Ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳадафҳое, ки ба таъмини зиндагии шоиста нигаронида шудаанд

№119-120 (3420-3421) 07.09.2015

Ба наздикӣ мо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ ҳамчун ҷашни бузурги умумимиллӣ таҷлил менамоем. Агар гӯем, ки давоми 24 соли соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳое ноил гардидем, ки дар гӯшаи хаёламон ҳам набуд, муболиға нахоҳад шуд. Табиист, ки дар ин ҷода азми қавӣ ва нияти неки Роҳбари давлат нақши калидӣ дошту дорад. Равоншод падарам баъд аз иштирок дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар собиқ нақби Анзоб (ҳоло Истиқлол) ба мо аз ин омилҳо ва суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати он, ки «агар техника наёбем, ин нақбро бо дандонҳоямон меканем» ёдовар шуда, зикр намуда буданд, ки агар нияти Роҳбар нек ва азмаш қавӣ бошад, амалӣ гардидани тамоми аҳдоф имконпазир аст. Гузашти вақти на он қадар зиёд собит намуд, ки тамоми ҳадафҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нигаронида шудаанд, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардида истодаанд. Бидуни шакку шубҳа ва муболиға метавон гуфт, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти татбиқи се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳойӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ хеле назаррас мебошанд. Тайи солҳои охир беҳтар шудани вазъи соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва роҳсозӣ, коммуникатсия ва технологияи иттилоотиро ҳамватанони азизи мо хуб эҳсос мекунанд.

Бинобар ин, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд дарк намояд, ки соҳиби давлати мустиқил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои тоҷикон рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархӯрдор аст. Ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва барпо намудани давлати соҳибихтиёр ғайр аз ин, ки бо имконияти таърихии ҳар халқу миллат иртибот дорад, инчунин аз ҳар фарди миллат бедориву ҳушёрӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ, кору фаъолияти содиқонаву софдилона ва саъю кӯшиши доимиро талаб мекунад. Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки мо таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳо бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона собитқадамона роҳ паймуда истодаем. Боиси ифтихори кулли тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад, ки ибтикорот ва пешниҳодоти Роҳбари мамлакати мо дар арсаи байналмилалӣ эътироф ва дастгирӣ ёфта, кишвари мо мақому манзалати шоистаи худро дар ҷомеаи башарӣ пайдо кард.

Аз ин нуқтаи назар, бо дилпурӣ метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аркони давлатдории миллӣ қарор дорад. Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он будем, ки чанд сол қабл бе мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» кишварамон пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуд ва ба як сарзамини воҳид табдил ёфт. Ҳамин тариқа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳойии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардид, ки дастоварди хеле бузург аст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки то имрӯз барои раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ табдирҳо ва лоиҳаҳои зиёди инфрасохториву ислоҳотӣ амалӣ карда шудаанд, аммо ин ниҳояти кор нест ва ҳамон тавре ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «…татбиқи пурраи ҳадафи мазкур барои кишвари мо аҳамияти аввалиндараҷа дошта, дар солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳиму афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат боқӣ хоҳад монд». Тавре аз далелу рақамҳои мавҷуда бармеояд, бо ин мақсад танҳо дар панҷ соли охир панҷ миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2014 зиёда аз як миллард сомонӣ равона гардидааст ва дар се соли оянда ҷудо намудани беш аз се миллиард сомонии дигар пешбинӣ шудааст. Дар робита ба ин масъала азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода, роҳҳои Душанбе – Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён, Айнӣ – Панҷакент, Душанбе – Хоруғ – Қулма (қитъаи Шӯрообод – Дарвоз), Восеъ – Ховалинг, бунёди роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат – Ёвон), таҷдиду сохтмони роҳҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ амалӣ шуда истодааст. Айни замон, тибқи иттилои дастрасшуда, лоиҳаҳои роҳҳои Дарвоз – Ванҷ (сарҳади ноҳияи Рӯшон) ва Хуҷанд – Исфара омода шуда истодаанд. Муҳимияти ибтикороти мазкур дар он зоҳир мегардад, ки онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо инфрасохтори коммуникатсионии минтақавӣ пайваст хоҳанд кард. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат бо мақсади боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳо, таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои транзитии Тоҷикистон доир ба маблағгузории лоиҳаҳои ба ин масъала рабтдошта тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Зеро мавҷудияти шоҳроҳҳои байналмилалии нақлиётӣ барои пешрафти минтақаҳои кишвар имконияти васеъ фароҳам меоранд. Бинобар ин, дар раванди таҳияи барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои мамлакат имкониятҳои нақлиётиву таранзитии кишвар ҳамчун заминаи тараққиёти минбаъда ба инобат гирифта шудааст.

Дар ҳамин радиф вобаста ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ низ корҳои зиёде ба анҷом расиданд, ки шоистаи таҳсин мебошанд. Бо дарназардошти он ки энергетика яке аз соҳаҳои афзалиятноку муҳими иқтисоди кишвар ба шумор меравад, солҳои охир барои инкишофи он як қатор тадбирҳои муассир, аз ҷумла азнавсозиву барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ амалӣ карда шуданд. Чунончӣ, соли гузашта агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва агрегати якуми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе -2» бо иқтидори 220 мегаватт ба кор дароварда шуд ва сохтмони навбати дуюми он оғоз гардид, ки соли 2017, бо дарназардошти иқтидори навбати аввал, бо иқтидори 400 мегаватт ба истифода дода мешавад. Инчунин ташхиси мустақили байналмилалии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва арзёбии таъсири экологиву иҷтимоии он дар муддати ҳафт соли охир аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ, коршиносони мустақил ва ширкату мутахассисони хориҷии соҳа гузаронида шуд. Ба сифати ҳадафи стратегӣ эътироф ва интихоб гардидани таъмини истиқлолияти энергетикӣ аз мушкилоте, ки ҳамватанонамон ба он мувоҷеҳанд, маншаъ гирифтааст. Ба ҳама маълум аст, ки норасоии неруи барқ яке аз монеаҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо мебошад ва айни замон дар ҳаёти иҷтимоии мардум мушкилоти зиёд эҷод мекунад.

