекунад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ мафҳумҳои олиму устод бештар истифода гардида, мақоми худидоракунии шӯрои олимон фаъолият менамояд. Аммо дар санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ мафҳумҳои зикршуда ҳамчун истилоҳоти соҳавӣ бо муайян намудани мақому мавқеашон дарҷ ва шарҳ наёфтаанд.

Барои танзими фаъолияти муассисаҳои томактабӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистион «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, №433), Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, №388) ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар доираи ваколатҳо санадҳои меъёрии ҳуқукии дигар низ қабул шудааст. Аз ҷумла, тибқи қисми 2 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», фаъолияти муассисаҳои томактабӣ аз рӯи барномаҳои таълимии томактабӣ ба роҳ монда мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистион «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» муассисаҳои томактабиро муассисаи таълимии томактабӣ муқаррар кардааст.

Ҳамчунин, дар банди 6 боби III Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Стандарти давлатӣ ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ буда, талаботи асосиро ба мазмуни тарбия, инкишоф ва таълими кӯдакон аз рӯзи таваллуд то синни 7-солагӣ муайян менамояд».

Дар асоси санадҳои зикргардида кӯдакон аз синни яксолагӣ то 7-солагӣ ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта мешаванд, аммо барои онҳо ягон намуди ҳуҷҷати намунаи давлатӣ муқаррар нагардидааст.

Дар матни русии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон калимҳои «муассисаҳои таълимии давлатӣ» чун «государственные учебные заведения» тарҷума шудааст, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои расмӣ калимаҳои мазкур ба ҳамин тарз бояд ифода ёбанд. Аммо дар матнҳои русии санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ ба ҷои «государственные учебные заведения» калимаҳои «государственные образовательные учреждения» ба кор рафтаанд.

Таълим омилҳои илм додан – илм омӯзондан ва таҳсил натиҷаи илм гирифтан – илм омӯхтан аст ва бар асоси ин назар, таълимдиҳанда (аз ҷумла, омӯзгор, муаллим) ва таълимгиранда (хонанда, донишҷӯ) ном мебаранд. Сифати таълим ба таъмини неруи кадрӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва сифати таҳсил ба малакаю маҳорат, қобилият ва сатҳи дониш­андӯзии таълимгирандагон ва дар натиҷа, ба сифати таълим вобаста аст.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки бо истифода аз имконияту восита ва омилҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар заминаи таҳияи нақшаи тадбирҳо баҳри беҳтар гардонидани сифати таълиму рафъи камбудиҳо дар ҳама зинаи таҳсилот чораҳои иловагӣ андешида, мафҳумҳои таълиму таҳсил дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва расмию коргузорӣ мавриди истифодаи саҳеҳ қарор гиранд.

Даврони шӯравӣ дар ҷумҳурӣ 13 мактаби олӣ фаъолият дошт ва 5-тои он танҳо аз рӯи ихтисос­ҳои омӯзгорӣ кадр тайёр мекарданд. Алҳол дар ҷумҳурӣ 40 мактаби олӣ фаъолият дорад ва 3-тои он – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент (ғайридавлатӣ) ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мувофиқ ба номашон асосан аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ кадрҳои педагогӣ омода менамоянд. Донишкадаҳое, ки пештар номи омӯзгориро доштанд, алҳол мақоми донишгоҳро гирифтаанд ва тахассуси омӯзгорӣ яке аз  ихтисосҳои онҳо маҳсуб меёбад.

Бо дарназардошти ҳувияти миллӣ таълим, новобаста аз хоҳиши мо, адолати иҷтимоиро талаб мекунад. Чунон ки ҳар шахс табиату хусусияти хос дорад, ба ҳар як халқу миллат арзишҳои махсуси умумӣ ато шудааст. Мо халқи инсонгаро ва фарҳангсоз ҳастем.

Бинобар ин, гурӯҳбандӣ, тафриқагузорӣ ва бартарият додан аз рӯи имкониятҳои мансабӣ ва моддию молиявӣ ба рӯҳу равони муҳассилини дигару қобилиятнок таъсири мусбат намегузорад. Боз куллан ҷудо кардани онҳо дар таълим, бахусус дар таҳсилоти умумӣ, ки аслашро умумӣ будани таҳсил (гирифтани маълумот) ташкил медиҳад, фазои муносибатро номуносиб месозад: болаёқату белаёқат, ройгону пулакӣ, қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бе озмуну ба озмун, дараҷаи олӣ ва якуму дуюму сеюм, маркази маъмурию деҳӣ.

Чаро ҳар сол нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ дар гурӯҳи ихтисосҳои табиию техникӣ иҷро намегардад? Ҳамчунин, зимни тақсимоти такрорӣ қариб 30000 довталаб ба 5 гурӯҳи ихтисосҳо на бо дарназардошти холи имтиҳонҳои ихтисос, балки аз рӯи натиҷаи имтиҳонҳои умумӣ (новобаста ба таҳсили равиявӣ) қабул карда мешаванд.

Хориҷ аз таҳсилоти умумӣ, ки риояи адолати баробарии стандартии таълим додан ва гирифтани таҳсилот ҳатмист, барои амалӣ гардидани қисме аз тафриқаҳо метавон аз роҳандозии таҳсилоти иловагӣ истифода кард. Роҳандозии раванди таълим таҷдид мехоҳад.

Дар раддабандии ҷаҳонӣ бештар маорифи Финляндия дар ҷои аввал меистад: мақом ва мавқеи баландтаринро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ омӯзгор дорад ва таҳсил, новобаста ба зинаҳояш, комилан ройгон аст.

Маҳз бо ибтикор ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ҷанбаи баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиро дорост. Аммо на дар ҳама деҳа имконияти сохтани муассисаҳои томактабию таҳсилоти умумӣ мавҷуд аст ва қисман бо фаъолияти мактабҳо ё синфҳои камнуфус иктифо мекунанд. Дар ин маврид барои ободонию созандагӣ аз нигоҳи ҳикматҳои динию дунявӣ танҳо ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ҷасорату матонат, ирода ва азми қавии шахсии масъулон ва сокинон лозим аст.

Нуриддин НАСИМОВ,

номзади илмҳои филологӣ