Ҳадиси наврӯзгоҳи Тамошотеппа

№36 (4776) 20.03.2024

№36 3-4-2Наврӯз дар Кӯлоби бос­тонӣ дар гузаштаи на он қадар дур бо тадоруку маросими хос баргузор мегашт. Он солҳо ин ҷашн дар наврӯзгоҳи шаҳри Кӯлоб — Тамошотеппа таҷлил мешуд. Тамошотеппа дар шимоли шаҳр воқеъ аст.

Баргузории ҷашни Нав­рӯз дар Кӯлоб суннатҳое дошт. Мардум аз аввали моҳи Баҳман, ки «Ҳуту ҷут» низ мегӯянд, Наврӯзро бесаброна интизор мешуданд.

Суннати дигари кӯлобиён дар истиқболи Наврӯз аз корҳои саҳроӣ оғоз мегашт. Дар ибтидои моҳи Ҳут шаҳриён наҳру ҷӯйборҳоро тоза мекарданд. Дар Кӯлоби солҳои 70-80-уми асри гузаш­та ду зани рӯзгордида Бизиннати 110 — сола ва Марямбибии 104 — сола зиндагӣ менамуданд. Онҳо нақл кардаанд, ки охирҳои асри ХIХ бо кӯза бо аспу ароба, гоҳе тори сар аз чашмаҳои Турконӣ ва Тебалай ба хонаашон об меоварданд.

Оби «Чашмаи ошиқон» дар Тебалай як қади одам аз замин фаввора зада мебаромад ва то Тудакафш панҷ осиёбро гардон месохт. Ин об ба се ҷӯйбор тақсим мешуд. Ҷӯйбори якум аз боғи Абдувадудбой то мазори Ҳазрати Амирҷон меомад. Ҷӯйбори дуюм аз наздикии мазори Хӯҷа Ғойиб то қалъаи Ҳокими Кӯлоб меомад ва ҷӯйбори савум аз боғи Мулло Абдурасул ба кӯчаи Кукчанор гузашта, аз пушти мактаби ҳозираи №7 ҷорӣ мегашт.

Ҳар се ҷӯйбор мироб дошт. Аз рӯйи нақли шоҳидон, мироби ҷӯйбори сеюм бобои Холмад Довудов буд, ки дар 110 — солагӣ соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб вафот кардааст. Ӯ дар замони подшоҳӣ низ аз пушти миробӣ нон мехӯрд.

Он замон ба наврӯзгоҳи Тамошотеппа аз чашмаи Чарм­гари поён бо хару аспу шутур об мебурданд. Рӯзҳои Наврӯз машкобон дар пушт машки об бардошта баланд — баланд садо мекарданд, «Об оби турконӣ, оби яхоб», «Оби Тебалай менӯшӣ, мағзи сарат ях мекунад».

Аз аввали рӯзҳои баҳор то охири тобистон дар Наврӯзгоҳ ва бозорҳои шаҳр барфу яхоб мефурӯхтанд. Ҳамчунин, дар шаҳр сардобаҳо вуҷуд доштанд. Машҳуртарини онҳо сардобаҳои Тебалай ва Турконӣ буданд.

Суннати дигари наврӯзӣ дар охири Чила ва аввали моҳи Ҳут маросими «Говбаророн» буд. Барзаговҳоро чанд рӯз коҳу алафу кунҷора дода, ба кишт омода месохтанд. Сипас, ба саҳро баромада, бо равғани зағир оши палав, шӯрбою қалама ва самбӯсаи алафӣ мепухтанд. Он гоҳ шукронаи Офаридгорро ба ҷо оварда, пирони хирад ва деҳқонони корозмуда дуою фотеҳа мекарданд. Баъд аз ба ҷо овардани ин маросим ба шудгори замин мепардохтанд.

Суманак дар айёми Наврӯз ғизои писандидаи кӯлобиён буд. Дар миёни мардум дар бораи пайдоиши суманак чунин ривоят вуҷуд дорад: Имом Ҳасан ва имом Ҳусайн бинобар тангии рӯзгор аз гуруснагӣ азоб мекашиданд. Дар хонаашон барои хӯрдан чизе набуд. Рӯзе Ҳазрати Бибифотима ба мақсади тасаллии онҳо дегеро рӯи оташдон гузошта, ба даруни он як миқдор сабза ва чанд дона санг андохта, ба зери дег оташ меафрӯзад. Иттифоқан ҳазрати пайғамбар (с) вориди хона шуда мебинанд, ки атрофи дегро малоик иҳота кардаанд. Сарпӯши дегро гирифта мебинанд, ки даруни он пур аз ҳалвост. Паёмбар номи ҳалворо «сермалак» мегузоранд. Номи «Сермалак» бо мурури замон дар забони мардум ба суманак табдил меёбад. Ин бовар суманакро дар миёни мардуми минтақа ба ғизои табаррук ва писандида мубаддал гардондааст.

Тибқи ривоят, соли 1860 Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос дар Тамошотеппа ҷашн гирифта мешуд. Ҳокими Кӯлоб низ дар он маросим ширкат дошт. Дар он ҷашн човандозону паҳлавонон, мутрибону ромишгарон аз Афғонистон ҳам иштирок карданд. Он вақт дар Тамошотеппа Наврӯз чун дар дигар гӯшаҳои сарзамини Хуросони бузург — Даштиҷум, Дарвозу Бадахшон, Шингон, Чаёбу Балх, Давлатободи куҳан… панҷ рӯз таҷлил мешуд. Се рӯз гӯштингирӣ, як рӯз бузкашӣ, як рӯз дорбозӣ, кабку хурӯсҷанг ва базму тараб меоростанд.

Дар базми мазкур Муҳаммад Султон (бобои Булбул Султони Кӯлобии мақомхон), Бобохалил, Содиқ ва аз Афғонистон Абдимади Шингонӣ ҳузур доштанд.

Дар он ҷашн дар гӯштин паҳлавон Имомназар ва дар човандозӣ бародараш Маназар ғолиб омада, мукофоти махсуси мири Кӯлобро соҳиб гардиданд. Рӯзи сеюми ид ҳаво хеле гарм мешавад, вале ин ҳолат дер давом намеёбад. Баъд аз нисфирӯзӣ якбора шамоли тунде бармехезад ва барфбоде ба вазидан медарояд. Ошпазҳо ва дорбозон фирор мекунанд. Хаймаи мири Кӯлобро, ки аз алочаи думокуа бофта шуда буд, шамол ба осмон мехезонад. Ҷашн вайрон мешавад. Барф як шабонарӯз меборад.

Баъд аз қатъ гардидани бориши барф сармо ба тамоми водии Кӯлоб ҳукумат меронад ва чил рӯз офтоб беҳарорат мегардад. Ин сардӣ, пеш аз ҳама, ба чорпоён зарар мерасонад. Захираи хӯроки онҳо тамом мешавад. Мардум коҳро ба ивази ҷав, гандум ва нахӯд базӯр меёбанд. Одамон галаю рамаҳояшонро ба лаби дарёи Панҷ мебаранд, ба умеде ки чизе пайдо карда хӯранд, аммо дар аксари деҳаҳои ободи Терай чорвоён талаф меёбанд.

Ҳамин тавр, агар ба таърихи ҷашнгирии Наврӯз назар андозем, мебинем, ки он масири тӯлонӣ дорад. Ин ҷашни мардумӣ дар замони соҳиб­истиқлолӣ шукӯҳи дигар гирифт ва фарри каёниро ба хонаву дилҳоямон ба армуғон овард.

Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД,

узви ИЖТ, фарҳангшинос