Дар арафаи рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чанд нафар арбобони давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони соҳаҳои маданият, илму нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстию некҳамсоягӣ байни халқҳои бародари Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саҳми муносиб гузоштаанд, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, аз 29 августи соли 2018, бо мукофотҳои давлатии ҷумҳурии ҳамсоя мукофотонида шуданд.
Дар ин бора нашрияи Маҷлиси Олӣ (Олий Мажлис) ва Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон — рӯзномаи «Овози тоҷик» хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, бо ордени «Фидокорона хизматлари учун» («Барои хизматҳои фидокорона») Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ордени «Меҳнат шуҳрати» («Шуҳрати меҳнатӣ») Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Тошпулот Гулмуродов, мудири кафедраи ҷарроҳии дилу раги хунгарди Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ордени «Дӯстлик» («Дӯстӣ») Алӣ Муҳаммадиев, мудири шуъбаи Фонди мероси дастхатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихор Ширинҷонович Ҷӯраев, сардори Раёсати инспексияи назорати давлатии геодезия, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳои Кумитаи давлатии геодезия ва идоракунии замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳим Марупов, саркорманди Донишкадаи физика ва техникаи ба номи Султон Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳасан Бердиқулов, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва бо унвони фахрии «Ӯзбекистон Республикаси халқ артисти» («Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон») Адҳам Холиқов, роҳбари бадеии Муассисаи давлатии «Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» ва Давлатманд Холов, роҳбари бадеии дастаи давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
«Садои мардум»