Боиси таассуф аст, ки аҳолии Тоҷикистон ҳар сол давоми шаш моҳ азияти бебарқӣ мекашанд. Аз ин хотир ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дарк намояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомотеро, ки ба ҳадафи мавриди назар рабт доранд, бо дарназардошти зарурат ва муҳимияташон қабул кардааст. Дар доираи ибтикороти ба ин раванд вобаста татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими давлатӣ, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, аз ҷумла сохтмони лоиҳаҳои бузурги байнидавлатии хатти интиқоли барқи баландшиддати «CASA – 1000» оғоз гардидааст. Ҳоло корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб», «Нуробод – 1», «Нуробод -2», «Айнӣ», «Фондарё», «Санобод», «Себзор» ва таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» идома дорад. Соли ҷорӣ корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии «Қайроққум» ва «Сарбанд» шурӯъ мегарданд. Танҳо барои амалисозии ин се лоиҳа, яъне таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳое, ки зиёда аз 40-50 сол боз хизмат мекунанд, якуним миллард сомонӣ равона карда мешавад.

Умуман, дар даврони истиқлолият даҳҳо неругоҳҳои барқи обии хурду бузург ва марказҳои барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 1020 мегаватт сохта, ба истифода дода шудаанд, ки ин ба 24 фоизи иқтидорҳои аз замони шӯравӣ то имрӯз истифодашаванда баробар аст. Умуман, дар давоми даҳ соли охир ҷиҳати ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар ва азнавсозии шабакаҳои энергетикӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ 13,4 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Соли гузашта бо ин мақсад зиёда аз 1,8 миллиард сомонӣ ҷудо шуда буд ва ин нишондиҳанда дар се соли оянда 7 миллиард сомониро ташкил хоҳад кард.

Ҳамон тавре Роҳбари давлатмон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Барои бартараф намудани норасоии неруи барқ Ҳукумати мамлакат то имрӯз корҳои муайянеро анҷом дода, барои солҳои оянда нақшаи нави амалӣ кардани лоиҳаҳои энергетикиро тарҳрезӣ намудааст, ки дар ояндаи наздик расидан ба ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикиро воқеӣ мегардонад».

Ҳадафи сеюми стратегии Ҳукумати мамлакат таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб меёбад, ки нақш ва саҳми соҳаи кишоварзӣ дар ин раванд бисёр муассир мебошад. Тибқи маълумоти дастрасшуда, давоми панҷ соли охир масоҳати заминҳои боғу токзор 20 фоиз ва кишти сабзавот 30 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли меваю сабзавот 50 фоиз зиёд мегардад. Танҳо дар натиҷаи амалисозии Барномаи давлатӣ оид ба бунёди боғу токзорҳо беш аз 54 ҳазор гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд. Рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои агросаноатӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 1,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст ва дар се соли оянда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ барои рушди онҳо ҷудо намудани зиёда аз як миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин ибтикорот то имрӯз дар кишвар 52 корхонаи коркарди гӯшту шир сохта, ба истифода дода шудааст ва раванди бунёди чунин корхонаву коргоҳҳо бомаром идома дорад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015» ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2015 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 4969,3 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум бо нархҳои муқоисавӣ 6,9 фоиз зиёд аст. Дар моҳҳои январ – июни соли 2015 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 547147 тонна ғалладона, 163543 тонна картошка, 411160 тонна сабзавот, 145497 тонна полезӣ, 1232 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум ғалладона 12,2 фоиз, картошка 19,2 фоиз, сабзавот 18,1 фоиз, полезӣ 12,9 фоиз ва ангур 81,7 фоиз зиёд мебошад. Меваҷот 30341 тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 44,8 фоиз кам аст. Майдони кишти зироатҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ барои ҳосили соли 2015 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 830495 гектарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 –ум 2012 гектар ё ин ки 0,2 фоиз зиёд мебошад. То 1 июли соли 2015 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2163,1 ҳазор сарро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63,3 ҳазор сар ё 3,0 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 5303,5 ҳазор сарро ташкил дод, ки 155,9 ҳазор сар ё 3,0 фоиз афзудааст. Аз саршумори умумӣ 92,6 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 80,9 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Дар моҳҳои январ –июни соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт (дар вазни зинда) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 63481 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 4,9 фоиз, истеҳсоли шир 327463 тонна ё 2,5 фоиз, истеҳсоли тухм 165,3 млн. дона ё 8,7 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли асал бошад, 518,9 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 3,7 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2015-ум 5,6 млн.сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фоиз зиёд аст. Овардани ин далелҳо ба он хотир аст, ки хонандагони рӯзнома ба пешрафту тараққиёти рӯз аз рӯзи иқтисодиёти кишвар дар доираи ин ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат – ҳифзи амнияти озуқаворӣ муътақид гарданд. Тавре аз таҳлилҳо мушоҳида мешавад, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дастгириву кумаки мардуми хирадмандамон дар роҳи татбиқи муваффақонаи ин се ҳадафи стратегӣ, ки мақсад аз онҳо нерумандии давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиставу босаодати ҳар хонадони тоҷик мебошад, собитқадам аст.

Далер Мерганов,«Садои мардум»